Вазири тоҷик: Пешниҳоди раҳбарияти Афғонистонро рад кардем
Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон мегӯяд, дархости раҳбарияти Афғонистонро барои зиёд намудани содироти барқ ба ин кишвар рад кардаанд.
Усмонзода, имрӯз, 21-уми январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе зиёд шудани фурӯши барқи Тоҷикистонро ба Афғонистон рад карда, афзуд, воқеан роҳбарияти кишвари ҳамсоя чунин дархост кард, аммо ҷониби Тоҷикистон посух додааст, имконият надорад.
Вазири энергетика мегӯяд, ҳаҷми барқе, ки феълан ба Афғонистон содир мешавад, ба хотири нигоҳ доштани низом ва хатҳои интиқоли барқ аст. Ӯ нархи як киловат барқи Тоҷикистонро барои Афғонистон 3,7 сент арзёбӣ кард.
Вазир гуфт, дар соли гузашта ба хориҷи кишвар 1 миллиарду 321 миллион киловат нерӯи барқ содир шудааст. Ин нишондиҳанда дар муқоиса бо содироти барқ дар соли пешӣ 37,1 фоиз зиёд аст.
Ин дар ҳолест, ки Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, раисҷумҳури Афғонистон охири моҳи октябри соли гузашта дар мулоқот бо Шарофиддин Имомов, сафири Тоҷикистон дар Афғонистон аз тасмими мақомоти тоҷик барои идомаи содироти нерӯи барқ ба ин кишвар истиқбол карда, сипосгузорӣ намуда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |