Пешгӯии обуҳавошиносон ва эълони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар даъват намудааст, то 26 феврал аз сафар тариқи шоҳроҳҳо ва минтақаҳои куҳӣ худдорӣ намоянд.
Ориф Нозимов, сухангӯи ин ниҳод, имрӯз, 24 феврал ба “Озодагон” иттилоъ дод, ки тибқи пешгӯиии Муассисаи давлатии обуҳавошиносӣ то 26-уми феврали соли равон дар ҳудуди Тоҷикистон ҳавои ноустувор боқӣ мемонад: “Бино бар ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда тамоми шаҳрвандон ва меҳмононро огоҳ мекунад, ки дар ин рӯзҳо аз сафарҳо худдорӣ кунанд, зеро дар пайи боридани барфи зиёд ҳаракат дар бархе аз шоҳроҳҳо душвор ва дар баъзеяш баста шудааст. Агар бисёр зарур бошад, ҳатман маводи ниёзи аввалро бо худ ҳамроҳ бигиранд”.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Нозимов дар роҳи Душанбе-Хуҷанд дар километри 156, 158, ағбаи Шаҳристон ва Душанбе-Хоруғ дар километрҳои 471, 472-и мавзеи дашти Язгуломи ноҳияи Ванҷ, дар мавзеъҳои Санободу Пастхуфи ноҳияи Рушон низ фаромадани тарма ба қайд гирифта шудааст: “Чунин ҳолат дар роҳи Хоруғ-Мурғоб, дар километри 634, 635 ва роҳи Хоруғ-Ишкошим дар километри 5,6, 8 низ ҷой дорад”.
Ҳушдор дар ҳоле садо медиҳад, ки тайи ду рӯзи гузашта дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд ду ҳолати маргбори фаромадани тарма ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷаи онҳо 5 нафар ҷон додаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |