Бахшҳо

Убайдуллоев бо пешниҳоди Маҳкамов боз раис ва Қодирию Шодихон муовин шуданд

Қаҳҳор Маҳкамов, нахустин раисиҷумҳури Тоҷикистон ва куҳансолтарин узви Маҷлиси Миллӣ имрӯз, 17-уми апрел дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури феълӣ номзадии Маҳмадсаид Убайдуллоевро ба мақоми раисӣ дар палатаи болоии парлумони кишвар пешниҳод кард.

Тавре Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раисиҷумҳури Тоҷикистон ба “Озодагон” аз нахустин ҷаласаи Маҷлиси Миллӣ, даъвати панҷум, иттилоъ дод, аз 32 узви Маҷлиси Миллӣ дар ҷаласа ҳама номзадии Убайдуллоевро ҷонибдорӣ карда, дигарбора раиси палатаи болоии парлумон интихоб намуданд. Раиси палатаи болоии парлумон дар Тоҷикистон баъди раисиҷумҳур шахси дуюм ба ҳисоб меравад.

Инчунин ба вазифаи муовини якуми раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Абдураҳмон Қодирӣ ва ба вазифаи муовини раис намоянда аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Шодихон Ҷамшед интихоб карда шуд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҳоле раис интихоб шуд, ки қаблан, бо вуҷуди ба синни нафақа расиданаш тавонист ду курсияш-раиси шаҳри Душанбе ва раиси Маҷлиси вакилони шаҳриро ҳифз кунад. Маҳмадсаид Убайдуллоев як моҳи пеш дар нахусти ҷаласаи вакилони шаҳри Душанбе гуфт, мехост аз мақоми раиси шаҳр истеъфо бидиҳад, вале Президенти Тоҷикистон истеъфояшро напазируфт. Ба қавли манбаъ Убайдуллоев дар оғози маҷлиси вакилони тозаинтихоб изҳор дошт, “чунин эҳтимолият вуҷуд дошт, ки ман дигар кор накунам, чун ба синни нафақа расидаам. Аммо сарвари давлат изҳор доштанд, ки ҳоло вақти нафақа нест, шумо бояд кор кунед”.

Маҳмадсаид Убайдуллоев, якуми феврали соли равон, ба синни 63-солагӣ расид, ки дар қонунгузории Тоҷикистон ҳамчун синни нафақа барои мардон муқаррар шудааст. Ҳарчанд дар пасманзари 63-солагии Убайдуллоев овозаҳо дар мавриди эҳтимоли барканорияш зиёд гардиданд, ӯ тавонист, ки мақоми раисияшро дар шаҳрдории Душанбе ва Маҷлиси вакилони шаҳр ҳифз кунад.

Ин дар ҳолест, ки бо фармони раисиҷумҳур нисфирӯзи 17-уми апрел нахустин ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ даъвати панҷум баргузор хоҳад шуд.
Мӯҳр
Мухтарам Махмадсаид Убайдуллоевич арзандаен ва беназари Худо нестед. Мухтарам Чаноби Оли Эмомали Рахмон ба Шумо боварии сахт дорад ки Шуморо ичоза барои ба нафака баромадан надоданд. Дар оянда барои Шумо тани сихат хотири чамь ва дили бегам орзумандам. Бори дигар табрик Махмадсаид Убайдуллоевичи гиромикадр!

хушнуд
табрик арзандаед раис

Алишер
Муборак бошад раис Худо сад соли дигар сихату саломат ва рохбар бошед

Истиклол
Мухтарам Махмадсаид Убайдуллоевич,
Шуморо барои аз нав интихоб гардидан ба ин мансаби олии интихоби-Раиси Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон аз номи вакилони Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, ки аз чониби интихобкунандагони пойтахт интихоб гардидаанд, самимона табрик ва муборакбод намуда, ба Шумо пеш аз хама саломатии бардавом, хаёти хушу гуворои оилави ва комёбихои нави мехнатию конунэчоднамоиро таманно менамоем. Хамзамон, Рузи пойтахтро низ ба Шумо ва кулли сокинони пойтахт табрик менамоем.

Мухтарам Раис ! Муборак бошад.Ин боварию эътимод нисбат ба Шумо, самараи захматхои шабонарузиатон барои ободию гул-гулшукуфии пойтахти
азизамон мебошад.Боз хам ба хал наздиктар шавед. Гавхар дар зери дарё хам чилвагар аст.Худо Шуморо нигохбон бошад

Дуруд ва табрик ба Шумо мухтарам Мухаммадсаид Убайдуллоевич!
Шумо бояд миёнатон аз 10- чояш баста барои шукуфоию сулху субботи кишвари азизамон хидмат намоед.ВАзифхох зиёд аст ,вале корманду садокатманд кам аст.Шумо барин чехраи озодгу ва корманд кам андар кам аст.
Сихату офият бошед.

Махмадсаид Убайдуллоев ман аз самими дил Шуморо табрик мегуям минадории беандозаи худамро ба чаноби оли ва Шумо байон мекунам ки бахри ватанамон хизматхои беназире кардаед. Худованди мехрубон хали моро дуст медорад ки чунин фарзандони адолатпарастро ба мо додааст. Бори дигар муборак шавад раиси мехнатдуст.

Каххор Махкамов шахси бохирад мебошанд ва дониста Убайдуллоевро боз ба раиси пешниход карданд.Ба хамаашон барори кор.

arrow
Муборак бошад )))

зафар
М.Убайдуллоев арзанда мебошад. муборак бошад раис. Худованди бузург нигахбонат бошад.

ТАССАВУР КУНЕН , АГАР КАХХОР МАХКАМУФ ПИРИ МЕКАРУ НОХОСТ ХАТО КАРДА ПЕШНИХОД МЕКАР ,КИ АБДУРАХМОН Ё ШОДИХОН Р А И С И палатаи болоии парлумони кишвар интихоб карда шавад чи гапу ходиса дар ЧАЛАСА рух медод -а? КИ ЧИ ФИКР дорад ????
Озодагон!! нарезондаву начаконда чопуш кунен!

Абдусамад
Бе пир марав ту дар амонй
Гар чанд ,ки Сикандари замонй

Беном
Хакикатан коргаред чаноби раис! Муборак бошад!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)