Тарма “Газел”-ро сарозер кардааст: Касе наҷот наёфт
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯяд, бар асари фаромадани тарма дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд як мошини тамғаи “Газел” ба чуқуқрии 50-метрӣ сарозер шудааст.
Ба иттилои ин ниҳод ҳодисаи маргбор 23-юми феврал соати 11:45 дақиқа дар километри 158-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ рух додааст, вале наҷотдиҳандагон аз ин қазия тақрибан соати 12:28 дақиқа огоҳӣ ёфтаанд: “Дар рафти роҳтозакунӣ маълум шудааст, ки “Газел” зери тарма монда, ба чуқуқрии 50-метрӣ сарозер шудааст. Дар натиҷа ронанда Ҳоҷӣ Ҳайдарҷон Шокирови 33 сола дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, падараш Усмон Шокирови 56 сола, ки ҳамроҳи ӯ будааст, дар беморхона ба ҳалокат расидааст”.
Ин дуюмин ҳодиса маргбор дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд мебошад, ки тайи барфрезии рӯзҳои ахир ба қайд гирифта шудааст.
Қаблан аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ки 22 феврал, дар километри 156-уми шоҳроҳи мазкур, тарма мошини боркаши “Дулан”-ро ба чуқурии 800 метр сарозер намудааст: “Дар натиҷа се сокини Хуҷанд - ронанда Солеҳхуҷаеви 57-сола ва бародарон Нуралиевҳо - Иноми 40-сола ва Илҳоми 38-сола ба ҳалокат расидаанд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |