Пирӯзии “вакили ҷавонтарин”, собиқ ноиби А. Ғоиб ва генерал Тағоймуродов
Номзадҳои Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон дар ҳавзаҳои якмандатии бисёре аз шаҳру навоҳии вилояти Хатлон, аз ҷумла шаҳри Қӯрғонтеппа ва ноҳияҳои Вахшу Бохтар пирӯз шудаанд.
Тибқи иттилои рӯзномаи "Хатлон" генерал Анвар Тағоймуродов, собиқ сардори Раёсати умури дохилии вилояти Хатлон дар ҳавзаи Қӯрғонтеппа-26 бо 77 дарсади овозҳо, Бахтовар Сафаров, ноиби ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ҳавзаи Вахш-32 бо 90 дарсад ва Тоҳир Ҷобирзода, муовини барканоршудаи Абдуфаттоҳи Ғоиб, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон бо касби 85 дарсади раъйи интихобкунандагон дар ҳавзаи Бохтар пирӯз эълон шудаанд.
Генерал Тағоймуродов дар интихоботи парлумонии 1 марти соли равон барои курсӣ дар парлумон бо Саидҷаъфар Туйдиев, номзади Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Ҷонона Холбобоева, номзади пешбарринамудаи Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар ҳавзаи Қурғонтеппа рақобат дошт. Бахтовар Сафаров, ки гуфта мешавад, дар парлумони ояндаи Тоҷикистон курсиеро дар ихтиёр дорад, 32-сол дошта, номзади илми ҳуқуқ ва устоди факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад, ки дар назар аст ҷавонтарин вакили парлумони Тоҷикистон хоҳад буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |