Бахшҳо
17 янв 2015 13:21Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Ҳалокати хонандаи интернат аз дасти директор ва муҳофизони бозор

Мақомоти пулиси вилояти Суғд мегӯянд, дар пайи латту кӯб аз ҷониби директор ва муҳофизони бозори “Назари нек”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, як хонандаи ноболиғи мактаб-интернат, ки дар мағозаи хӯроквории бозор даст ба дуздӣ задааст, ба ҳалокат расидааст.

Манбаъ мегӯяд, тахминан соати 01:30-и 15-уми январ ноболиғон Исоев Эраҷи 16-сола ва Ҷӯраев Зиёдбеки 17-сола, хонандагони мактаб-интернати бачагонаи шаҳри Чкалов ба маркази савдои «Сабрина», воқеъ дар бозори «Назари Нек»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров омада, бо роҳи шикастани дари мағозаи хӯрокворӣ, аз хазинаи он 386 сомонӣ маблағи пулиро гирифтаанд: “Ноболиғон аз ҷамъшавии кормандони бозор огоҳ шуда, барои ба дасти онҳо наафтидан ба дохили анбори мағоза даромада, дари онро аз дохил маҳкам мекунанд ва пинҳон мешаванд.”

Мақомоти пулис мегӯянд, директори бозори «Назари Нек», Ҷӯраев Рустамҷони 39-сола бо ду корманди дигари ин бозор - Юсуфов Бобурҷони 29-сола ва Файзиев Аҳлиддини 37-сола ноболиғонро аз дохили анбор бароварда, бо истифода аз мушту лагад ва пояи мизи пластмассӣ онҳоро зери лату кӯб қарор додаанд: “Дар натиҷа, ноболиғ Ҷӯраев Зиёдбеки 17 сола, ки ятим будааст, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Ноболиғи дигар Исоев дар беморхона бистарӣ гардидааст.”

Пулис изҳор медорад, феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
Истиклол
Ин хел шахсони нобакоре, ки самасуд мекунанд, хатман бояд чазо дод.

Merob
Бадбахти дректори мактаб ва хамон кормандони бозор шумо боре хам дузди накардаед шумо чалодони ифлос

точик
Чавоби чиноят бо чиноят, худ чиноят аст.

Арвохи ятим мезанад, МЕ-ЗА-НАД!!! Ба хуни ЯТИМ дар киёмат чавоб хохед дод, мазлумони беимон!!! Шумо хамаги худ ДУЗДЕД, агар ятим як бурда нон гирифта бошад, шумо бо нафси хароми бозории худ миллионхо фиреб додаву дуздидаед!!! Хамин казия сари ту хам худо хохад, меояд!! Худо охирати ятимро мунаввар гардонад!!

э мур ту барин сохибкори пулдор. О хаму кудако пулата мебурдан хайр мешуд. Ту солхои зиёд хурди аку сер нашуди, хам ду ятим 300 сумта гирифтан камбагал шуди.. ЭЭЭ беинсофе...

Мур аз хамун рузат директори бозор нашуда.Худозада.Холо боз пул дода халос мешавад.

Детдом
Агар сари ятимонро сила мекарданду, каме гизо медоданд, дигар асло онхо ба ин амал даст намезаданд.

ин хамаш дурук ту умед а худ ба худ гап назан ахмок ту зохири ахмок чия медони вай директоаи бозора бо тухмат шинондан

Умед э бадбахт ту худат хеч гапро намедони чи инча гап мезани

ЗОХИР,
э ту а кучо медони бадбахт хамаш дурук ин гапо

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)