9 соли зиндони Муаттара Ҷӯраева ва норозигии модараш
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, имрӯз, 17 март Муаттара Ҷӯраева, собиқ наттоқи телевизиони Тоҷикистонро ба иттиҳоми қаллобӣ ба 9 соли зиндон маҳкум кард.
Додраси парванда зимни эълони ҳукм гуфт, бо татбиқи қонуни афв аз се як ҳиссаи ин муҳлат кам мешавад. Ҳамин тариқ бо назардошти шаш моҳи ҳабси пешакӣ Муаттара Ҷӯраева 5,5 солро дар зиндон паси сар хоҳад кард. Додраси парванда инчунин илова намуд, баъди адои ҷазо Ҷӯраева давоми се сол аз ҳаққи машғул шудан ба соҳибкорӣ маҳрум хоҳад шуд.
Муаттара Ҷӯраева ҳангоми ироаи сухани ниҳоияш дар додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ имрӯз, 17 март изҳор дошт, ки қаллоб нест ва ҳеч гоҳ чунин ният ҳам надошт. Олия Ҷӯраева, модари Муаттара Ҷӯраева дар шарҳи ин ҳукми додгоҳ ба "Озодагон" гуфт, "агар аз қабл ӯро боздошт намекарданд, то ҳозир ин маблағҳоро кор карда, бозпас медод".
Худи Муаттара Ҷӯраева низ дар сухани ниҳоияш изҳор доштааст, ки қаллобӣ накарда, маблағҳоро ҳамчун қарз гирифтаасту қарздиҳандаҳо онро ихтиёрӣ додаанд: "Агар каме сабр мекарданд, ман он қарзҳоро бармегардондам. Ҳеч гоҳ нияти қаллобӣ надоштам”. Ӯ таъкид намудааст, ки дар сурати озодияш қарзҳоро бозпас хоҳад дод.
Айбдоркунандаи давлатӣ рӯзи 12 март дар додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои Муаттара Ҷӯраева, собиқ наттоқи телевизиони Тоҷикистон 10 соли зиндон талаб карда, афзуд, бо татбиқи қонуни афв аз се як ҳиссаи ин муҳлат кам карда шавад.
Аз ин пештар Оҷонсии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон эълон карда буд, ки Муаттара Ҷӯраева, наттоқи собиқи телевизиони Тоҷикистон, ки 13 октябри соли гузашта ба иттиҳоми “қаллобӣ” боздошт гардид, иқрор кардааст, ки аз чанд нафар маблағ гирифта, то ҳол барнагардондааст.
Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, дар маҷмӯъ маблағи гирифтаи Муаттара Ҷӯраева беш аз 150 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад ва дар сурати баргардонидани ин маблағ тибқи қонуни нав афв озод хоҳад шуд.
Ин ниҳод бо пахши иттилоияи расмӣ гуфт, Муаттара Ҷӯраева аз моҳи майи соли 2013 бо баҳонаи таъмири тарабхонаи ба иҷора гирифтаи худ бо номи “Санавбар” дар Душанбе аз афроди гуногун қарз гирифта барнагардондааст. "Аз ҷумла ба гарави ҳуҷҷатҳои хонаи зисти шаҳрванд Муллоев Н.А. 24300 доллар гирифта, дар таъмири тарабхона ва дигар манфиатҳои шахсии худ харҷ намудааст ва то ҳол на қарзу на ҳуҷҷатҳои хонаро барнагардонидааст". Ин ниҳод мегӯяд, Ҷӯраева инчунин қарзҳои дигар ва ҳаққи сохтмончиёне, ки дар тарабхонаи ба иҷорагирифтааш кор мекардаанд, надодааст. Баробари ин маблағи қолинҳои аз бозори Султони Кабир гирифтааш, ки ҳудуди 3370 доллари амрикоиро ташкил медиҳад, барнагардондааст.
Оҷонсии мубориза бо фасод гуфта буд, ки дар сурати пардохти ин ҳама маблағҳо собиқ ситораи телевизион озод хоҳад шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |