Бахшҳо

28 номзади ҲХДТ: Аз ёварони президент то вазирон (АКС ва рӯйхат)

Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз, 13-уми декабр дар анҷумани пешазинтихоботӣ рӯйхати номзадҳояшро ба интихоботи парлумонии соли 2015 тасдиқ намуд, ки 28 нафарро дар бар мегирад.

Тавре иштирокдорони Анҷуман ба “Озодагон” иттилоъ доданд дар ин рӯйхат аз ҷумла Абдуҷаббор Азизов, ёвари президент оид ба масоили кадрӣ, Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи дин, Низом Қосим, шоир, Хайриниссо Юсуфӣ, вакили парлумон, Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдо, Қиёмиддин Нуралиев, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, Пӯлод Муҳиддинов, муовини вазири энергетика қарор доранд.

Манобеи "Озодагон" изҳор доштанд, ки Абдуҷаббор Раҳмонов, ректори Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон дар ин рӯйхат қарор надорад ва Ҷамила Раҳмонова, ноиби ректори Донишгоҳи миллиро ном бурданд, ки ба ҳайси номзад аз ҳизби ҳоким пешниҳод шудааст.

Инчунин манбаъ хабар дод, Эмомалӣ Раҳмон боз ба ҳайси раиси ҲХДТ интихоб шуд, вале муовинонаш иваз гардиданд. Аз ҷумла Сафар Сафаров, ки то ҳол муовини якуми Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳизби халқӣ демократии Тоҷикистон буд, ба нафақа фиристода шуда, ба ҷои ӯ Саидмурод Фаттоев таъин гардид. Саидмурод Фаттоев то ҳол ёвари президент оид ба масоили иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа буд. Манбаъ афзуд, ки ичунин Раъно Бобоҷониён ва Латифзода Асрор, муовинони нави Эмомалӣ Раҳмон дар ҲХДТ таъин гардиданд.


Рӯйхати номзадҳо аз ҲХДТ:

1)Азизи Абдуҷаббор, ёрдамчии президенти Тоҷикистон оид ба масоили кадрҳо
2) Низом Қосим, вакили Маҷлиси намояндагон
3) Хайриниссо Юсуфӣ, вакили Маҷлиси намояндагон
4) Афзалшоева Бибидавлат, вакили Маҷлиси намояндагон
5) Раҷабова Лутфия, муовини ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба тарбия
6) Олимҷон Сафаров, вакили Маҷлиси намояндагон
7) Амрихудои Дамдор, муовини якуми раиси вилояти Бадахшон
8) Дилрабо Мансурова, директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон
9) Дилшод Исматуллоев, вакили Маҷлиси намояндагон
10) Абдураҳим Холиқзода, раиси Кумитаи дин
11) Гулбаҳор Ашӯрова, директори Маркази миллии солимии репродуктивии Вазорати тандурустии Тоҷикистон
12) Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдо
13) Содиқова Насиба, муовини директор оид ба корҳои илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи улум
14) Пӯлод Муҳиддиниён, муовини вазири энергетика ва захираҳои об
15) Қиёмиддин Миралиев, муовини раиси Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ
16) Ориф Ҳакимов, сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Шаҳритус
17) Миралӣ Достиев, директори Муассисаи давлатии “Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ”
18) Қаноатшо Лоиқов, машваратчии шуъбаи амнияти иттилоотӣ, пешгӯӣ ва робитаҳои байналмилалии Дастгоҳи шӯрои амнияти Тоҷикистон
19) Раҷабмо Бадриддинова, сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои сиёсӣ ва шаҳрвандии Дастгоҳи ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон
20) Исломиддин Уроқов, мудири шуъбаи иқтисод, молия ва ояндабинии Дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе
21) Ҷамила Саидова, муовини Вазири кишоварзии Тоҷикистон
22) Фирӯза Шарифӣ, мудири шуъбаи кор бо занони дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ
23) Юсуф Маҷидӣ, муовини сардори раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон
24) Ҳусейн Нидоев, раҳбари дастгооҳи раиси ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон
25) Ҷамила Раҳмонова, муовини ректор оид ба тарбияи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон
26) Солия Қосимова, муовини раиси шаҳри Қӯрғонтеппа
27) Абдулло Раҳмонзода, ҳуқуқшиноси Дастгоҳи кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ
28) Шариф Шарифов, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси ноҳияи Зафаробод


28 номзади ҲХДТ: Аз ёварони президент то вазирон (АКС ва рӯйхат)

28 номзади ҲХДТ: Аз ёварони президент то вазирон (АКС ва рӯйхат)

28 номзади ҲХДТ: Аз ёварони президент то вазирон (АКС ва рӯйхат)

28 номзади ҲХДТ: Аз ёварони президент то вазирон (АКС ва рӯйхат)

28 номзади ҲХДТ: Аз ёварони президент то вазирон (АКС ва рӯйхат)

28 номзади ҲХДТ: Аз ёварони президент то вазирон (АКС ва рӯйхат)

28 номзади ҲХДТ: Аз ёварони президент то вазирон (АКС ва рӯйхат)

28 номзади ҲХДТ: Аз ёварони президент то вазирон (АКС ва рӯйхат)

28 номзади ҲХДТ: Аз ёварони президент то вазирон (АКС ва рӯйхат)

28 номзади ҲХДТ: Аз ёварони президент то вазирон (АКС ва рӯйхат)

28 номзади ҲХДТ: Аз ёварони президент то вазирон (АКС ва рӯйхат)

28 номзади ҲХДТ: Аз ёварони президент то вазирон (АКС ва рӯйхат)

28 номзади ҲХДТ: Аз ёварони президент то вазирон (АКС ва рӯйхат)

28 номзади ҲХДТ: Аз ёварони президент то вазирон (АКС ва рӯйхат)

28 номзади ҲХДТ: Аз ёварони президент то вазирон (АКС ва рӯйхат)

28 номзади ҲХДТ: Аз ёварони президент то вазирон (АКС ва рӯйхат)

28 номзади ҲХДТ: Аз ёварони президент то вазирон (АКС ва рӯйхат)

28 номзади ҲХДТ: Аз ёварони президент то вазирон (АКС ва рӯйхат)
Мӯҳр
аппаратчик
Кадрхои сазовор.махсусан Хайриниссо Юсуфи. Хозир с ХИНТ ва ба ном оппозиция хунхурда мешинанд. ба хамаи номзадхо комгори орзумандам.

Миралиев Киёмиддин бехтарн номзад мебошад ба у барор мехохем.

Миралиев Киёмиддин бехтар номзад ва яке аз кадрхои чавон ба хисоб меравад. Ба у барори кор хохонем.

дигар ягон набудми ки Рано Бобочониенро муовин монданд,

кАДРИДДИН
иН БОЗИИ ШАХМАТ АСТУ БАСССССЖ

Саид
Киро арзанда мешуморед ман хайронам, кадоме аз эшон сатхи баланди тафаккур доранд, кадоме, кадоме ва боз кадоме. Дар миёни мардум ва миёни олимон арзандагоне хастанд, ки чашмони махалгароёну кавмбозон, авлодгароёну гурухбозош онхоро намебинад. Беш аз 15 нафар танхо аз як минтакаанд, ин чи бедоди, ин чабр аст, ин хама хиофи адолат аст. Шумо мегуед ки инон чехрахои нав, кадоме аз онон чехраи наванд, кадоме, хама хама аз хамон тудаву аз хамон гурухи манфиатхо. Олимонашро мегуед, олимонашро хам медонем, ки аз интернет маводхоро чамъ карда номзаду доктор шудаанд ва барои ин корашон далелхо хам аллакай хаст ва дар мавриди зарури руй хохад зад. Хич яке аз эшон забони русиву хоричи он тараф истад забони адабии асили точики ба асолату салосаташ намедонанд. Намедонам аз чи мо мефахрем, намедонам кадом тоифаро шахсият мешуморем, намедонам!!! Ё маро зарур аст, ки дунёро дигаргуна бингарам ва ё аз ин мулк рахт барбандам, намедонам.

salim
Kadrhoi arzandaаппаратчик,

Бетараф
Хамика вохима мекнан мо ягонташа намешносем. неки хай агар рост бган хами номзадои хамаи хизбора бигиран биёран дар тв прамой бахсошона монан мардум бинан ку. Метарсан ино ай ракибошон. Агар рост бган биян да байни мардм кати Зоирову шокирчону Кабириву турачонзода мардакворин бахс кнан кани!
Хай агар натарсан акалан хами бахсои номзадора ку нишон бтиян.

Масал
Чомеа хело пеш рафтааст. Минбаъд говчуш, пахтачин ва гандумдарав факат овоз медиханд.

Дар оянда умедворем, ки вазифаи ёрдамчии Президент оид ба масалаи кадрхо шахсеро таъин менамоянд, ки дар хакикат гамхори давлат аст, на ин ки чурабози ва пулкоркунй.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)