Фармони вазир: “Занги камолот” 6 июн, ҳамагӣ 45 дақиқа гузаронда шавад
Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон фармон додааст, ки занги камолот дар кишвар имсол 6 июн ва ҳамагӣ 45 дақиқа, аз соати 8:00 то 8:45 гузаронда шавад.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти вазорат Нуриддин Саид ба сардорони раёсатҳои вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таълимӣ дастур додааст, “занги камолот” танҳо бо иштироки хонандагони синфи 9 ва 11 гузаронда шавад: “Гузарондани ҳама гуна шабнишинӣ, зиёфатороию туҳфаситонӣ, ҷамъоварии маблағ, овехтан ва оро додани худ бо лента ва зангӯла, омадан бо мошинҳои шахсӣ, сайругашт ва ба тарабхона рафтани хонандагонро қатъиян манъ намоянд”.
Нуриддин Саид таъкид намудааст, дар сурати иҷро нашудани ин фармон нисбати масъулин чораҳои интизомӣ андешида хоҳанд шуд. Вазир ба масъулини маориф супориш додааст, ки бо мақсади пешгирӣ намудани ҳодисаҳои нохуш ва амалҳои номатлуб ҳангоми баргузории “занги камолот” ба Вазорати умури дохилӣ, раёсат ва шуъбаҳои он дар вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва Оҷонсии зидди коррупсия мактуб ирсол намоянд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |