(АКС) "Рейд" дар мағозаи Малика Саидова: Ин як сиёҳкунӣ аст...
Малика Саидова, овозхони маъруфи тоҷик, ки баъди зиёрати Хонаи Худо тарки саҳна карда, дар маркази савдои “Саодат” ба фурӯши либосворӣ машғул шуд, аз сиёҳкунии номаш тариқи Шабакаи аввали телевизион нигаронӣ кард.
Саидова имрӯз, 12 март дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, аз нашри гузориши Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон, дар бораи фоҳишаҳои сатрпӯш огоҳ аст, ки бархе аз "қаҳрамонҳо" изҳор доштаанд, ки сатру либосҳояшонро аз мағозаи Малика Саидова мехаранд: “Ин як сиёҳкунӣ аст. Ман он хел либос умуман надоштам. Баъдан дар пешонии мизоҷон навишта нашудааст, ки ин фоҳиша аст ё на”.
Суҳбати “Озодагон” бо Саидова дар ҳоле сурат гирифт, ки мағозаҳои маркази савдои “Саодат” мавриди санҷиш ё ба истиллоҳ “рейд” қарор доштанд. “Баъди ин гузориши телевизионӣ мағозаи маро низ санҷиданд, аммо ягон камбудие наёфтанд”- изҳор дошт Малика Саидова. Хабарнигори “Озодагон” мегӯяд, дар мағозаи Малика Саидова бештар либосҳои миллии занона ба фурӯш гузошта шудаанд.
Нигина, як тоҷири маркази савдои “Саодат” дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, онҳо на либосҳои исломӣ, балки бештари молашон аврупоӣ буда, зимни “рейд”-е, ки дар мағозааш гузашт, нозирон ҳеч либоси исломӣ пайдо накардаанд. Номбурда мегӯяд, онҳо тибқи қонунгузории кишвар моли худро ба фурӯш гузоштаанд ва касеро ба роҳи бад ҳидоят намекунанд: “Шунидам, ки касе аз ҳамон либоси сиёҳпӯшҳо, гуфтааст, ки аз мағозаи Малика Саидова мол харидаанд, лекин ҳар як инсон худ бояд ақлу фаросат дошта бошад, мо касеро ба роҳи бад ҳидоят накардаем. Малика ҳеҷ вақт намегуфт, ки аз мағозаи ман хареду баромда танфурӯшӣ кунед”.
Қаблан Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо нашри гузориши телевизионие аз фоҳишагии чанд зани ҷавони сатрпӯш хабар дод.
Дар ин гузориш, ки тавассути Шабакаи аввали телевизиони кишвар пахш шуд, ин бонувон мегуфтанд, бо доштани ҳиҷоб имкони ба даст овардани пули бештар мавҷуд аст ва мизоҷон ҳам бо онҳо муносибати дигаргуна мекунанд. Яке аз ин занҳо, ки зоҳиран дар яке аз шӯъбаҳои ВУД қарор дошт, гуфт, ки ҳиҷобро аз Маркази савдои “Саодат”, аз мағозаи Малика Саидова мехаранд: “Мо ҳамин сатрҳое, ки вай мекунем аз Маркази савдои “Саодат”, ай магазини Малика Саидова харид мекунем, ба ғайр аз ин магазаин аз дигар бозорҳо рафта мехарем”.
Дар ин гузориш раҳбари Маркази савдои “Саодат” ҳам ҳузур пайдо карда, ба зиёд шудани либоси ҳиҷоб ё сатр дар Тоҷикистон тайи чанд солҳои ахир ишора намуда афзуд, бештари вақт рафтори онҳое, ки чунин либос ба бар мекунанд, хоси занҳои боиффат нест. Ин хонум дар идома гуфт, “духтарони мо бояд либосҳои миллӣ, атлас пӯшанд ва сатр аз байн гирифта шавад”.Аксҳо аз мағозаи Малика Саидова ва нуқтаҳои дигари савдои "Саодат"Акси аввал аз Интернет
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |