Бахшҳо

Зоиров дар TV: Қории Қуръонам, аммо Исломро бо сиёсат олуда намекунам

Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон шоми 5-уми феврал зимни баромади пешазинтихоботияш тариқи шабакаи аввали телелвизиони давлатӣ аз мардум даъват намуд, дар интихоботи парлумонии 1 март ба ҷонибдорӣ аз ҳизбаш овоз диҳанд.

Раҳматилло Зоиров дар хитоб ба мардум гуфт, Ҳизби сотсиал-демократ ҳизби мубориз, қонуният ва ҳизби таъминкунандаи адолати иҷтимоӣ дар Тоҷикистон буда, тақдири имрӯз ва ояндаи кишвар мебошад: “Аз ин рӯ ба ҳизби Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон овоз диҳед”.

Зоиров инчунин қайд намуд, дар ҳизбаш нафароне ҷамъ гаштаанд, ки воқеан ҳам афроди арзандаанд.

Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон илова кард, ки аксарият дар ҳизбаш мусалмон ҳастанд, вале дини Исломро ба интихобот олуда кардан даркор нест. Номбурда иброз дошт, дин бояд дар соҳаи маънавиёт, фарҳанг амал карда тавонад: “Ин мазмуни онро надорад, ки мо арзишҳои дини Исломро истифода накунем, албатта худи ман бевосита аз 12 солагиям қории Қуръон мебошам, лекин ман ягон маротиба, дар ягон баромадам қории Қуръон гуфта, худро бисёр таърифу тавсиф накардаам. Ғайр аз ин, аз авлоди Шайх Умари Бостонӣ, абераи Хоҷа Аҳрори Валӣ ҳастем ва аз рӯи эътиқоде, ки ба Ислом дорем, динро дар масъалаҳои сиёсӣ истифода намекунем. Ин мавзӯъ бояд дар Тоҷикистон аз нав баррасӣ карда шавад ва мо Исломро дар ҳақиқат муқаддас дониста, эҳтиром карда, онро дар соҳаи фарҳангу маънавиёт истифода бурда, бевосита якдигарфаҳмӣ дар ҷомеаро таъмин карда тавонем”.

Раҳматилло Зоиров дар масъалаи миллият ва миллату давлатдорӣ иброз дошт, ки дар Тоҷикистон тибқи моддаи 6-и Сарқонуни кишвар ҳама шаҳрвандон новобаста аз миллияти онҳо ё ин, ки эътиқоди динияшон, халқи Тоҷикистонро ташкил медиҳад: “Яъне дар ин мазмун халқи Тоҷикистон, давлати Тоҷикистон ва миллати Тоҷҷикистон ин як аст. А аз нигоҳи миллият-миллияти тоҷик, миллияти узбек, миллияти рус, қазоқу қирғизу дигар дорем, лекин як миллат дорем ин ҳам миллату давлати Тоҷикистон”.

Раиси ҲСДТ баромади пешазинтихоботияшро дар баробари забони тоҷикӣ, инчунин бо забони узбакӣ ва русӣ ироаи омма кард.

То кунун дар баробари Раҳматилло Зоиров, Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунистӣ,Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ, Абдуҳалим Ғаффоров, раиси Ҳизби сотсиалист ва Сайидҷаъфар Исмонов, раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон барномаҳои худро тавассути Шабакаи аввали телевизион муаррифӣ кардаанд.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ба аҳзоби сиёсии кишвар, ки барои иштирок дар интихоботи парлумонии 1 марти соли равон расман ба қайд гирифта шудаанд, ба хотири муаррифии барномаҳо тавассути шабакаҳои давлатии телевизион 40 дақиқа вақт додааст. Номзадҳо аз ҳавзаҳои якмандатӣ бошанд, 20 дақиқа фурсат доранд, то аз тариқи шабакаҳои давлатӣ барномаҳои худро муаррифӣ кунанд.
Мӯҳр
фахмо шуд, дар симоятон як нуре хаст, ки сабабашро аз хуни авлодони табакаи боло буданатонро равшан кард.

Далер
ХСДТ хизби арзандааст бояд ба майдони сиесат бешар аз худ дарак дихад

А. Гафуров
Сад афсус, ки Озодагон низ дар фахмиши сиёсат дар дарачаи Хизби нахзат карор дорад. О бародарон, Зоиров суханхои хубе нисбати давлату конуну давлатдориву ватандусти гуфт ки ман пурра тарафдорам, чаро чанд сатри ба ислом дахлдорро овардеду халос. Магар Шумо хам тарафдори боз ноором шудани чомеаи сарсахти точикед? Бас нест тафрикаандози??!!

чавоб ба а.гафуров: ое сатхи фахмиши магзи каллаи худат чи кадар аст?? ту ин кадар харос накун, чунки чанг хеч гох намешавад барои он ки худоро шукр акаи бузурги урус дорем ки хеч гох намегузорад ки ин чоро касе палигон гузаронад. ором бош.

широта познания,
Ба умеди акаи урусат хеч вакт нашав бародар. Бе ташабуси урусхо хеч вакт чанг НАМЕШАВАД!!!!!!

Барои изхороти Зоиров,ки ба зидди ХНИТ равона шудааст ба ХСДТ чанд курси дар парлумон ваъда карда бошанд?

Ватандӯст
Воқиан, ин ҳизб барои мардум хидмат мекунад ва он аз шахсиятҳои донишманду муборизи миллат ташкил ёфтааст. Ман бо ҳама пайвандонам ба ин ҳизб рой хоҳам дод. Бовар дорам, ки ҳама мардуми огоҳу худшиноси кишвар чунин хрҳанд кард.

мухтарам Зойиров! Дигар хама суханатон тамом шуд? ин солхои дароз дар интихоботхо ягон фоиз овоз нагирифтед акнун сиёсати хизби Справедливая Россияро пеш гирифтед? Шумо 400 соли дигар овоз нахохед гирифт чун худатон намедонед, ки аз мардум чи мехохед!!!!!!!!!!!!!!!

Зоиров чехраатон нав маълум гашта истодааст. Метавонед пешаки кадахи конякро бардоред. Як курси азони хсдт шуд. "Браво"

Зоиров
Мухтарам аъзои сомонаи "Озодогон", Шумо хиёнат коред, зеро баъди сухбати телевизионии ин Раиси "мухтарам" ман андешахои худро навишта будам(яъне, баъди оне, ки дар сомонаи Шумо ахли "зиёихо" руи чоп омад). Озодии суханро худатон риоя намекунед ва боз хадс мезанед!!!!!!!!!!!!! recourse

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)