Боз ҳашт табиби тоҷик аз Яман берун шудаанд
Сафорати Тоҷикистон дар Маскав мегӯяд, боз 8 шаҳрванди Тоҷикистони муқими Яман хоки ин кишвари арабиро тарк кардаанд.
Муҳаммади Эгамзод, сухангӯи сафорат ба “Озодагон” гуфт, ин табибон тавассути ҳавопаймои ҳарбии Русия ба Маскав оварда мешаванд: “Бинобар муроҷиати дигарбораи шаҳрвандони боқимондаи мо дар ин кишвари ноамн, сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов ба масъулини ситод дастур дод, ки роҳҳои ҳалли ин қазияро низ пайдо намуда, ба ҳамватанони ниёзманд кӯмак расонанд”.
Манбаъ мегӯяд, ахиран, Парвиз Содиқов, узви ситоди назди сафорат тавассути телефон аз масъулини сафорати Русия дар Яман ва сарнишини ҳавопаймои ҳарбии ин кишвар хоҳиш кард, то шаҳрвандони Тоҷикистонро аз маҳалҳои ноамн ба Маскав биёваранд: “Ҳоло хабар расид, ки ҳашт шаҳрванди Тоҷикистон тавассути ду тайёраи русӣ дар роҳ ба сӯи Маскав ҳастанд”.
Ҷаноби Эгамзод афзуд, масъулини Ситоди назди сафорат, ки аз ҳисоби дипломатҳо ва намояндагии Хадамоти муҳоҷират таркиб ёфтааст, дар фурудгоҳ ин ҳамватанонро истиқбол хоҳанд: “Дар пайи таҳияи ҳуҷҷатҳо онҳо ба Ватан гусел мешаванд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |