Бахшҳо

Сохтакорӣ: Дузд худи соҳибхонаи хуншору даступобаста будааст...

Мақомоти пулиси шаҳри Душанбе як ҳолати дуздии ҷавоҳиротро дар кӯчаи Крупскии шаҳри Душанбе ошкор кардаанд, ки онро худи соҳибхона тариқи сохтакорӣ содир намудааст.

Тавре аз Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе ба “Озодагон” иттилоъ доданд, дар пайи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян шуд, ки Исломов Дилшод, соли таваллудаш 1992, истиқоматкунандаи кучаи Крупскии шаҳри Душанбе 8-уми марти соли 2015 ороишоти тиллоии модару хоҳарашро дуздида, ба ломбард супорида, маблағ ба даст овардааст: “Ӯ ба хотири ошкор нагардидани ҷинояти содирнамудааш тамоми ҷавоҳироти боқимондаи хонаи худ ва хонаи амакашро дуздида, пинҳон месозад. Баъдан ҷиҳози хонаро ҳар ҷо парешон партофта, дасту пойи хешро баста, пешониашро бо алмос бурида хуншор месозад. Сипас аҳли хонаводаро фарёд мезанад, ки гӯиё нафари номаълум бо ниқоб ба хонаашон даромада, ӯро мавриди лату кӯб қарор дода, дасту пояшро бастааст ва ашёи қиматбаҳои хонаро ба яғмо бурдааст”.

Манбаъ мегӯяд, дар пайи тафтишот маъмурини пулиси ноҳияи Фирдавсӣ гумонбари асосиро пайдо намуданд ва ҷавоҳироти дуздидашударо аз ӯ мусодира карданд: “Айни замон нисбати номбурда, парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”.
Мӯҳр
wink я кисм одамора чихе ами фикро да саршон мебиян ма хайронум.

Нигина
Ахмак фикр дорад, гирду атрофи у хамма ахмак

Шерлок Хомс
Телесериалхои хоричиро бисер тамошо мекардаст, ки ба ин гуна дуздии сохтакори даст задаст.

О ин Исломов Дилшод худаашро монанди актиёри асил ...Аловидинчон хостаст дар ду рол бози кунад ... аммо ..актиёри кори хазл нест бародар.....

душанбинец
Тафтишот албатта муайян мекунад, аммо моддаи 244 дуздиро нисбати ин ба назарам татбиқ намудан хатост. Чунки дуздӣ - ин тасарруфи пинҳонии амволи бегона аст (тайное хищение чужого имущества), моли одамони худиро тасарруф намудан албатта бад аст, вале дуздӣ гуфтан намешавад.

Душанбеги
Хатто тасаввур кардан мумкин нест, ки инсон чунин рафтор карда метавонад. Хамин падидаи охирзамон будагист? Аз ин пас чомеаамонро чаханнам интизор аст? Чи чахолат! Мумкин ин писар бемори рухи бошад?

партов
бисер кинохои боевика тамошо кардай ин бача...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)