Боздошти Мулло Фозилов барои дуздиҳо дар намози Ҷумъа
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 30 солаи ноҳияи Рашт хабар дод, ки барои чандин ҳолати дуздӣ дар масҷидҳои ин минтақа муттаҳам мешавад.
Тибқи иттилои ин ниҳод, дастгиршуда Мулло Фозилов, истиқоматкунандаи кӯчаи Сомониёни шаҳраки Ғарм, вақти намозхонӣ дар масҷид аз шумораи зиёди намозгузорон истифода бурда, маблағ ва дигар ашёҳои гаронарзиши онҳоро медуздидааст: “Дар пайи шикоятҳои зиёди намозгузорон аз гумшавии ашё ва маблағ шӯъбаи кофтукоби ҷиноии Раёсати Вазорати умури дохилӣ дар минтақаи Рашт таҳоратхонаҳоро таҳти назорат қарор дода, муттаҳам дар дуздиро ошкор ва боздошт кардааст.”
Ба иттилои мақомоти пулис, тафтишот нишон додааст, ки Мулло Фозилов ба масҷид на барои адои намоз, балки барои анҷоми амали ҷиноии худ омада, аксаран фурсати муносиб - рӯзҳои ҷумъаро интихоб мекардааст: “Боздоштшуда қаблан низ барои дуздӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст. Феълан 6 далели дуздӣ аз ҷониби Фозилов ошкор шудаанд.”
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, алайҳи Мулло Фозилов тибқи моддаи 244-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |