Олимпиада дар Марказӣ тестӣ: Таҷрибаи наву сабки куҳна?
Имсол олимпиадаи ҷумҳуриявии хонандагонро на Вазорати маориф ва илм, балки Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаронад. Ба иттилои Эҳсон Хушвахтов, котиби матбуотии Вазорати маориф ва илм дар ин бора фармоиши вазир ҳам содир шудааст.
Умед Сафаров, муовини раиси Маркази ҷумҳуриявии кор бо мактаббачагони шоиста дар назди Вазорати маориф ва илм ба “Озодагон” гуфт, ки имсол баргузории олимпиадаи ҷумҳуриявии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз фанҳои равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ рӯзҳои 4-ум ва 5-уми апрели соли 2015 ва аз фанҳои равияи табиӣ-риёзӣ рӯзҳои 11-ум ва 12-уми апрели соли 2015 ба нақша гирифта шудааст.
Ба гуфтаи Умед Сафаров имсол 200 нафар дар озмуни ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва 180 нафар дар озмуни фанҳои равияи табиӣ-риёзӣ иштирок мекунанд: “Танҳо хонандаҳи синфҳои 11 иштирок мекунанд ва имсол ин озмун дар бинои гимназия-парваришгоҳи ба номи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Рӯдакӣ баргузор хоҳад шуд, ки тибқи фармоиши вазири маориф ва илм шуъбаи маорифи ноҳияи Рӯдакӣ дар баробари Маркази милии тестӣ дар баргузории он саҳм мегирад”.
Ба уҳдаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шудани баргузории олимпиадаи ҷумҳуриявии хонандагон чанд сару садоро ба вуҷуд овардааст. Баъзе аз хонандагон ва волидайни онҳо мегӯянд, ки дар солҳои пеш, вақте хонанда сазовори ҷойи аввал ва ё 2-юму 3-юм мегардид, онҳо вобаста ба фанне, ки сазовори мақоми ифтихорӣ гаштаанд замони вуруд ба макотиби олӣ дар ихтисоси муртабит аз имтиҳоноти вурудӣ озод мешуданд.
Имсол, Маркази миллии тестӣ мегӯяд, ки тамоми довталабон бояд дар имтиҳоноти ин Марказ ширкат кунанд ва танҳо баъди соҳиб шудан ба холи гузариш имтиёзе, ки ба онҳо вобаста ба ғолибият дар олимпиадаҳо дода шудааст, изофа мешавад.
Ситорабону Назарова, сухангӯйи Маркази миллии тестӣ, мегӯяд, ки ин қоида ба ғолибони озмунҳои байналмилалӣ ҳам дахл дорад: “Олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявию байналмилалие, ки довталабон дар онҳо ғолиб шудаанд ва ё дастовард доранд, бояд дар соли имтиҳонӣ баргузор шуда бошад. Яъне дастовардҳои довталабон танҳо дар сурате ба инобат гирифта мешаванд, ки онҳоро дар давоми соли таҳсиле, ки имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавиро месупоранд, соҳиб шуда бошанд. Агар довталаб ҳамзамон ба якчанд гурӯҳи имтиёздор дохил шавад, яъне барои гирифтани чанд имтиёз ҳақ дошта бошад, ба ӯ балли имтиёзии баландтарини муқарраршуда дода мешавад”.
Ба гуфтаи Ситорабону Назарова агар довталаб дар имтиҳоноти Маркази тестӣ холҳои гузаришро соҳиб шавад, баъдан бонус ё имтиёзи иловагие, ки ӯ аз ҳисоби ғолиб шудан дар олимпиадаҳо ба даст овардааст ба балли имтиҳоноташ зам мешавад: “Ғолибони олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки аз фанни асосии имтиҳонии ихтисос(ҳо)-и интихобкарда соҳиби медали ҷойи якум ва тавсияномаи Вазорати маориф ва илм гардидаанд 100 бал мегиранд. Ва ғолибони ҷойҳои 2 ва 3 низ мутаносибан соҳиби 75 ва 50 бал мегарданд.
Ба иттилои Маркази миллии тестӣ чунин бал ба ғолибони олимпиадаҳои байналмилалии фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (ба истиснои озмунҳои фосилавӣ), ки аз фанни асосии имтиҳонии ихтисос(ҳо)-и интихобкарда соҳиби ҷойҳои 1,2 ва 3 шудаанд, дода мешавад.
Сухангӯйи Маркази миллии тестӣ ҳамчунин мегӯяд, ки дар имтиҳоноти марказонидашудаи дохилшавӣ барои гурӯҳҳои муайяни довталабон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёзҳо муқаррар гардидаанд: “Имтиёз ба довталабон пас аз пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда дар ҳолати гирифтани холҳои гузариш аз ҳамаи субтестҳои дахлдор, ки онҳоро ҳар сол Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, дода мешавад”.
Чунин гуруҳи имтиёздорон ба иттилои Назарова маъюбони гуруҳи 1 ва 2 (агар хулосаи комиссияи тиббӣ таҳсили онҳоро раво дониста бошад), ятимони кулли то синни 21-сола ва дастовардҳо дар соҳаи санъату варзиш вобаста ба ихтисосҳои ҳамгун мебошад. Манбаъ таъкид кард, ки ин дастовардҳо агар дар сатҳи байналмиллалӣ марбут ба соҳаи санъат бошанд, аз замони соҳиб шудан набояд бештар аз ду сол гузашта бошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |