Бахшҳо
22 янв 2015 14:58Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Воҳидова аз генерал Раҳимзода хост ба "барқзаниҳо"-и кормандонаш хотима бахшад

Файзинисо Воҳидова, ҳуқуқшиноси маъруфи тоҷик бо навиштани як нома аз Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон хостааст, аз зиёдаравӣ ва “амалҳои ваҳшиёна”-и кормандони ниҳодаш ҷилавгирӣ кунад.

Хонум Воҳидова иддао дорад, зерҳимояи ӯ - Фурқат Охунов, ки дар ташкили гуруҳи ҷиноӣ муттаҳам мешавад, аз ҷониби кормандони Шӯъбаи мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил гӯиё дар ноҳияи Исфара шиканҷа шуда, ба баданаш нерӯи барқ пайваст карда шудааст.

Санаи 9 январи соли равон кормандони ШМЧМ (6-ой отдел) Фурқат Охунов, сокини шаҳри Исфара, гумонбар бо моддаи 187-и қисми 2-и Кодекси ҷиноии кишварро боздошт карда ба утоқи худ оварда, ба панҷаҳои калони дасту пойи ӯ нерӯи барқро пайваст кардаанд ва нуги сими дигареро ба маъқадаш дохил кардаан, ки шояд ҳайвони ваҳшӣ чунин амалро нисбати инсон раво набинад.”- омадааст дар номаи Воҳидова.

Ин ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, чунин номаеро унвонии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳур ва Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон ҳам ирсол кардааст: “Умедворам, ки барои аз мақомот дур кардани чунин афроди тасодуфӣ, ки обрӯи мақомоти ҳифзи ҳуқуқро коста мегардонад, фавран чораҳои қатӣ меандешед.
Мӯҳр
Сафо
ман нафахмидам ин Вохидова факат тераристу хоинони миллатро адвокати мекунад.

Алпомш
Файзинисо нагз тахкик кунед. Ин тамоман номумкин аст. Шумо гуфтаниед, ки дар Исфара лимити барк вучуд надорад..

Фаркаш чи терористро мухофизат мекунад ё бегунохро! Максад рафтори вахшиёнаи коркунони милисаро эрод гирифтааст! Худо накунад шумо хам ба ончо афтед аз маъкадат барк сар медиханд баъд ба чои очамой Файзинисоооо мегуй!

Фаркаш чи терористро мухофизат мекунад ё бегунохро! Максад рафтори вахшиёнаи коркунони милисаро эрод гирифтааст! Худо накунад шумо хам ба ончо афтед аз маъкадат барк сар медиханд баъд ба чои очамой Файзинисоооо мегуй!

Комрон
Озодагон маъкадаш чзе-е?

Аввалан ассалому алайкум. Баъдан мо сари масъалае ироа карданӣ ҳастем, ки барои чӣ маҳз хонума Воҳидова танҳо чунин ашхосеро ҳимоя мекунад, ки онҳо ҳамаи ба гурӯҳҳои ифротӣ ва террорӣ алоқманадӣ доранд?! Инро ман мегӯям ки барои чӣ, барои он ки дар паси чунин ашхсо ҲНИТ истодааст ва танҳо бо талаботи пасипардаги онҳо Воҳидова онҳоро ҳимоя мекунад. Ин ҷо мақчад яктост бо кадом роҳе набошад дар арафаи интихобот беобрӯ кардани мақомотҳои давлатӣ вай фарқ надорад, ки кадом мақомот аст, зеро мисс Воҳидова дар саҳифаи Фесбуки худ чӣ хоҳад менависад, . Чи хеле ки мегӯянд вай бояд хидмати хоҷагони наҳзатии худро кунад, зеро аз барои ин пул мегирад, аз болои онҳо ба хориҷа рафта меояд ва дар хориҷа кӣ медонад вай бо киҳо вохӯрда бошад. Агар ягон наҳзатӣ алалхусус мардҳояш бо мақомот рӯ ба рӯ шаванд миссис Воҳидова он ҷо пайдост. Ман ба мақомотҳои Тоҷикистон ҳайронам, ки барои чӣ чунин шахс чун Воҳидоваро ки барои дипломи қалбакӣ тайи 20 сол ҳам мардуму ҳам давлатро фиреб дода гашта буд бо иҷоза медиҳанд, ки ҳимоячӣ шуда кор кунад?! Инро на ҳар як кас дарк мекунад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)