Бахшҳо

Шикояти “Тоҷикстандарт” аз фиребкориҳои “Барқи тоҷик” ба ҳукумат

Агентии “Тоҷикстандарт” мегӯяд, ширкати “Барки тоҷик” зимни пешниҳоди ҳисобкунакҳояш барои санҷиш ба таъхиркорӣ роҳ медиҳад ва ҳатто дар бархе аз ҳолатҳо ин вазифаи худро ба дӯши муштариёнаш мепартояд.

Шукурзода Бахтиёр, директори Агентии «Тоҷикстандарт” имрӯз, 9-уми январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, ба далели саривақт пешниҳод нашудани ҳисобкунакҳо аз ҷониби “Барки тоҷик” нақшаи санҷиши ин ҳисобкунакҳо зиёдтар аз 50% иҷро нагардид.

Ҷурахон Раҳимов, сардори Раёсати таъминоти метрологӣ, воситаҳои ченак ва акредитатсияи Агентӣ дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ҳисобкунакҳои якфаза бояд дар 8 сол ва ҳисобкунакҳои сефаза дар чор сол як бор бояд аз санҷиш гузаронда шавад. Ӯ таъкид намуд, ки “пешниҳоди ҳисобкунакҳои барқӣ ба уҳдаи “Барқи тоҷик” аст, вале дида мешавад, ки худи муштариён ҳисобкунакҳои барқии худро гирифта, ба Агентӣ меоранд.”

Ба иттилои “Тоҷикстандарт” тибқи нақша бояд “Барқи тоҷик” моҳе 414 ҳисобкунаки сефазагӣ ва 8 ҳазору 337 адад ҳисобкунаки якфазагӣ барои санҷиш пешниҳод мекард, аммо амалӣ накард: “Яке аз мушкилоте, ки ба таъмини саросарии ченаки ягона дар кишвар таъсири манфӣ расонида, ба талафоти нерӯи барқ мусоидат менамояд, ин иҷро нагардидани нақшаи санҷиши ҳисобкунакҳои барқӣ мебошад. Тибқи стандартҳои байналмилалӣ аз се як ҳиссаи талафоти барқ ба санҷиш накардан ва ё корношоям будани воситаҳои ченак вобастагӣ дорад.”

Масъулони “Тоҷикстандарт” инчунин таъкид намуданд, ки дар шабакаҳои барқи Душанбе навъҳои воситаҳои ченаке истифода мешаванд, ки дар Феҳрасти давлатӣ ба қайд гирифт нашудаанд: “Яъне бе иҷозати расмӣ барои истифода дар қаламрави Тоҷикистон солҳост, ки кор фармуда мешаванд, ки ин хилофи талаботи қонун “Дар бораи таъмини ченаки ягона” мебошад”.

Масъулини “Тоҷикстандарт” афзуданд, ки барои роҳ додан ба чунин камбудиҳо ва дағалона вайрон намудани қонунгузорию қоидаҳои метрологӣ се бор ба роҳбарияти “Барки тоҷик” ва ҳукумати Тоҷикистон мактуб ирсол кардааанд: “Ҳукумат ба “Барқи тоҷик” супориш дод, ки камбудиҳоро рафъ кунад, аммо ин мушкилот то ҳол ислоҳ нашудаанд. Бояд масъалаи мазкур дар сатҳи болоӣ баррасӣ ва ҳал шавад.”

Тибқи иттилои расмӣ дар Тоҷикистон 1 миллиону 146 ҳазору 196 муштарӣ ҳисобкунаки барқии якфаза ва аз 26046 муштарӣ ҳисобкунаки сефаза доранд.
Мӯҳр
мутахасиси соха
Точикстандарт дуруг мегуяд дар бораи азсанчиш гузарондани хисобкунакхои нав воридшуда. Дар вактхои санчиш хангоми адои вазифа маълум мешавад ки хисобкунакхои нав воридшуда бе ягон санчиши лабаратори тамгаи гостандарт зада шудааст.Хатто дар муруаватхои хисобкунакхо тамгахое ки аз хорича меоянд канда нашудааст.Холо онки аз лабаратория гостандарт гузаронида шуда бошад бояд ки муруватхои хисобкунак кушода шудабошад ва тамгахои хоричи кандаги бошад.

о
мутахасиси соха,

Рост мегуяд Точикстандарт. Ман шахсан ду маротиба хисобченкунакхои худро ба Барки Точик барои тамга задан бурда будам. Хол он ки ин кори ман нест. Худи барки Точик бояд омада онро дар хонаи ман тамга бизанад.

Тезрав.Исфара
То.стандарт дар ин бахс мутлако хак нест.зеро он на гами дуруст кор кор кардани ченкунакхоро дорад, балки дар гами ба даст овардани маблаги калони бе дарди миёне мебошад, ки метавонад аз ин "марака" ба даст орад. Ман хисобкунакамро бо 15 сомони ба точстандарт бурда будам, шахси масъулаш хатто дониши кофи надошт (хатто ба кучо бояд пломба занад намедонист), аммо гиоифтани пулро хуб медонист.
Умуман ман фикр мекунам, ки таъмини санчиш ва кори дурусти хисобкунакхоро ба души худи Точбарк гузоштан зарур аст , чунки чамоварии маблаги фуруши барк ба зиммаи ин муассиса аст.Точстандарт бошад назорат кунад, ки барк бо сифати зарури ва бе танаффусхои зиёдати ба андозсупорон (шахрвадони мамлакат) , ки аз хисобашон хамин Точстандартхам зиндаги мекунад, таъмтн карда шавад. ФКАТ БО САБАБИ ПАСТ БУДАНИ ШИДДАТИ ШАБАКА(ба чои 220В +-7÷15%, 140В) КИ ГУФТА МЕТАВОНАД, КИ ЧИ МИКДОР ЯХДОНУ КОМПЮТЕРХО ВА ДИГАР АФЗОРХОИ БАРКИИ МАРДУМ АЗ КОР МЕБАРОЯНД. ИНРО КИ НАЗОРАТ МЕКУНАД?!!!!!

....
Тезрав.Исфара,

Шумо бутун хафтафахм будед тасаддук. Дурусттар хонед маколаро. Точикстнадарт гуфтааст, бояд Бакри точик ченкунакхоро гирифта ба Точикстандарт барои тамга задан барад, на ин ки ману шумо. Ба манфиати шумо гап мезанад, шумо бошед ким чихо гупта гаштед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)