Бахшҳо

Минатдории Эмомалӣ Раҳмон аз вакилони парлумони Тоҷикистон

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олӣ дар охирин ҷаласаи даъвати чоруми парлумон фаъолияти панҷсолаи палатаи поёниро касбӣ хонда, ба он баҳои баланд дод.

Ба қавли ӯ, дар ин панҷ сол вакилон бештар ба боварии интихобкунандаҳо сазовор шудаанд. Ҷаноби Зуҳуров ба дарёфти беш аз 4 ҳазор дархости хаттӣ ва 31 ҳазор дархости шифоҳии мардум ба Маҷлиси намояндагон ишора карда, гуфт, ҳамаи он аз сӯи вакилон баррасӣ ва аксарият ҳалли худро ёфтанд. Дар ҷаласаи рӯзи 27 феврал раиси палатаи поёнии парлумон аз ҳамкории хуб миёни идораҳои давлатӣ изҳори қаноатмандӣ кард. Вай гуфт, зимни қабули лоиҳаи қонунҳо назари созмонҳои ғайридавлатӣ ва байналмилалӣ ба назар гирифта шуданд.

Шукурҷон Зуҳуров афзуд, қонунҳое, ки дар ин панҷ сол қабул шуданд, ба рушди иқтисодиёт ва беҳтар шудани фазои сармоягузорӣ нигаронида шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, ҷаласаву муҳокимаҳои мунтаззам дар парлумон сабаб шуданд, то раҳбарияти идораҳо масъулият ҳис намуда, маблағҳои буҷавиро мақсаднок истифода баранд. Ҷаноби Зуҳуров дар идома изҳори минатдории Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишварро ба вакилони даъвати чорум расонида, аз ВАО-и давлативу ғайриҳукуматӣ барои пахши гузоришҳои беғараз изҳори сипос намуд.

Дар поёни суханронии худ ӯ аз вакилоне, ки дар даъвати панҷум вориди парлумон мешаванд, даъват намуд, бештар бо мардум наздик шаванд ва ҳангоми таҳияи қонунҳо онро ба санадҳои байналмилалӣ мутобиқ созанд.
Мӯҳр
вакил
Парлумонеро,ки раиси хукумат таъйин мекунад на мардум, парумон гуфтан хам айб аст. Парлумони оянда хам хеч фарке аз парлумони гузашта намекунад бо ин фарк ки бадтар мешавад, чунки интихобот нашуду интисобот шуд.

brat
Ba vakil: in kadar mardumi noshukred. 1 bor ba joi tangnazari navis ki rahmat ba parlumoni kasbi. Boz HNIT vakilora monda kapidast gapa ki raisoni shahru nohiaho ham intixobi shavand. Zinda bosh vakili tangnazar.

Обод бошед Рохбарони Давлат барори кор ба хамаи шумо.

Асосаш дар ватанамон сулху субот, ороми хукумфармо буд,ки яке аз нишонахои хамдигарфахмии мардуми кишвар бо Парлумон ба хисоб меравад. Ё мехохем чун Афгонистони хамсоя як умр халкамон зери бори таънаю маломати дигар кишвархою миллатхо бошанд ? Дуруст аст,ки Парлумони касбии мо бехбудиро мехохад. Агар нангу номуси милли дошта бошанд, дар гами бехбудии мардуму диёр захмат кунанд иншооллох яке аз Парлумонхои пешрафтаи дунё мегардад. Факат, ки аз мардум дури начуянд Барору комёби ба Парлумони нав !

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)