Маркази обуҳавошиносӣ аз боришоти шадид хабар медиҳад
Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон то 3 рӯзи оянда дар кишвар боришоти сахтро пешгӯӣ кардааст.
Тибқи иттилои ин марказ, имрӯз, 27 март ҳаво дар саросари манотиқи Тоҷикистон абролуд буда, бегоҳӣ борони сахт ва фаромадани туман пешбинӣ шудааст. Манбаъ мегӯяд, ҳарорати ҳаво санаи 27 март, рӯзона 13 дараҷа ва шабона 5-7 дараҷа гарм мешавад.
Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, шабонарӯзи 28 ва 29 март ҳаво абролуд шуда, боришоти шаддид дар назар аст: “Ҳаво шабона 5-7 дараҷа ва рӯзона 9-11 дараҷа гарм мешавад”.
Ба иттилои ин ниҳод, 28 март ҳарорати ҳаво рӯзона дар вилояти Хатлон 12-14 дараҷа, вилояти Суғд 11-13, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 12-14 дараҷа, ғарби ВМКБ 9-11, шарқи вилояти Бадахшон 3-5 ва шаҳри Душанбе 10-11 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |