Валиҷон ва Тахмина муддаиёни ҷоизаи "Big Apple Music Awards”
Валиҷон Азизов ва Тахмина Ниязова, ду хонандаи попи тоҷик имсол муддаиёни ҷоизаи "Big Apple Music Awards-2015. Gold Edition"-анд. Саҳифаи Фейсбукии ҷоиза менависад, ин хонандаҳои тоҷик барои нашри махсуси ҷоизаи маъруфи мусиқии Амрико, ки ба унвони “Нашри тилоӣ” ном бурда мешавад, талош хоҳанд кард.
Соли сипаришуда хоҳарон Шабнаму Фарзона ва Баҳроми Ғафурӣ дар ин ҷоиза иштирок доштанд. Шабнамb Сурайё инчунин дар соли 2009 ҷоизаи “Беҳтарин овозхони зан аз Тоҷикистон”-и "Big Apple Music Awards” -ро соҳиб шуд. Баҳром Ғафурӣ низ дар шаш соли пеш “Беҳтарин овозхони ҷавони Тоҷикистон” дар ин ҷашнвора эътироф гардидааст. Ҳамчунин, Ҷӯрабек Муродов ва писараш Ҷонибек ҳам ҷоизадори “Big Apple Music Awards”-анд. Ҷӯрабек Муродов соли 2011 “Чеҳраи мондагор” ва Ҷонибек “Беҳтарин овозхони Осиёи Миёна” шинохта шуданд. Ҷонибек соли 2009 ҷоизаи “Беҳтарин овозхони мард аз Тоҷикистон”-ро ба худ ихтисос дод.
Big Apple Music Awards ҷоизаҳои худро аз соли 2008 ба ин сӯ тақдим мекунад. Маросими эътои ин ҷоизаҳо ҳар баҳор дар Ню-Йорк мегузарад. Муассиси аслии ин ҷоиза шабакаи телевизионии Эридуни ТиВи-и Амрико мебошад. Маросими ҷоизасупории "Big Apple Music Awards” дар Ню-Йорки Амрико баргузор мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |