Бахшҳо

Ҳабси “пасандоз”-и модари Қудратов барои ҷуброни "зарар"-и Бобораҷабова (АКС)

Иҷрочиёни суди ноҳияи Фирдавсӣ қарори ҳабси беш аз 22 ҳазор доллари амрикоиро баровардаанд, ки баъди боздошти Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқшиноси тоҷик аз хонааш мусодира шуда буд.

Тибқи қарори судиҷрочиён маблағи мусодирашуда барои пардохти ҷуброни зарари Моҳира Бобораҷабова равона мешавад, ки Зайд Саидовро дар таҷовуз ба номус ва вакили дифояш-Шуҳрат Қудратовро дар паст задани шаъну шарафаш муттаҳам мекард. Додгоҳи Фирдавсӣ низ тобистони соли гузашта иддаои Бобораҷабоваро қонеъ карда, Қудратовро барои паст задани шаъну шараф ба пардохти 200 ҳазор сомонӣ ҷуброн муваззаф намуда буд.

Аммо Раҳматилло Зоиров, вакили дифои Шуҳрат Қудратов дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, содир намудани чунин қарор ба салоҳияти судиҷрочӣ дохил намешавад ва аз болои он шикоят хоҳад бурд: “Ин қарори судиҷрочиён 2-3 рӯз пеш ба почтаам ворид шудааст ва давоми 10 рӯз ҳақ дорам аз болои он ба Вазорати адлия ё худ судҳо шикоят барам.”

Ин дар ҳолест, ки зимни мурофиаи додгоҳии Қудратов дар додгоҳи Душанбе, бародараш - Замир Қудратов шоҳидӣ дода, дар мавриди бозҷӯӣ ва мусодираи маблағ аз хонаашон гуфт, “вақте ман ба хонаи волидонам расидам, хонаро 8 нафар бозҷӯӣ мекарданд ва аз сандуқи очаамон ҳудуди 22 ҳазор долларро гирифтаанд. Азбаски худи Шуҳрат хона надорад, ҳамроҳи волидон зиндагӣ мекунад ва он маблағе, ки гирифтанд, қисман пасандози очаам буд.”

Соли 2013 бо даъвои Моҳира ва Гулнора Бобораҷабоваҳо Оҷонсии зидди фасоди молии Тоҷикистон алайҳи Зайд Саидов "барои таҷовуз ба номуси духтари ноболиғ ва ба исқоти ҳамл маҷбур сохтани зан" парвандаи ҷиноӣ оғоз намуда буд ва ҳатто иддао пеш гузошт, ки “ҷабрдида” аз Зайд Саидов соҳиби фарзанд мебошад. Аммо баъдан ташхиси ДНК ин иддаоро рад кард ва додгоҳ парвандаро барои тафтишоти иловагӣ бозгардонд. Номи Моҳира Бобораҷабова баъд аз он расонаӣ шуд, ки тобистони соли 2013 аксҳои ӯ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук нашр шуданд. Дар ин аксҳо Моҳира Бобораҷабова баъд аз рӯбарӯкунӣ бо Зайд Саидов аз Боздоштгоҳи муваққатӣ берун мерафт.
Мӯҳр
Одил
чаро ин хукуматдорон то ин хад золим шуда бошанд? о худи суд аз тухмату бухтон будани гапхои ин духтар мачбур шуд парвандаро ба тафтишоти иловаги фиристад
пас агар ин "судя"-хо одил бошанд ин тухматгар ро махкам кунанд на ин ки аз у барои зулм бар дигарандешон истифода баранд?
аз Худо тарсед!!!

Номус
дАР тОЧИКИСТОН ЗАБОНИ ДУЗДУ ЧАЛАБХО ДАРОЗ АСТ БОЗ ЧИ МЕХОХЕД

ин пасандозро бечора модари Шухрат Кудратов барои рузи мабодо пасандоз кардааст,лекин онро ба тухматчии худонотарс тухфа кардаанд. Ин пули кас ба каси дигар насиб намекунад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)