Додрас дархости Зайд Саидро қабул кардааст
Алпомиш Акбаров, раисикунандаи мурофиаи додгоҳии Зайд Саидов, имрӯз, 12-уми феврал дархости судшавандаро барои баргузории мурофиаҳо дар бинои Суди Олӣ бо иштироки намояндагони ВАО ва ҷомеаи шаҳрвандӣ қабул карда, изҳор доштааст, ки хулосаи ниҳоиро дар ин маврид дар мурофиаи оянда, 16-уми феврал эълон хоҳад кард.
Исҳоқ Табаров, вакили дифои Зайд Саидов ба "Озодагон" гуфт, зерҳимояаш имрӯз, 12 феврал дар нахустин мурофиаи парвандаҳои наваш баромад карда, аз додрас хост, наздиконаш, намояндаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва хабарнигорон дар мурофиаи парвандаҳои наваш иштирок кунанд, чун парвандаҳои нав сирф иқтисодӣ буда, муҳри махфӣ надоранд.
Қаблан низ Зайд Саидов бо исроли як нома ба Нусратулло Абдуллоев, раиси Суди олии Тоҷикистон шарт гузошт, дар сурати баргузории мурофиаҳо дар СИЗО аз иштирок дар он даст хоҳад кашид: “Дар парвандаи пешина, ки муҳри махфӣ заданд, бино бар ин мурофиаи он дар боздоштгоҳи муваққатӣ гузашт, парвандаи дувум сирф иқтисодист ва муҳри махфӣ надораду ҳеч сире нест, онро бояд дар Суди олӣ доир намоянд”.
Аз ин пеш Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон бо як ҷумла дархости Зайд Саидовро барои рӯбарӯкунӣ бо мансабдорони воломақоми ҳукумат рад кард. Ба гуфтаи Исҳоқ Табаров, Оҷонсӣ бе шарҳи далелҳо бо як ҷумла навиштааст, афроде, ки шумо барои шоҳидӣ ва рӯбарӯкунӣ бо онҳо дархост кардаед, ба парвандаҳои иқтисодии Зайд Саид ягон робита надоранд.
Зайд Саидов, соҳибкори маҳкумшудаи тоҷик дар доираи парвандаҳои иқтисодияш хостори рӯбарӯкунӣ бо Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, Матлубхон Давлатов, собиқ раҳбари Кумитаи сармоягузорӣ ва Давлаталӣ Саидов, ноиби нахуствазир шуда буд. Исҳоқ Табаров ва зерҳимояаш баробари рӯбарӯкунӣ бо мақомдорони зикршуда, инчунин хостаанд, як қатор кормандони ширкати “Тоҷсохтмон-байналмилал” низ даъват шаванд.
Зайд Саидов, соҳибкори тоҷик, баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсӣ моҳи майи соли 2013, ҳангоми бозгашт аз Фаронса боздошт ва моҳи декабри соли гузашта ба 26 соли зиндон маҳкум шуд. Мақомот пас аз панҷ моҳи маҳкумияти оқои Саидов эълон карданд, ки алайҳи ӯ бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - моддаҳои 245, қисми 4, банди “б” (азхудкунӣ ба миқдори махсусан калон) ва 340, қисми 2 (сохтакории ҳуҷҷатҳо) парвандаи нав боз кардаанд. Айбномаи наве, ки Зайд Саидов ҳангоми ошноӣ бо он ҳамаашро рад карда, мисли парвандаҳои қаблияш сохтаву бофта унвон кардааст.
Дар айбномаи нав Зайд Саидов ҳамчун роҳбари ғайрирасмии ширкати сохтмонии “Тоҷсохтмон-Байналмилал” муаррифӣ шуда, барои азхудкунии маблағҳои буҷет, ки барои сохтмони иншооти “Душанбе-Плаза” пешбинӣ гардидааст, муттаҳам дониста мешавад. Дар ҳоле ки Исҳоқ Табаров, вакили Зайд Саид мегӯяд, расман Саидов ба “Тоҷсохтмон-байналмиллал” ягон иртиботе надорад ва аз салоҳияту ваколатҳои амрдиҳӣ ва ё ҳуқуқи имзо намудани ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ ҳаргиз бархӯрдор набудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |