Бахшҳо

Посухи Маркази исломӣ ба дархости ҷиҳод дар Тоҷикистон

Маркази исломии Тоҷикистон, ягона ниҳоди содиркунандаи фатво дар Тоҷикистон бо нашри як баёния аз дархости ахири ҷангҷӯёни тоҷики гуруҳи террористии “Давлати исломӣ”, маъруф ба ДИИШ барои ҷиҳод дар кишвар нигаронӣ кардааст.

Дар баёнияи ин ниҳод, ки нусхаи он дастраси “Озодагон” гардид, аз ҷумла омадааст, “дар кишваре, ки зиёда аз 99 дарсади онро мусулмонон ташкил медиҳанд, чӣ гуна “муҷоҳид”-е (ва он ҳам ҳамватани мо) метавонад “ҷиҳод” бикунад? “Ҷиҳод” бо кӣ мекунанд? Ин ҳақро ба онҳо кӣ додааст, ки нисбат ба як кишвари дорои беш аз ҳашт миллион мусулмон ҳукм намоянд?!”

Ахиран, ба Интернет наворе роҳ ёфт, ки дар бораи дархости ҷангҷӯёни тоҷик дар Ироқ аз Абубакр Бағдодӣ, раҳбари созмони террористии ДИИШ барои ҷиҳод дар Тоҷикистон қисса мекунад. Дар ин навор як шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз худ Абӯ Умариён ном мебарад, мегӯяд, онҳо аз Бағдодӣ дархост кардаанд, барои ҷиҳод дар Тоҷикистон иҷоза диҳад. Вале ба гуфтаи онҳо, дар посух омадааст, ки ҳоло каме сабр кунанд.

Маркази исломии Тоҷикистон дар баёнияаш мегӯяд, ин гуна дархост хоси террористон буда, ин афрод ҳаргиз аз дину ойини хеш дарак надоранд. Ба гуфтаи масъулини марказ, дархости “ҷиҳод” дар ҳоле сурат мегирад, ки тибқи таълимоти дини мубини Ислом, аз ҷумла мазҳаби Ҳанафӣ нишонаи муъмин он аст, ки бо забон калимаи шаҳодат ронад ва бо қалб онро тасдиқ намояд: “Яъне, “ҷиҳод”-и эшон дар Тоҷикистон фикри ҷоҳилона ва бемаъност. Пас, ин ифротиёни хоин бояд дар тафаккур ва андешаи худ ҷиҳод бикунанд! Худои бузург дар Қуръони азимушшаън фармудааст: “Ва ҳар ки мӯъминеро ба қасд бикушад, пас, ҷазои ӯ дӯзах аст, дар он ҷовид бошад; ва Худо бар ӯ хашм гирифтааст ва ӯро лаънат кардааст ва азоби бузург барои ӯ омода сохтааст.”

Маркази исломии Тоҷикистон дар идома гуфтааст, нишонаи имондории шахс дӯст доштани Ватан аст ва ин ҳам дар Қуръони карим ва ҳам дар суннати расули Худо борҳо таъкид шудааст: “Дар ҳоле ки ин гуруҳи ба ном “Давлати исломӣ” худ муҳимтарин аҳкоми шариати исломиро риоя намекунанд, чӣ гуна метавонанд аз боби ҷиҳод ҳарф бизанад?”

Дар охир аз сокинони кишвар даъват шудааст, бо дарназардошти ҳамаи ин хатарҳо ва падидаҳои номатлуб, падару модарон ва дар маҷмӯъ ҷомеаро мебояд, дар ин самт бетараф набошанд ва ҷиҳати тарбияи дурусти насли наврас ва ҷавонон иқдом кунанд.
Мӯҳр
Аҳсан. Хеле интизор будем, ки лоақал маркази исломӣ вокуниш кунад. Худо лаънат кунад чунин тоҷикеро ки берун аз ватан дар сар фикри ҷиҳод бар зидди падару модарашро мекунад

Фирдавс
Шукри Худо. Хайрият ин ниход овоз баровард. дуруст мегуяд ки "Ин ҳақро ба онҳо кӣ додааст, ки нисбат ба як кишвари дорои беш аз ҳашт миллион мусулмон ҳукм намоянд?!"...

бе ном
Ба шумо ки хак додааст ки то 18 сола рафтани масчидро манъ кунед хичобро инчунин масчидро бубандеду диска клубхоро кушоед ???

Гумон намекунам ягон ТОҶИК хоҳиши ба Тоҷикистон омадани ин бодиянишинонро дошта бошад. мо безорем аз шумо Абухолид Абу балову абубатар. Ба мо кордор нашавед. Исломе ки мо мешиносем куштору терроризм нест. Шумо ҳамаатон фурухташудед!!!!

Албатта, муборизаҳое, ки имрӯз дар кишвари Сурия ҷараён доранд, муборизаи манфиатҳои алоҳида буда, мутаассифона бархе аз ҷавонони мо низ ноогоҳона дар ин ҷангҳо иштирок мекунанд.
Ривоят аст, ки ҳазрати Алӣ (р) гуфтаанд:
“Дар замине, ки парчамҳои сиёҳро дидед, аз ҷои худ ҳаракат накунед. Ба ин маъно, ки даъвати онон ботил аст ва набояд ба кумаки онон биштобед. Сипас, қавми заифе зоҳир мешавад, ки қалбҳояшон монанди пораҳои оҳан сахт аст, онҳо вафодор ба ҳеҷ аҳде нестанд, ба ҳақ даъват мекунанд, дар ҳоле ки худ аз аҳли он нестанд, номҳояшон куня (лақабӣ) ва нисбатҳояшон аз номи шаҳрҳо гирифта шудааст, то ин ки дар байни худ ихтилоф ба вуҷуд меоранд ва Худованд ҳақро ба касе, ки хоҳад, ато мекунад”.
Дар ин рӯзҳо, ки муборизаҳои мазҳабӣ бо либоси ҷаҳонишавӣ бештари кишварҳоро фаро гирифтаанд, бепарвогии мо ба манфиати кор нест.
Ҳазрати Али ин гапро беш аз 1400 сол пеш гуфт. он қавм имруз зуҳур кард... Ба Худо паноҳ баред аз шарри ин одамҳои шайтонсифат. Худо миллати моро суботи абадӣ насиб гардонад. Омин гуед бародарони азиз

ю
Чиход пафтан ин кор шахсии хар як мусулмон аст. Касе ба ин дахолат кардан, тем более махкум кардан, хукук надорад. Чиход шахсони боимону бо дилу гурда мераванд.

КАРОМАТ
Ҳазрати Алӣ 1400 сол пеш аз гуруҳаки тераристии ДОИШ хабар додааст.
حَدَّثَنَا الْوَلِيدُ ، وَرِشْدِينُ ، عَنِ ابْنِ لَهِيعَةَ، عَنْ أَبِي قَبِيلٍ، عَنْ أَبِي رُومَانَ، عَنْ عَلِيِّ بْنِ أَبِي طَالِبٍ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ ، قَالَ" إِذَا رَأَيْتُمُ الرَّايَاتِ السُّودَ فَالْزَمُوا الأَرْضَ فَلا تُحَرِّكُوا أَيْدِيَكُم، وَلا أَرْجُلَكُمْ، ثُمَّ يَظْهَرُ قَوْمٌ ضُعَفَاءُ لا يُؤْبَهُ لَهُمْ، قُلُوبُهُمْ كَزُبَرِ الْحَدِيدِ، هُمْ أَصْحَابُ الدَّوْلَةِ، لا يَفُونَ بِعَهْدٍ وَلا مِيثَاقٍ، يَدْعُونَ إِلَى الْحَقِّ وَلَيْسُوا مِنْ أَهْلِهِ، أَسْمَاؤُهُمُ الْكُنَى، وَنِسْبَتُهُمُ الْقُرَى، وَشُعُورُهُمْ مُرْخَاةٌ كَشُعُورِ النِّسَاءِ، حَتَّى يَخْتَلِفُوا فِيمَا بَيْنَهُمْ، ثُمَّ يُؤْتِي اللَّهُ الْحَقَّ مَنْ يَشَاءُ.

Дар ин ҳадиси шариф ҳазрати Алӣ1400 сол пеш ба нуҳ сифати доишиҳо ишора кардааст ва ноҳақ будани онҳоро ба ҳамгон пешопеш гуфтааст

1Доштани Парчами сиёҳ. (воқеан рост аст чун парчамшон ҳақиқатан сиёҳ аст)

2Доштани давлат. (воқеан рост аст чун онҳо худашонро давлати исломӣ хондаанд)

3Аз шаҳрҳои гуногунанд. (воқеан рост аст чун онҳо аз дигар кишварҳо ҷамъ шудаанд. Муфти сурия эълом кард ки онҳо аз 86 мамлакат ҷамъ шудаанд аз ҷумла тоҷикҳои шарманда ки тибқи гуфтаҳо ба 300 нафар расидаанд)

4Ҳамааш аҳли куняанд. (воқеан рост аст чун ҳамаашон номашона ба номҳои араби алиш кардаанд ба монанди Абу бакри бағдодӣ, Абу ёсини Ҳарронӣ, Абу ямомаи Дусарӣ, Абу зинати Либӣ, Абу ҳафсаи Анборӣ, Абу анаси Шомӣ, Абу аюби Сумолӣ ва...

5Доштани муҳи баланд. (воқеан рост аст чун аксарияти онҳо бо сару риши баланд ҳастанд ҳамчунон ки дар суратҳо дар ҳамаҷо мебинем)

6Бераҳмӣ ва сангдилӣ. (воқеан рост аст чун аз инҳода одами бераҳм намешавад чун фақат кала мебуранд ҳатто аз кудаконро ҳамчунон ки дар видиёҳо дидаем ва мебинем)

7Ихтилофҳои дарунӣ доранд. (воқеан рост аст чун имруза дар ахборҳо мехонем ки худашон бо худашон соз намегиранд ва руз ба руз як гуруҳ ва як халифаи нав мегиранд ва ё аз ҳам ҷудо мешаванд )

8Ноҳақбудан ва гумроҳӣ. (воқеан рост аст чун корҳои онҳо тамоман бо ислом соз намегирад)

9Шикаст хоҳанд хурд. (воқеан рост аст чун руз ба руз онҳо дар ҳоли шикаст ҳастанд ҳукумати ироқ заминҳои онҳора руз ба руз аз дасташон гирифта истодааст)

Дустон! ҳазрати Алӣ пас аз Паёмбар босаводтарин одам дар руи замин буд. Инру худи саҳабаҳо ҳам гуфтаанд худи Паёмбари гиромии ислом ҳам ҳазрати Алиро дар ҳадиси машҳуре дари илму дониш хондааст. Яке аз ҷоҳое ки ҳазрати Алӣ илми худашро ба хуби нишон додааст дар ҳамин ҳадис аст. Шумо агар хусусиёт ва рафторҳои гуруҳаки тераристии ДОИШ ро бидонед ба хуби мефаҳмед ки сад дар сад ин ҳадис бар онҳо мунтабиқ аст ва созгорӣ дорад. Он ҳазрат дар ин ҳадис саифатҳои ин гуруҳаки терариси одамкуши ДОИШ ро як хед баён кардааст ки гуё онҳора дидаву дониста гуфтааст. Яъне комилан дуруст баён кардааст

нозим
Илми гайбро кас намедонад, ба чуз Парвардигор
Хар, ки гуяд, ки ман медонам ба у бовар мадор.КАРОМАТ,
Наргис,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)