Зоиров дар додгоҳ: Қудратов поквиҷдон аст ва парвандаҳо сохтаю супоришиянд
Раҳматилло Зоиров, вакили дифои Шуҳрат Қудратов имрӯз, 8-уми январ зимни мурофиа дар Додгоҳи Душанбе ҳар ду парвандаи ҷиноиро алайҳи зерҳимояаш сохта ва фармоишӣ хонда, аз додрас озодияшро талаб кард.
Зоиров махсусан аризаи даъвогии Турабек Охуновро зикр кард, ки ихтиёрӣ набуда, бо супориши мақомот навишта шудааст ва таъкид намуд, ки баъзе зиддунақизҳо дар ин иддао ҷой доранд. Ӯ аз додгоҳ хост, аз рӯи моддаи 320 алайҳи Қудратов парванда қатъ шавад, зеро дар аъмоли Қудратов ягон таркиби ҷиноят дида намешавад. Дар мавриди парванда аз рӯи моддаи 247 Зоиров аз додгоҳ хост зерҳимояаш афв шавад.
Зоиров таъкид намуд, ки Турабек Охунов, ки Қудратовро аз рӯи моддаи 247 айбдор мекард, расман бо навиштани ариза аз даъвояш даст кашид. Вакили дифоъ дар мурофиа зерҳимояашро шахси поквиҷдон муаррифӣ карда, далел овард, ки 8 ҳазор доллари баҳсбарангезро Қудратов аз Охунов бе ягон шоҳиду аснод гирифтааст ва метавонист онро куллан рад кунад. Аммо ҳар чизе, ки буд, Қудратов онро ошкоро иқрор кардааст ва аз додгоҳ хостааст, инро ба назар гирад. Фардо, 9-уми январ дар мурофиаи додгоҳӣ баромади ниҳоии Шуҳрат Қудратов дар назар аст.
Зоиров изҳори умед намуд, ки додгоҳ ҳукми одилона бароварда зерҳимояашро озод хоҳад кард. Ин дар ҳолест, ки Самандар Абдуллозода, айбдоркунандаи давлатӣ аз Додгоҳи шаҳри Душанбе хост, Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқшиноси боздоштшудаи тоҷикро ба 11 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кунад.
Айбдоркунандаи давлатӣ рӯзи7 январ зимни баромадаш дар Додгоҳи Душанбе гуфт, дар мурофиа гунаҳкор будани Қудратов исбот шуд: “Моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ 9 соли зиндон ва моддаи 320-и ин Кодекс то 6 соли зиндонро пешбинӣ кардаанд.”
Ӯ дар маҷмуъ аз додрас хост, Қудратовро ба 11 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кунад ва бо назардошти қонуни афв аз се як ҳиссаи ин муҳлатро кам кунад. Айбдоркунандаи давлатӣ инчунин талаб намуд, ки 7 ҳазор доллари ҷуброни зарари расонда ба Охунов аз ҷониби Қудратов пардохт карда шавад. Абдуллозода зимни ироаи дархосташ зикр намуд, ки дар қазияи Қудратов омили сабуккунанда фарзандони ноболиғи айбдоршаванда мебошанд.
Қудратов аз рӯи моддаи 320 дар он айбдор мешавад, ки барои сафед кардани зерҳимояаш - Амиралӣ Суламаев аз ӯ гӯиё 2 ҳазор доллар талаб карда, гуфтааст, ин маблағро ба судя медиҳад. Амиралӣ Суламаев як ҳамҷавобгар будааст, ки ҳамроҳ бо Парвиз Бадалов дар расондани зарари молӣ ба ширкати “Пайванд” айбдор мешудаанд. Аммо Қудратов иддао дорад, ин маблағҳо барои пардохти ҷуброн ба ҷабрдида - раиси ширкати “Пайванд” пешбинӣ шуда буданд.
Инчунин Қудратов аз рӯи моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ дар қаллобӣ муттаҳам мешавад. Турабек Охунов қаблан иддао дошт, Қудратов зимни ҳимояи ҳуқуқҳои бародараш - собиқ раиси ширкати "Мовароуннаҳр" - Ҷурабек Охунов, 7 ҳазор доллари амрикоияшонро гирифта, то ҳол барнагардондааст. Тибқи баромади айбдоркунандаи давлатӣ Турабек Охунов бо Қудратов дар барои ҳимояи ҳуқуқи бародари боздоштшудааш, Ҷурабек Охунов созиш карда, ҳаққи ҳармоҳаи вакили дифоъро 500 доллари амрикоӣ муайян намудаанд: “Аммо моҳи сентябри соли 2012 Қудратов аз Охуновҳо боз 10 ҳазор доллари амрикоӣ талаб кардааст. Ба ӯ 8 ҳазор доллар додаанд, ки баъдан ҳазор доллари онро баргардонда, 7 ҳазор доллари дигарро ба манфиати худ истифода кардааст.”
Дар мурофиаи рӯзи 24 декабр Турабек Охунов зимни шоҳидияш дар додгоҳ баён дошт, ки аз даъвояш алайҳи Қудратов даст кашид ва маблағҳоро низ бахшидааст. Охунов дар шарҳи ин тасмимаш ба “Озодагон” гуфт, “ман ҳоли Қудратовро дида ва фикри зану фарзандонашро карда, аз даъвоям даст кашидам.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |