Бахшҳо
23 фев 2015 11:08Тоҷикистон / Сиёсат / Акс

Аксияи ҲХДТ дар “Пойтахт”: Ихтиёрӣ ё маҷбурӣ? (АКС)

Рузи якшанбеи 22 феврал бо як супориш аксар донишҷӯёни макотиби олии пойтахт, хонандаҳои мактабҳои миёна, кормандони ниҳодҳои давлатӣ ба боғи “Пойтахт” соати 7:30 бо баҳонаи иштироки Президент дар кадом чорабиние сафарбар шудаанд, навиштаанд чанд иштирокчии ин чорабинӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ. Вале то соати 10:00 онҳо пушти дарҳои боғ мунтазир мемонанд, ки ба гуфти баъзе иштирокчиён масъулин онҳоро на вориди боғ шудан мондаанду на ба хона рафтан.

Ин чорабиниро на расонаҳои хабарии давлатӣ, на торнамои ҲХДТ, на саҳфаҳои марбут ба ҲХДТ дар шабакаҳои иҷтимоӣ шарҳу тафсир ва ё бозтоб накардаанд, балки барои даъватшудаҳо аз оғоз фаҳмонда нашуда будааст, ки онҳо куҷо омадаанд. Танҳо замоне, ки раҳбарияти Душанбе бо дигар мансабдорон ва роҳбарони ҲХДТ, аз ҷумла Асрор Латифов, муовини ҲХДТ вориди боғ шудаанд, фаҳмидаанд, ки онҳоро куҷо овардаанд.

Баъдан маълум шуда, инҷо аксияи ҲХДТ вобаста ба интихобот будаасту аз ҳама даъват шудааст, ба ҲХДТ овоз диҳанд. Баъзе аз фаъолони ҷомеа инро ҳамоиши Иттифоқи Ҷавонони Тоҷикистон унвон кардаанд, аммо аз шиору овеза ва пустерҳо таблиғоти ҲХДТ ба чашм мерасад.

Яке аз корбарони Фейсбук дар гуруҳи “Я душанбинец” бо номи Фабиано Мавлянов аз ин чорабинӣ навиштааст: “Имруз, 22 феврал, дар ягона рӯзи истироҳатӣ дар ҳафта, яъне дар рӯзи якшанбе, мо, кормандони идораҳои давлатиро ба маънои воқеии калима ғайриихтиёр, соати 7.30 ба боғи “Пойтахт”, ки дар Лучоб аст, бурданд. Дақиқан 2 соат мо пеши дарвоза рост истодем, бекор.... Баъдан, соати 10-и расои субҳ моро ба даруни боғ ронданд, мисли ин ки бароо мо дар онҷо ҳама чиз намоиш дода мешавад. Дар натиҷа мо чӣ доштем? Дар дохил мо фаҳмидем, ки мо, яъне ҳамаи шаҳр (Душанбе –“Озодагон”) барои тарғиб ва ба ҲИЗБИ ДЕМОКРАТӢ (манзур ҲХДТ) райъ додан сарҷамъ шудаем. Мо фаҳмидем, ки ин бар асоси коғаз будааст. Баъди гардиш мо қарор додем, ки берун шавем, ки дар натиҷа ба мушкиле мувоҷеҳ шудем, ки хилофи демократия мебошад. Моро нагузоштанд аз боғ берун биравем. Дарвозаро барои мо баста буданд ва баромаданро манъ намуда буданд. Савол. Оё ин ҳамон демократияе мебошад, ки мо уҳдадор ҳастем, ки барояш райъ бидиҳем? Барои Шумо аз ҷойи воқеа гузориши аксӣ пешниҳод мекунам, аз ҷойе, ки мо, аз ҷумла кӯдакон, занҳо, пиронсолонро мисли ваҳшиён дар боғи ҳайвонот дар баста буданду бо хушунат таҳдид мекарданд. Куҷост демократия? Барои чӣ ягона рӯзи истироҳатро мо вазифадор будаем, мисле ки дар аксҳо ҳаст, бигузаронем? Чӣ гуна барои демократия райъ бидиҳем, дар ҳоле ки он дар варақу коғаз аст? Уффф...”

Ин шикояти иштирокчиён дар ҳолест, ки бар асоси қонунгузории Тоҷикистон иҷборан ҷалб кардани шаҳрвандон, хусусан донишҷӯён ва хонандагони мактаб ба корҳои сиёсӣ мамнӯъ мебошад. Эҳсон Хушвахтов, сухангӯи Вазорати маориф ва илм далели иҷборан ҷалб шудани хонандаҳо ва донишҷӯёнро рад мекунад ва ба хабаргузории “Озодагон” гуфт, “ин як эълон буд, ки аз ҷониби гуруҳи тарғиботии ҲХДТ расонда шудааст ва касе ҳам агар рафта бошад, ихтиёр рафтааст, на иҷборӣ”.


Аксияи ҲХДТ дар “Пойтахт”: Ихтиёрӣ ё маҷбурӣ? (АКС)

Аксияи ҲХДТ дар “Пойтахт”: Ихтиёрӣ ё маҷбурӣ? (АКС)

Аксияи ҲХДТ дар “Пойтахт”: Ихтиёрӣ ё маҷбурӣ? (АКС)

Аксияи ҲХДТ дар “Пойтахт”: Ихтиёрӣ ё маҷбурӣ? (АКС)

Аксияи ҲХДТ дар “Пойтахт”: Ихтиёрӣ ё маҷбурӣ? (АКС)

Аксияи ҲХДТ дар “Пойтахт”: Ихтиёрӣ ё маҷбурӣ? (АКС)

Аксияи ҲХДТ дар “Пойтахт”: Ихтиёрӣ ё маҷбурӣ? (АКС)

Аксияи ҲХДТ дар “Пойтахт”: Ихтиёрӣ ё маҷбурӣ? (АКС)

Аксияи ҲХДТ дар “Пойтахт”: Ихтиёрӣ ё маҷбурӣ? (АКС)

Аксияи ҲХДТ дар “Пойтахт”: Ихтиёрӣ ё маҷбурӣ? (АКС)

Аксияи ҲХДТ дар “Пойтахт”: Ихтиёрӣ ё маҷбурӣ? (АКС)
Мӯҳр
ромин
чи шумо гусфанд хастед ки намедонед ки шуморо ба кучо ва чаро мебарад. агар донишчуяш хамин бошад вой бар холи дигарон. чи гуфти озодагон ё худат хам баррачаи маст хасти,,,,,??????

Эхсон Хушвактов, чаро дуруг мегуи? Аз касе напурси медонад ки унчо мачбуран бурдаанд. Хатто метавонам бо боварии комил гуям, ки бештари донишчуёни бечораро аз чониби деканат тахдид ба хорич кардаанд, ки агар нараванд хатман хорич мекунандашон. Пас кучост демократи?

донишчу
вокеан ин амалхои поймолкунии хукуки шахрвандон хилофи арзишхои инсонист ва икдомест шармовар,

ояндаро бо хам месозем! як аробаи дучарха созен ку бинем, созандахо.

Акбар
Хамон духтараке ки дар парк корд заданд холаташ чи тур аст? мегуянд, ки ин духтарак хатмкунандаи ДТТ ба номи Осими будааст?

555
Ман нафахмидам,аз кай боз раиси якумраи хомуши иттифоки касабаи чухури Солехов узви фаъоли ХХДТ шудааст.

Абдул
хушвактов дар назар дорад ки элон каркарда шуд: агар ихтиёри наравед ичбори аз донишгоххо меравед.

Рустам
Мавлянов гапа гуфтаасту худаш боз онро бо нишон додани суратхо рад кардааст. Дар суратхо бинед, ки хама шодию сурур доранд, чи хел мачбурй будааст. Агар ичборй мебуд, дар аксхо кахру газабу навмеди дида мешуд...

ээээ дарвоза монда, боз ба болои девор мебуроя. ин партияи ачиб будаст ку. дар монда сахар аз тиреза мебарояд чи ин гизалахо. товба

Рустам,
Дар хакикат аз аксхо дида мешавад, ки хама хурсанданд, хусусан аз акси 7-м. Хурсандона аз болои дарвоза фирор карда истодаанд, хамин хел не Рустам?

Мардум кариб,ки зиеда аз ду соат паси панчара будааст.Яъне онхоро мисли гусфанд ба дарун дароварда аз пасашон дарвозахоро бастаанд.Ин корро душманни ХХДТ ташкил кардаги аст.Пас аз ин чамъомад нафароне,ки ба ХХДТ овозхои худро мехостанд диханд акнун овозхои худро ба дигар хизбхо метиханд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)