Интиқоди САҲА ва истиқболи ИДМ аз интихоботи парлумонӣ
Нозирони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо мегӯянд, интихоботи парлумонии рӯзи якуми марти Тоҷикистонро наметавонанд шаффоф ва озод бигӯянд.
Миклош Ҳарасти, раиси Миссияи нозирони интихоботи Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо баъд аз зуҳри 2 март дар як нишасти хабарӣ муҳимтарин нуктаи интихоботро дар фазои амну субот баргузор шудани он қаламдод кард, аммо гуфт, наметавонанд, онро шаффоф бигӯянд.
Ӯ аз чанд ҳолати қонуншиканӣ, назири ба ҷои чанд нафар овоз додани як тан ва такроран, то даҳ маротиба раъй додани як нафар ишора кард ва гуфт, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ натавониста, барои аъзои комисия дастур бидиҳад, то ҳувияти интихобкунандаҳо мушаххас гардад. Ба қавли ҷаноби Ҳарастӣ, онҳо наметавонанд бигӯянд, ки интихоботи гузашта аз ҳукумат вобаста набуд, “зеро дар ҳайати комиссия кормандони ҳукуматӣ ворид шуда буданд, хусусан дар шумориши оро”.
Ба назари нозирони САҲА аз 50 то 70 дарсади оро дар шароити бисёр бад ҳисоб шудааст, ки нишондиҳанда бисёр нигаронкунанда мебошад.
Миклош Ҳарасти мегӯяд, адами мавҷудияти баҳсҳо дар ВАО ба мунсифона баргузор шудани интихобот таъсири манфӣ расонд. Вай инчунин гуфт, дар баъзе расонаҳо маводи нашр шуд, ки ҳизбҳои дигари сиёсӣ таҳвин мешуданд: “Аз ҷумла аз ҲНИТ ба унвони саркардаи ҷанг ва зидди амнияту суботи Тоҷикистон ном бурда мешуд”. Ӯ афзуд, набудани дебатҳо, дар шароити бад ҳисоб шудани оро ва дигар қонуншиканиҳо дар ҷараёни интихобот бовари онҳоро ба як интихоботи мунсифонаву шаффофу демократӣ аз байн бурд.
Аз ин пештар ҳайати нозирони Иттиҳоди давлатҳои мустақил, ки аз нуҳ кишвари узви СНГ ҷараёни овоздиҳии парлумонии кишварро назорат кардаанд, бо баргузории як нишасти хабарӣ, интихоотро мутобиқ ба меъёрҳои миллии Тоҷикистон ва арзишҳои демократии умумиқабулшуда ёрзёбӣ карданд.
Онҳо гуфтанд, аз 1220 қитъаи раъйдиҳӣ дидан намуда ва танҳо баъзе қонуншиканиҳои ҷузъӣ, ба монанди талоши ба ҷои чанд нафар овоз додани як кас ва ду нафар ворид шудан ба кабинаи овоздиҳиро сабт кардаанд. Дар маҷмӯъ ба гуфтаи ин нозирон интихобот дар фазои хуби ташкилӣ, озод ва демократӣ баргузор шуд. Ин нозирон мегӯянд, вақте бо нозирони аҳзоби сиёсии Тоҷикистон суҳбат доштанд, бештар таъкид кардаанд, ки барояшон ҳифзи суботу амният дар кишвар муҳим аст.
Нозирони ИДМ гуфтанд, натиҷаи муқаддамотии интихоботро, ки КМИР эълон кард, шарҳ намедиҳанд: “Мо изҳороти расмии худро баъди эълони натиҷаҳои расмӣ аз суи КМИР нашр мекунем”.
Ҳайати нозирони Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ низ дар нишасти хабарӣ изҳор доштанд, интихоботи парлумонии Тоҷикистон мутобиқи арзишҳои демократӣ баргузор шуд ва баъзе қонуншиканиҳои ҷузъие, ки буд, наметавонад ба натиҷаи он таъсир бирасонад.
Қарор аст, соати 14:00 ҳайати нозирони САҲА дар нишасти хабарие дар мавриди интихоботи рӯзи гузашта изҳори назар кунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |