Муҳокимаи барканории ноибони Раҳмонов дар Маҷлиси миллӣ
Маҷлиси миллӣ -- палатаи болоии парлумони Тоҷикистон 5 март барканории Абдуқодир Муҳаммадиев, муовини аввал, Ҳабибуло Воҳидов, Абдурашид Кишварзода, муовинон ва Хайрулло Саидов, муовини прокурори генералӣ -- Сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистонро баррасӣ хоҳад кард.
Тавре манобеи “Озодагон” аз ҳукумати Тоҷикистон иттилоъ доданд, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон 18 феврал санади барканории муовинони Додситони куллро пешниҳод намуд ва дар назар аст, ин масъала дар ҷаласаи охирони Маҷлиси миллӣ, ки 5 март баргузор мешавад, баррасӣ гардад.
Ин барканориҳо дар пайи интиқодоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои амният аз фаъолияти додситонии кулл ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сурат мегиранд. Раисиҷумҳур дар ин ҷаласа, ки 17 феврал баргузор шуд, дастур дод, тамоми муовинон ва додситонҳои вилоятҳои Тоҷикистон аз мақомашон барканор шаванд.
Дар пайи ин дастур Юсуф Раҳмонов, додситони кулли Тоҷикистон 18 феврал Мирзошариф Шарифзода - додситони шаҳри Душанбе, Муҳаммадхоҷа Арбобов, додситони вилояти Бадахшон, генерал-майори адлия Шариф Қурбонзода - додситони вилояти Суғд ва Сироҷиддин Нурзода - додситони вилояти Хатлонро аз мақомашон барканор намуд.
Ҳудуди як моҳ қабл Эмомалӣ Раҳмон фармони аз вазифа озод кардани Додситони кулл -- Шерхон Салимзодаро содир намуд, ки аз 30 январи соли 2010 ин курсиро дар ихтиёр дошт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |