Баҳси ҳамсари Саидов ва давлат барои саҳмияҳои "Пойтахт"
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ саҳмияҳои Зайд Саидов, соҳибкори маҳкумшудаи тоҷикро дар маркази тиҷории “Пойтахт” ба фоидаи давлат мусодира кардааст, ки ин боиси норозигии ҳамсари Саидов-Латофат Тоирова шудааст.
Дар ин бора Исҳоқ Табаров, вакили мудофеи Зайд Саидов ба “Озодагон” хабар дода, афзуд, ки аз моҳи май инҷониб фоидаи саҳмияҳои Зайд Саидов дар маркази тиҷории “Пойтахт” ба суратҳисоби Оҷонсии зидди фасод ва ё худ буҷаи давлат гузаронда мешаванд.
Ба иттилои Табаров ҳамсари зерҳимояаш-Латофат Тоирова бо шикояти кассатсионӣ аз додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ хост, қарори қаблӣ бекор ва саҳмияҳо ба номи ӯ гузаронда шавад. Ин вакили дифоъ таъкид намуд, ки бо вуҷуди асоснок будани талаботи Тоирова додгоҳ тайи чор моҳи охир дар баррасии иддаояш таъхиркорӣ мекунад.
Маркази тиҷории “Пойтахт" аз 5 ошёна иборат буда, дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи маркази шаҳри Душанбе дар назди варзишгоҳи “Спартак” ҷойгир аст. Ин бино ба ширкати “Рос-Азия-Инвест”, ки 49 дарсади саҳмияҳояш моли Зайд Саидов буданд 51 дарсадаш ба писари Олег Сосковетс, муовини собиқи сарвазири Русия тааллуқ доранд. Дар маросими ифтитоҳи ин марказ дар соли 2010 Эмомалӣ Раҳмон, Маҳмадсаид Убайдуллоев, Зайд Саидов ва Олег Сосковетс иштирок намуда буданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |