Бахшҳо
06 янв 2015 15:59Тоҷикистон / Тема дня

Қосимзода: Харидуфурӯши мансаб дар Тоҷикистон нест

Қосимзода Гурез Ҷурахон, муовини якуми раиси Агентии хизмати давлатии назди президенти Тоҷикистон имрӯз, 6-уми январ зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе сарусадо оид ба фурӯши мансабҳои давлатӣ дар кишварро рад намуд.

Қосимзода изҳор дошт, ки то ҳол, аз ҷумла тайи соли 2014 дар робита ба харидуфурӯши мансаб ягон шикояте ба Агентии хизмати давлатӣ ворид нашудааст. Ба гуфтаи ӯ давоми як сол ҳамагӣ ду шикоят ба Агентии хидмати давлатӣ ворид шудаанд, ки яке дар бораи ҷобаҷогузории нодурусти кадрҳо дар Вазорати нақлиёт ва дигаре дар бораи нодуруст ҳисоб кардани собиқаи корӣ буд.

Ӯ изҳори боварӣ намуд, ки дар кишвар харидуфурӯши мансабҳои давлатӣ вуҷуд надорад. Қосимзода қаблан гуфт, шояд ҳангоми гузарондани озмунҳо тақаллубе сурат гирад, вале то ҳол мансабфурӯшӣ ба қайд гирифта нашудааст. Муовини якуми раиси Агентии хизмати давлатӣ гуфт, дар соли 2014 12 ҳолати бе озмун ба хизмати давлатӣ қабул намудани кормандон ба қайд гирифта шуд, ки ислоҳ гардиданд. Ӯ инчунин илова намуд, ки дар соли 2014 ҳамаи изматчиёни давлатӣ бо муваффақият аз аттестатсия гузаштанд.

Ин дар ҳолест, ки миёнаҳои соли 2014 Амрико бо нашри як гузориши байналмилалӣ изҳор дошт, ки мансабхарию мансабфурӯшӣ дар Тоҷикистон ба як падидаи маъмулӣ табдил ёфтааст. Оҷонсии зидди фасод низ аз боздошти як мансабдори Хадамоти гумрук хабар дода буд, ки барои вазифа аз зертобеяш ҳудуди 15 ҳазор долллари амрикоӣ пора гирифтааст.
Мӯҳр
Негр
Приколисти зур будай ку ин акамон.

Tojik
Мансабхар худаш пул дода мехарад, боз барои чи шикоят кунад?

Афсонанависон)))Очередной сказочник)))Озодагон ба фикрам худатон кайф мекунед аз тн гуна хабархо.Яктояш мугуяд,ки дар Точикистон коррупция вучуд надорад,дигар мегуяд,ки сохиби вазифа шудааст на барои он,ки хешу табори президент.Акнун боз инаш)))

Офарин чаноб. мансаб себи гарм нести ки бариву дар гипрозем фуруши. Порахуру порадех харду чинояткоранд, пас кадом аблах ба агентии шумо омада ахбор медихад? Дар хар сурат барои чунин гап дар Точикистон гуфтан забонам намегардад чи гуям.............

ььььь
Худут аник нахаридаи мансабро

Устод кудакора дар говара хандонди неки. Мо аз шумо барин рохбар дигар чихел ободшавии ватанамонро умед кунем

Мехочир

Дуруггуи чавобгари хам дорад.

Дар хакикат бехуда нагуфтаанд, ки офтобро бо доман пушонида намешавад, дар холате ки хама чиз аён асту хочат ба баён нест. Якбор тахлил гузаронед, ки барои чи хангоми вазифаро бо пора гирифтан шахси вазифахар бо кадом максад онро сохиб шудааст. Максад якто, дар оянда маблаги додаашро бо якчанд маротиба зиёдтар аз худ кардан, сохиби сармояи(капитал) калон шудан, ва набарои обод намудан, хизмат ба мардум ва сохиби обруи шудан кор мекунанд. Бовар кунед хамин хариду фуруши мансабу вазифахо ба таври васеъ аз давраи Хукумати мусолихаи миллй сар шуд ва инро аввалин шуда бародарони 30 %-а кушоду равшан истифода бурданд.Дар холате, ки система ба чунин касал дучор шудааст, онро аз ин табобат кардан хело мушкил аст.

Озодагон барои давоми шархи манро кайчи кардед, ё ба Шумо хам барои ба пурраги навиштан бояд пора додан зарур аст. Агар давомашро чоп накунед ман бовар мекунам, ки Шумо низ барои пешравии чомеъа зид хастед.

Давоми шархи худро бори дигар баён мекунам, чунки мазмуни он низ ба хамин касалии мансаб фурушиву мансабхари вобастагии калон дорад. Хангоми сохиби мансаб шудан, шахсе ки онро гирифтааст (махсусан раиси нохияхо) аввало ба боло мурочиат менамояд, ки аз сабаби зиёд будани ахоли талабот ба замини наздихавлиги бештар аст. Барои дар боло онро тезтар гузаронидан бояд ба хар як утокхои кори маблаг харочот намуд ва хамаи он харочотхо бо фоизхои болоиаш аз хисоби талабгори хакикии замин( дар бисёр холатхо хариду фуруши оянда хаст) ситонида мешавад. Дар сурати чунин таксимоти(фуруши) заминхои хуби кори як чанд сол баъдтар кабудиро низ аз мамлакати Покистон ворид мекунем.

додситон
Хайр, рост гуфтааст раис. Хариду фуруш намекунанд мансабора. Вайора падарка мекунанд. Падарка чиноят нест-ку? Худушда хам масаба падарка кардагиянд. Барои хамин мега хариду фуруши мансаб нест дар Точикистони азиз. Росташа гуфтаст раис!!!!

2
чойпули будагист де по другому так звучить эта фраза

Ин хел гапхоро нагуен...!
Уболай!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)