Ирсоли 50 000 SMS-и пешазинтихоботии Ҳизби ҳоким ба мардум
Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон мегӯяд, дар таблиғоти пешазинтихоботӣ аз SMS-паёмакҳо фаровон истифода мекунад.
Усмон Солеҳ, сухангӯи ҲХДТ рӯзи 10 феврал дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, аллакай ба мардум ҳудуди 40-50 ҳазор пайёмак фиристоданд. Дар ин SMS-ҳо як шиори ҳизб пешниҳод ва аз муштарӣ хоҳиш мешавад, то дар интихоботи парлумонӣ ба ҷонибдорӣ аз ҲХДТ овоз бидиҳанд.
Ба қавли оқои Солеҳ, “Ояндаро мо бо ҳам месозем”, “Мо созандагони Ватанем”, “Мо бо халқем ва халқ бо мост”, “Рисолати мо ободониву шукуфоии Ватан аст”, “Ҳизби халқ барои халқ аст”, “Ҳизби ояндасози миллат” аз шиорҳоеанд, ки тавассути паёмак ба интихобкунандаҳо ирсол мешавад: “Бо ҳамин хел гапҳои мухтасар равон мекунем ва дар поёнаш хоҳиш мекунем ба тарафдории ҳизби мо овоз диҳед. Ин кор таъсисри хуб ҳам расонида истодааст. Аллакай 15-20 рӯз мешавад, ки мо дар ин маврид кор бурда истодаем. Ҳоло як давраи нави илму техника, умуман технологияҳои нави таблиғу ташвиқ барои ширкат дар интихоботҳо пайдо шуда истодааст, аз ҷумла истифода аз шабакаҳои интернетӣ, шабакҳои мобилӣ, ки мо ҳам аз ин воситаҳо хуб истифода бурда истодаем”.
Сухангӯи ҲХДТ гуфт, тавассути паёмакҳо таблиғ кардани ҳизб як шакли нави тарғибот аст, ки аз сӯйи раҳбарияти ҳизб пешниҳод шуда ва бо истифода аз маблағҳое, ки барои интихобот ихтисос ёфтааст, ин корро амалӣ мекунанд. Ӯ афзуд, бештар бо ширкатҳои мобилии Tcell ва Мегафон ҳамкорӣ доранд.
Усмон Солеҳ иброз дошт, ғайр аз СМС, Ҳизби халқӣ- демократии Тоҷикистон ҳудуди 100 ҳазор нусха варақаҳои таблиғотӣ ва ҳам барномаи мухтасари ҳизбро омода карда, миёни мардум паҳн кардаанд: “Фақат Дастгоҳи ҳизб ин корро анҷом дод, боз дар тамоми минтақаҳо ташкилотҳои ҳизбро дорем, ки онҳо ҳудуди 20 то 50 ҳазор чунин варақаҳои таблиғотиро тайёр карда истодаанд”.
Идеяи таъсиси Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон соли соли 1993 аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид ва 15 декабри соли 1994 Вазорати адлияи кишвар онро сабти ном кард. ҲХДТ миёни 7 ҳизби дигари фаъоли кишвар аз ҳама бештар аъзо дошта дар парлумон низ аксари курсиҳоро дар ихтиёр дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |