Бахшҳо
15 янв 2015 10:28Тоҷикистон / Сиёсат

Боздошти узви гуруҳи “Намоз”, даъвогари давлати исломӣ дар Ваҳдат

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 45-солаи ноҳияи Ваҳдат хабар дод, ки ба баҳонаи ташкили давлати исломӣ молу амволи мардумро ғорат мекардааст.

Ин ниҳод мегӯяд, боздоштшуда Ёрмаҳмад Сайфуллоев сокини деҳаи Чиртаки ноҳияи Ваҳдат дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ғайриқонунӣ силоҳ гирифта, дар ҳайати гуруҳи ҷиноии “Намоз” ба латтукӯб ва ғорати мардум даст задааст: “Боздоштшуда ба баҳонаи ташкили ҷабҳа барои давлати исломӣ, бо зӯрӣ дар шаҳраки Обигарм, деҳоти Ҳакимии ноҳияи Нуробод, ноҳияи Ваҳдат, Ҳисор, ҷамоатҳои Роҳатӣ ва теппаи Самарқандии ноҳияи Рӯдакӣ ва маҳаллаи Қаротегини шаҳри Душанбе мардумро латтукӯб намуда, молу амволашонро гӯиё барои ташкили давлати исломӣ ғасб мекардааст.”

Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, феълан алайҳи Сайфуллоев парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ин ниҳод аз шаҳрвандони кишвар, ки аз дасти Сайфуллоев ҷабр дидаанд, хоҳиш намудааст, ба мақомот муроҷиат кунанд.

Намоз Қурбоналиев, ки боздоштшуда ҳамчун як узви гуруҳаш арзёбӣ мешавад, аз ҷумлаи собиқ фармондеҳони мухолифини замони ҷанги шаҳрвандӣ дар минтақаи Кофарниҳон мебошад, ки феълан барои ҷиноятҳои вазнин дар солҳои ҷанг зиндонист.
Мӯҳр
олим
Офарин В КД нест кунед инхелгурухои бадахлокро

ин бадруй номи исломро бадном мекунад, афташро бинед мисли бангихо барин, афташ даргур.

Радиои Озоди мегуфтед, ки хамин нохияи Вахдаташ дар кучост? Вахдат гуфтани шахра Точикистонба шунидиям, аммо Вахдат гуфтани нохияро дар радиои Озоди мешунавам..Монда шудем аз гуптана.. Аввал андеша, баъд гуптор..Диккат дихед, ки чи менависед? Мо лак,аёра шумо тамоман заблужденияба мебаред.. К,ариб буд, ки ду-се напармона барои шахру нохияи Вахдат супорит шава.. Як таптиш кунед...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)