Бахшҳо

ВИДЕО: Тақсимоти 100 $- и Убайдуллоев бо ҳамоиши эътирозӣ анҷомид

Ҳудуди 27 зан, ки дар шӯъбаи ҳифзи иҷтимоии ноҳияи Фирдавсӣ кор мекардаанд, имрӯз, 28-уми январ бо нишони эътироз аз амали роҳбарияти ноҳия дар назди Маҷмааи табъу нашр дар Душанбе (ГЖК) гириди ҳам омаданд.

Ҷамъомадагон иддао доштанд, мақомоти ноҳияи Фирдавсӣ бе асос онҳоро аз кор хориҷ кардааст. Онҳо мегӯянд, дар ноҳияи Фирдавсӣ ба нигоҳубини пирону маъюбони барҷомонда машғул буданд ва барои ин ҳудуди 700 сомонӣ маош мегирифтанд: “Аммо 20 январ ба мо гуфтанд, ки дар асоси шикояти пирону маъюбон аз фаъолияти кормандони ҳифзи иҷтимоӣ озмун гузаронда шудааст ва мо аз озмун нагузаштаему аз кор озодем.”

Тавре хабарнигори “Озодагон” аз ҷои ҳодиса хабар дод, бархе аз ҷамъомадагон бар инанд, ки аз кор хориҷ кардани онҳо ба тақсимоти сад доллари тақдимкардаи Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе рабт дорад. Занон мегӯянд, 9 сентябр зимни ифтитоҳи корхонаи қолинбофии “Равшангарон” дар маҳаллаи 1-ум Советский мақомот онҳоро занони бекор муаррифӣ карда, ба ин корхона бурдаанд: “Дар маросими ифтитоҳ Убайдуллоев аз ҳисоби Фонди раиси шаҳр ба онҳо 100 долларӣ тақдим кардааст.”

Дар пайи ин қазия мудири шӯъбаи ҳифзи иқтимоии аҳолии ноҳия аз маблағи тақдимкардаи Убайдуллоев 150 сомонӣ ва муовини раиси ноҳия боз 20 сомонии дигар талаб кардааст. Онҳо бо нишони эътироз он вақт ба расонаҳо шикоят бурдаанд. Занони бекормонда муътақиданд, хориҷкунии онҳо аз кор маҳз ба ҳамон қазия ва шикояташон ба расонаҳо рабт дорад, зеро баъди он масъулини ноҳия талош доштаанд, аз пирону барҷомондагон дар ҳаққи кормандони ҳифзи иҷтимоӣ шикоят бигиранд.

Феълан масъулини пулис ва ҳукумати ноҳияи Фирдавсӣ ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, занони норозиро барои суҳбат ба назди раиси ноҳия бурданд.


ВИДЕО-и таҷаммӯи занони норозӣ аз ҳукумати ноҳияи Фирдавсӣ

ВИДЕОИ 1
ВИДЕОИ 2
ВИДЕОИ 3
Мӯҳр
шуъла
Аз шарора аланга бар мехезад. Эхтиёт бояд кард. Ба омма дуругу фиреб гуфтан гунох аст

худованд зану модарори хами хели раисора хамин рузда расон! омин

Ин занхо дар видео гуфта истодаанд,ки Ба мо раис гуфтанд,ки Африка бре ба хамин дипломотон кор карда метоне.Ба хамин дипломотон лекин рост гуфтааст раисатон факат дар Африка кор карда метавонед.

Коргар
таксимоти 100$-ро хам мисли хатнасур кардаанд бигу, фарзандони худшона туй мекарданд камбизоат гуфта. Хукумову дигарон бошанд худро эхтиёчмандтаринхо гузаронида маблагхои давлатро мегиранд.

Салом ба чами онхое, ки ин матнро мутолиа мекунанд. Ман мутаасифам, ки мо андешанависон вокеияти масъларо дарк накарда, ба гуфтани харфу садохои пучу бемагз ру меорем. Дар сархати дувуми матн омадааст, ки занон аз кор хорич намудани худро беасос медонанд. Ин вокеъият надорад. Чароки доир ба ин масъала тамому факту аснод мавчуд аст. Мо мегуем, ки аз шарора аланга бармехезаду ба мардум дуруг нагуед. Оё боре андешидаем, ки хамин занон, ки ба нигоҳубини пирону маъюбони барҷомонда воюаста шуданду хар мох худуди 700 сомони маош мегирифтанд, дар хафтае як бор дари хамон пиронрон кушодаву аз холашон хабар гирифтан ё на? Чаро харфи чор занро мо асос мекунем, аммо асли вокеъаро чуё намешавем. Ман мехостам хамин занонро гирифта назди хамон пирону маюбон мебурдед ва мепурсидед, ки то кучо онхо хизмат мерасонанд. Шумо бародар Дима андеша кун ки модар дори. Хохиш дуои бад накун. Боз нашавад, ки модари шумо ва худи хамон занхо мисли хамон пирони маъюбу бепарастор гарданд. Ман ба хеч вачх боваре надорамки онхоро касе гуфтабошад, ки ба Африка равед. Мумкин ин харф бошад, ки дар Африка ба ин пирону маъюбон шахсони бемаълумот хизмат намекунанд. Агар ин хар бошад ман низ розиам. Андеша кувнед, ки хамон пиру маъюби бепарастор дар холати вазнини бемори карор дорад ин зан чигуна метавонад, ки ёрии аввалия бар у расонад? Як укол гузаронида натавонад, харорати онро фишори онро санчида натавонад чигуна метавонад хизмат расонад? Бапродароне андеша карда харф зпнен

Фархори
М.М,
Мухтарам ММ!!! шумо хело хуб гуфтед лекин ин амалхоро бояд дар ТВ нишон дод. Хонандахо он чизеро мехонанд хамонро казоват мекунанду халос. Хонанда айб надорад аз казовати худ зеро у хондааст на дидааст. Дар ТЧК як матал аст "Дидан кай бувад монанди шунидан". Барои хамин рафта сабти навори бикунед ва ба Шабакахои ТВ равон кунед то халк фахмад ки дуруг мегуяд ки рост. Айни хол кори Шабакахои ТВ факат дар ТВ Сароянда мондану дутор навохта аст. Гуё ТЧК дигар проблема надорад. Як шурналист танхо дар бораи ГЕС-хои хурд барномаи кучаке таёр карду халос. БАРОИ АНА ХАМИН ХОНАНДАХОРО НАГУЕД ДАР БОРАИ КИ ЧИ ГУНА НАВИСАНД ЗЕРО ОНХО ХОНДАГИАШОНРО КАЗОВАТ КАРДА МЕНАВИСАНД.

Мусофир
Ба М.М,
Агар дар ҳақиқат ин занҳо тӯҳмат карда истода бошанд, чаро ба прокуратура шикоят намебаред?
Баъдан, танҳо ҳамон як сухан дар бораи долягирии раисон кофист, ки прокуратураи генералӣ корҳои санҷишӣ-тафтишотиро оғоз кунад.

Цитата: Daler
ВИДЕО

Цитата: Daler
ВИДЕО

Pesh az one,ki nisbati rais va hukumatu nohiyai firdavsi tuhmathoi durug zadan...avval raftoru guftori xudaton ahamiyat dihed.Rais kori xub kardaast ki shumo zanhoro az kor xorij kardaast...raisi nohiyai shabu ruz dar xizmati khalq ast shumo boshed zanho nomi zaniro past karded dar kuchahoi shahr gashta istodaed.VOY bar holi shumo dar joi shukr kardan az Russia va Africa sukhan mekuned.

Ман аз хамин Коргар мепурсам, ки факте дорад, ки кадоме аз кормандони макомот фарзандашро камбизоат гуфта, аз бучети давлат тую маърака кардааст. Бародарон хечгох ба эхсосот дода нашавед. Макомот дар аввал тамоми айбу гунохои ин занхоро бахшид. Аммо ин амали макомот билохира дарди сар шуд. Ин занони шатох дар ивази онки худро ислох менамуданд, назди Мачмааи Шарки Озод рафта вокеаро расонаи намуданд. Имруз акнун тасмими макомот дори ба ин масъала ранги дигар гирифт.Тамоми фаъолияти ин занхо дубора мавриди санчиш карор гирифта, бо исботи факту далелхои мушаххас расонаи карда хоханд шуд. Дар фаъолияти рохбари ин занхои чамъомада Холиса сар карда, то камтарин нафари онхо пур аз конунвайронкуни аст. Мухтарам Фархори! Бигузор хонанда казовати кардаашро нависад, аммо ба шумо як суол. Оё дар зехни шумо мерасад, ки муовини раиси як нохия ба хотири 20 сомони обуруи худро фурушад. Инсон кабл аз онки бо казовати худ чизе меангорад. бояд худро мутмаин созад, ки то кучо хак аст. Ман омодаам, ки бо дилхо журналис факат ба хотири исботи хакикату адолат кори ин занонро дар доираи як таткикоти журналисти омухта ба камвле сиёхро аз сафед чудо намоем.Мутмаинам, ки исбот карда тавонам айб дар кист. Макомот хар шахрвандро ба кор кабул мекунад, аммо дар ин радиф боз фаолияти уро ба назорат хохад гирифт. Албата, ки ин дар муддати кутох анчом намеёбад. Баъзан барои исботи як кучактарин масъала шояд солхо лозим ояд. Чун макомоти нохия камбудиву конуншиканиро дар фаолияти ин занхо муайян кард, кормандони шуъбаро не, балки фаолияти онро мувакатан катъ кард. Дар асоси омухтани фаъолияти он комиссияи махсус таъсис гардид. Комиссия дар асоси озмун ба ин шуъба корманд кабул намуд. Аз 27 корманди собики шуъба 20 нафар дар озмун иштирок карданд. Дар асоси роххати комиссия танхо 3 нафари ин занхо ба кор кабул карда шуданд. Ин амал боис гардид, ки бону Холиса , ки интриганти № 1 дар тамоми сохторхои тобеи макомот аст, дар атрофи худ ин занонро чамъ намуда, назди расонахои иттилооти рафтанд то ба кавле беадолатии макомотро расонаи кунанд. Агар кадоме аз ниходхои кудрати корхои тафтишотиро огоз кунад, дар кутохтарин вакт доир ба фаолияти ин занхо парвандахо огоз хохад гашт. Аммо ман аз рузноманигоро хохиш менамоям, ки ба хотири риояи этикаи касбии худ ва нигох доштани шаъну шарафи хеш якчониба вокеахоро расонаи накунанд. Зеро ин амали онхо метавонад бовариву эътимодро дар нисбати худи онхо коста намояд.

пири хирадманд
Аввалан салом баъдан баъди тамошои ин видиохо мисрае ба ёд меояд: Чаро окил кунад коре ки боз орад пушаймони модарони мухтарам агар шумо хак мебудед аккалан хамон бекасону бепарасторон шуморо пуштибони мекарданд вале касе барои пуштибонии шумо овоз набаровардаст-ку. даст болои дил монда назди худованд коил бошед ки то кадом дарача вазифахои хизматиатонро ичро мекардед? чаро хазорон кори хубу икдомхои чавонмардонаи раиси нохия имруз яку якбора фаромуш гаштанд?то шамол нашавад шохи дарахт намечунбад мумкин ношукрие аз шумо гузашта бошад:
ЧАРО барои барканор гаштан ин кадар малоледу боре фикр намекунед, ки чаро маъюбон аз шумо рози нестанд?
ман сокини ин нохияи овозадорам ва хизматхои раисро тамоми бошандагони нохия медонанд. факат дар ёд дошта бошед ки шахсеро тухмат зани худованд хатман онро ба сарат меорад агар хато накарда бошед чаро холиса дар охири суханаш узр пурсида рафт зи харфи бемурувват ошно бегона мегардад сухан дониста гу то дустро душман нагардони садкаи дастгири шавед ношукр будаед
боки казоват аз шумо худованд окибати мову шуморо бахайр гардонад.

Рузи 4-ум аст, ки хабари аз кор хорич намудани 27 зани шуъбаи хизматрасони дар хонаи нохияи Фирдавси ва гирдихам омадани ин занхо дар назди Мачмааи "Шарки Озод" расонаи гардидааст. Хабарнигорон низ дар расонаи кардани ин вокеа талош карданд то фаол будани худро собит зозанд, аммо бедарак аз ин ки баъзан шитобкори мояи таассуф мегардад. Зеро дар мост, ки мегуянд: Барои ба максад расидан кушиш бояд кард, на шитоб. Аслан шитоб хоси минбари Васоити ахбори омма нест. Чунки баъзан як иттилои ночо ва ё дезинфарматсия, якчониба пайгириву интишори вокеа метавонад боиси ба вучуд овардани нохушихо дар чомеа гардад. Дар интишори ин хабар низ мо шохид гардидем, ки расонахо, бахусус хабаргузории "Озодагон" ба шитоб даст зада, вокеаро якчониба дар сомонаи худ чой додааст. Ман медонам, ки имруз хабарнигорон ба хотири муштарии бештар ва ё зиёд гардидани доираи хонандагонашон баъзан ба синсатсиа руй меоран. Вале замоне, ки хабарнигор манфиати худро фикр карда ба интишори вокеае даст мезанад, андешад, ки дунболаи суди у зиёне бар мардум ва ё як нафари дигар нест.

Дар сархати дувуми ин хабар омадааст:"Ҷамъомадагон иддао доштанд, мақомоти ноҳияи Фирдавсӣ бе асос онҳоро аз кор хориҷ кардааст. " Мухтарам рузноманигор! Оё дар зехти шумо мерасад, ки макомот бидуни хеч асос 27 занро аз кор хорич намояд? Агар ха, чи гуна бошад бо ман фахмонед. Дар идомаи ин сархат омадааст:"Онҳо мегӯянд, дар ноҳияи Фирдавсӣ ба нигоҳубини пирону маъюбони барҷомонда машғул буданд" Наандишед, ки баъди хорич кардани ин занхо он пирону маъюбони барчомондаро, ки дар холи вазнини зиндаги ба сар мебаранд, ки нигохубин мекунад. Мухтарам хабарнигор!Як бор биандеш, ки ман ва ё шумо дар чунин вазъи сангини зиндаги ба сар мебарему макомот яке аз ин занонро барои нигохубини мо вобаста карда, ба у бовар мекунад. Аммо ин зан дар давоми хафта боре дари моро намекушояд. Холи мо чи мешавад? Оё дар чунин вазъият низ боз мо аз макомот шикоят намекунем? Оё хамин холатро шумо огох шавед расонаи намекунед ва боз дар мадди аввал макомот ва ё раиси нохияро айбдор намекунед? Албата, ки мекунед, зеро ин кори шумо аст.

Мухтарам хабарнигор!Як бор биандеш, ки ман ва ё шумо дар чунин вазъи сангини зиндаги ба сар мебарему макомот яке аз ин занонро барои нигохубини мо вобаста карда, ба у бовар мекунад. Аммо ин зан дар давоми хафта боре дари моро намекушояд. Холи мо чи мешавад? Оё дар чунин вазъият низ боз мо аз макомот шикоят намекунем? Оё хамин холатро шумо огох шавед расонаи намекунед ва боз дар мадди аввал макомот ва ё раиси нохияро айбдор намекунед? Албата, ки мекунед, зеро ин кори шумо аст. Бародарон азиз, мухтарам хабарнигорон! Минбари Васоити ахбори омма ба гунаи як оина аст, ки мушкилро барои ислох кардан инъакос мекунад На вокеаеро барои мушкил офариданд. Аммо мутаасифона имруз ин минбар дар шакли дувум истифода мегардад.

Ин метавонад бовариву эътимодро дар нисбати ВАО коста гардонад.Идомаи хабар чуни наст:

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)