Интиқоди Зуҳуров аз “хомӯшӣ”-и вакилон: 1,5 моҳ гузашт, фаъол бошед!
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 29 апрел аз хомӯшӣ ва камфаъолии вакилони тозаинтихоб дар ҷаласаҳо интиқод намуд.
Зуҳуров дар пайи он, ки вакилон 6 масъалаи ҷаласаро бе ягон суолу масъалагузорӣ қабул карданд, аз онҳо даъват намуд, ки фаъол бошанд: “Пешниҳод, дархост ва суолро ироа кунед. Ҳамин хел омада нишастан даркор нест. Аз интихобот ҳам 1,5 моҳ гузашт. Ба масъалаҳо ворид шавед. Фикру андешаҳоятонро, ки аз мулоқот бо интихобкунандагон бармеоянд, баён кунед”.
Ин дар ҳолест, ки дар ҷаласаҳои гузаштаи вакилони тозаинтихоб низ даъватҳои Зуҳуров барои пешниҳоди дархосту суолҳо бепосух мемонданд ва масъалаҳои ҷаласа бе масъалагузорӣ қабул мегардиданд.
Дар ҷаласаи 29 апрели Маҷлиси намояндагон вакилон лоиҳаҳои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Созишнома оид ба ҳифзи техникии иттилоот дар Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони Ҳамкории Шанхай, Дар хусуси Конвенсия оид ба пешгирии ҷинояти генотсид ва ҷазо барои он, лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон “Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бозхонд намудани Шоҳиён Шермуҳаммад аз вазифаи раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро ба тасвиб расонданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |