Бахшҳо
16 апр 2015 17:36Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Сафири Амрико: Зӯри Душанбе ба хатарҳои хориҷӣ мерасад

Сюзан Эллиотт, сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар шаҳри Душанбе бо баргузории як нишаст дар бораи хатару таҳдидҳои берунӣ ба амнияти Тоҷикистон ба суолҳои хабарнигорон посух гуфт.

Дар ҳоле мақомоти баландпояи рус аз хатару таҳдидҳои ҷиддӣ ба амнияти Тоҷикистон пай дар пай ҳушдор медиҳанд, хонум Эллиотт рӯзи 16 апрел дар посух ба суоли “Озодагон” гуфт, Тоҷикистон барои мубориза бо ҳама гуна гуруҳҳои террористию таҳдидҳои хориҷӣ омода аст.

Ба гуфтаи ӯ, Вашингтон низ дар ин бора худро бетараф нахоҳад гирифт ва ба хотири омӯзиш ва омода кардани артиши тоҷик барои муқобала бо таҳдидҳои берунӣ дар канори Душанбе хоҳад буд.

Сафири ИМА дар мавриди таҳдиду хатарҳое, ки аз сӯи мансабдорони рус ҳушдор дода мешавад, афзуд, “ба амнияти Тоҷикистон хатари умумие аз сӯи ҷангҷӯёни гуруҳи Толибон ё худ ал-Қоида эҳсос мешавад, вале то куҷо ҳақиқат доштани ҳарфҳои намояндагони Кремлро аз худи онҳо бояд пурсид”.

Ин дар ҳолест, ки муовини вазири дифои Русия -- Анатолий Антонов ахиран дар як нишасти хабарӣ гуфт, “Давлати исломӣ” аз ҳама беш ба Тоҷикистон таҳдид мекунад. Инчунин масъулини баландпояи Русия ва Тоҷикистон аз таҷаммӯи ҳазорҳо ҷангӣ дар наздикиҳои сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ҳушдор дода буданд, ки ба гуфтаи низомиёни Афғонистон чандон асос надорад.
Мӯҳр
Натанхо Душанбе, балки зури тамоми минтакахои каламрави Точикистон мерасад...

Мо Точикистониëн тухфа нестем ки гурухе ба сулх суботи оромии кишвари моро халалдор кунад. Зинда бод ФОРС....

Агар ВАШИНГТОН дар канори Душанбеву Русия дар дохили Точикистон набошанд (ТОЧИКИСТОНРО БА АФГОНИСТОНИ-2 бо сиёсаташ табдил надиханд) ХАЛКИ ТОЧИК бахри мубориза бо душманаш тайёр хаст : ... Хама тан.. ба тан сар ба душман дихем !
Аз он бех, ки кишвар ба душман дихем !!!!!

кудоби
Салом милат. ин кофирои амрико дар Ирок аз осмон ба Дииш парашуткати аслиха ва озука мепартоя, ба арабистон ба Оли Сауди яхуди аслиха мефруша ва фармон мета ки Ямана ки мусулмонан бо бамбардировчик ва самалиётхои пешрафта хамла кун кудаку зану пиронсолонро букуш, ва дигар ихтилофоте ки дар кишвархои мусулмон эчод мекунаду оли бо мехохад Точикистонро кумак кунад???! Мешидаст як яхуд ва як американси кофир ба точики мусулмон кумак кунад дилаш бисузад нея инхо кофиран хамин далел басай ки бо мо душманай дуст нестан.
Адкоида фарзанди зинозодаи хамино аст, инхо ташкил кардагияншон.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)