Бахшҳо

Чаро роҳи занон дар сиёсат ҳамвор нест?

Ҳумайрои БАХТИЁР

Бо наздикшавии баргузории интихоботи парлумонӣ ин масъала ба мавзӯи рақами як табдил меёбад. Дар ҳамоише намояндаҳои созмонҳои ҷамъиятӣ, хориҷӣ ва аҳзоби сиёсиву коршиносон масъалаи ширкати занон дар парлумонро ба баррасӣ гирифтанд.


Феҳрасти аҳзоб барои интихоботи 2015: як мард - як зан?

Масъалаи ширкати занон дар интихобот ва имкони ворид шудани онҳо ба парлумони Тоҷикистон баҳсҳоеро ба вуҷуд овард. Умриниссо Сангова, намояндаи гурӯҳи кории занони фаъоли аҳзоби сиёсӣ гуфт, ҳизбҳои сиёсии кишвар ба хотири таъмини баробарӣ бояд занонро дар сатҳи роҳбарияти худ пешбарӣ ва интихоб кунанд. Хонум Сангова мегӯяд, ҳангоми баргузории маъракаҳои интихоботӣ аҳзоби сиёсӣ кушиш ба харҷ бидиҳанд, то мувозинати занону мардонро риоя кунанд: “Гурӯҳи кории мо ба чунин хулоса омад, ки аҳзоби сиёсии кишвар дар интихоботи парлумонии соли 2015 дар феҳрасти ҳизбии худ ба ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ як зан ва як мардро пешбарӣ намоянд. Ин меъёр метавонад тавозунро миёни занону мардон барои ширкат дар интиихоботи парлумонӣ риоя кунад.”

Дар ҳамин маврид Алла Қувватова, ҷомеашиноси тоҷик бо ишора ба маҳдуд будани ҳузури занон аз ҳизбҳои сиёсии мухолифин дар парлумон, гуфт, ки беҳтар аст агар аҳзоби сиёсии кишвар ҳадди ақал барои муваққатӣ ин пешниҳодро дастгирӣ кунанд. Алла Қувватова мегӯяд пӯшида нест, ки аз феҳрасти умумии аҳзоби сиёсии мухолиф танҳо 2 нафари аввал вориди парлумон мешаванд: “Аммо тавре мушоҳида мешавад, номзадии занонро ин ҳизбҳо танҳо дар даҳгона ҷой мекунанд.”

Зайтуна Наимова, мушовир оид ба масоили гендерии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) бар ин назар аст, ки сабаби аслии дар аввал қарор нагирифтани номзадии занон аз тарафи аҳзоби сиёсӣ ин мардсолор будани ҷомеа аст. Хонум Наимова дар сархати аввал ворид кардани номзадии занонро аз тарафи аҳзоби сиёсӣ ғайримкон шуморида, мегӯяд, он феҳраст низ тарафи ҷомеаи мардсолорӣ таҳия мешавад. Зайтуна Наимова мегӯяд, ки дар асл занони тоҷик барои муваффақ шудан дар сиёсат се мушкили аслӣ доранд: “Нахуст ин ки занони тоҷик хеле осебпазиранд. Ҷомеаи мо ҷомеаи мардсолор мебошад ва ҳамчунин занон имконияти хуби молӣ надоранд.”

Квотаву имкониятҳои сунъӣ бояд бардошта шавад

Аммо Файзиниссо Воҳидова, ҳуқуқшинос ва аъзои Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон бар зидди авлавият додан ба ҷинсият ҳаст. Хонум Воҳидова мегӯяд, ки тибқи қонун занону мардон баробарҳуқуқ буда, аҳзоби сиёсӣ дар рафти таҳияи феҳрасти ягона бояд бештар ба дониш, ҷаҳонбинӣ ва қобилияти номзадҳои худ таваҷҷӯҳ кунанд. Файзиниссо Воҳидова гуфт, ки мутаасифона монеаҳо барои воридшавии зан ба сиёсат аз аввал буданд. Номбурда изҳори таасуф аз он мекунад, ки идомаи таҷрибаи шӯравӣ то ба имруз пойдор буда, роҳу фаъолияти занонро ба сиёсат ҳамоно маҳдуд мекунанд: “Ин идомаи ҳамон “анаъанаи” сиёсати шуравист дигар. Мо давоми 20 сол мебинем, ки занони мо танҳо аз руйи квотаи махсус ба идораҳои ҳукумат ворид шуда, соҳиби курсии парлумон низ мешаванд. Ҳукумати Тоҷикистон барои воридшавии занон ба сиёсат ҳеч имкониятеро фароҳам наовардааст.”

Хонум Воҳидова мегӯяд, теъдоди заноне, ки имрӯз дар парлумон ҳастанд, ҳамагӣ тибқи квота ва танҳо барои хотири “намоиши демократия” ин корро анҷом медиҳанд. Маврид ба зикр аст, аз 63 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар танҳо 8 нафарро бонувон ташкил медиҳанд, ки ҳамаи онҳо аъзои Ҳизби халқи демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) ҳастанд.

“Эрка”-ҳои ҳукумат?

Зарафо Раҳмонӣ, мушовири ҳуқуқии роҳбари ҲНИТ низ бар ин назар аст, ки ҳоло ҷомеаи мардсолори Тоҷикистон омодаи мавриди амал қарор додани чунин таҷриба нест. Ба андешаи хонум Зарафо бонувоне, ки ҳоло вакил ҳастанд, бо роҳҳои ғайривоқеӣ вориди парлумон шудаанд. Зарафо Раҳмонӣ бо ишора ба мавҷудияти квота миёни бонувон гуфт, ки ҳоло дигар фурсати он расидааст, ки занони тоҷикро бо квота маҳдуд накунанд. Номбурда гуфт, маърифати ҳуқуқии занони тоҷик дар сатҳи даҳсоли пеш нест дигар: “Фурсате расидааст, ки занонро бо таваҷҷӯҳ ба тахассус ва донишу таҷрибаи кориаш ба вазифа таъин кунанд. Дар кишвари мо баръакс. Аз руйи феҳрасти умумиҷумҳуриявии як ҳизб занонро ба парлумон роҳ медиҳанду, аз онҷо зуд ба ҳукумат мефиристанд. Парлумон як зинапоя барои роҳёбии занон ба кобинаи ҳукуматӣ шудааст”, гуфт хонум Зарафо.

Хонум Раҳмонӣ мегӯяд, мутаасифона ҳукумати Тоҷикистон дар баробари мардон ба занони фаъоли дигар аҳзоб ҳамчун “фарзандхонд” назар мекунад, ки ин иштибоҳ аст.

Лоҳутӣ Сафаров, як масъули маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон мегӯяд, занони ҲХДТ бо дарназардошти андешаву донишҳои сиёсии худ вориди парлумон шудаанд. Аммо Саодат Амиршоева, вакили парлумони Тоҷикистон гуфт, ҳамаи он таҳлилҳое, ки гуиё бонувони Маҷлиси намояндагон ва ё занони дар ҳукумат буда фаъолият намекунанд, иштибоҳе беш нест. Ба гуфтаи хонум Амиршоева, ҳеч бонуе дар парлумон ҳамвор ва бидуни рақобат курсии худро соҳиб нашудааст: “Барои мисол ман дар интихоботи соли 2010 бо 5 нафар рақобат доштам. Дар натиҷаи корҳои таблиғотӣ мардум худ касеро интихоб мекунанд, ки дониши хуб дорад ва ба мушкили онҳо расидагӣ мекунад. Занони мо фаъол ҳастанд. Ҳамеша дар вохурӣ бо интихобкунандагон ширкат меварзем.”

Вале Файзиниссо Воҳидова мегӯяд, занони фаъол дар ҷомеа бисёр буда, барои гирифтани вазифа беҳтар буд, агар озмунҳо ташкил карда шавад. Саодат Амиршоева, вакили мардумӣ бар ин назар аст, ки бо сиёсат кор доштани зан дар Тоҷикистон мушкил буда, онҳое, ки ба бонувон тамғаи “эркаҳо” мезананд, ҳангомасозе беш нестанд. Хонум Амиршоева мегӯяд, ки бонувони сиёсатмадори тоҷик сад дарсад аз иҷрои вазифаи худ баромада, онҳое, ки фаъолияташонро нодида мегиранд аз чунин баҳогузорӣ бояд шарм доранд.
Мӯҳр
Илхом
Аз тарс!Шумо бинед ки кудрат-оварда,чи гуна аз номзадии хукукшинос-олима-Бобоназарова тарсиданд!

Беном
Занонро бас бувад хамин як хунар. Нишинанду зоянд шерони нар.

Хохиш дорам, ки ягон додрас ба кадру киммати зан бирасид ва занони Точик бояд бо аклу заковати худ нишон диханд, ки аз хамаи кор баромада метавонанд)))

порсо
саодат шумо вакили мардуми нестед шумо вакили номенклатури мебошед баройи хамин хазор бор саратонро ба девор зада вакили мардуми будани худатонро исбот кунед бефоиди мо мардум сафедро аз сиех фарк мекунем момро гулзадан нашояд.Дар бораи занон бошад зан аслан оташи хонадони Сугди аст ва бояд оташи хонадонашро афрузад на ин ки аз хона баромада то шаб гайб занад ман шахсан фарди демократ хастам лекин бовучуди ин нишастани бонувонро дар хона авлотар мебинам.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2014    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)