Шарҳи Кумитаи дин оид ба маҳрумшавии то 35-солаҳо аз ҳаққи ҳаҷ
Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия далели маҳрумшавии шаҳрвандони то 35-солаи кишвар аз иштирок дар маросими “Ҳаҷ-2015”-ро шарҳ додааст.
Ин ниҳод мегӯяд, иқдоми мазкур ба хотири додани имконият ва имтиёз барои қишри куҳансоли Тоҷикистон барои адои ҳаҷ гирифта шудааст.
Дар иттилоияи кумита омадааст, “Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон иқдом кардааст, то ба хотири додани имконият ва имтиёз барои қишри куҳансоли мамлакат ҷиҳати адои маросими ҳаҷ авлавият ба нафароне дода шавад, ки аллакай синнашон аз 35 гузаштааст”.
Ба гуфтаи масъулини Кумитаи дин, мақомоти Арабистони Саудӣ бо далели идома доштани корҳои сохтмонӣ дар атрофи Хонаи Худо теъдоди зоирини кишварҳои мусулмоннишинро коҳиш додааст: “Ин тасмим танҳо ба хотири эҳтироми бузургсолон гирифта шудааст, ки синнашон алакай ба ҷое расидаасту тавон ва орзуи адои зиёрати хонаи Худоро доранд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |