Бахшҳо

Тасдиқи афви Холиқзода ва пушаймонияш аз барбоди 8 соли корӣ

Додгоҳи шаҳри Душанбе, имрӯз, 9-уми декабр, шикояти кассатсионӣ аз қарори афви Фирӯз Холиқзода, собиқ корманди додситонии ноҳияи Исмоили Сомониро бе ҳузури айбдоршаванда баррасӣ намуда, бетағйир гузошт.

Холиқзода моҳи сентябри соли равон Зеварбону Пирова, кӯчарӯби 53-ро дар назди меҳмонхонаи “Ҳаят Реҷенсӣ” дар хиёбони Исмоили Сомонӣ пахш намуда, ба гуфтаи шоҳидон аз ҷои ҳодиса ғайб задааст. Аммо баъдан ин ёвари 31-солаи додситони ноҳияи Исмоили Сомонӣ, писари Кароматуллоҳ Холиқов, собиқ декани факултети ҳуқуқшиносӣ тибқи қонуни нави афв озод шудааст.

Фахриддин Додометов, додраси додгоҳи Душанбе низ қарори афви Холиқзодаро бетағйир гузошта, изҳор дошт, ки наздикони кӯчарӯби марҳум ҳаққи талаби ҷуброни зарари моддию маънавиро доранд.

Мурод Мирзоев, шавҳари Зеварбону аз ин қарори додгоҳ изҳори норизоӣ кард. Ӯ мегӯяд, афви Холиқзодаро аз рӯи иттиҳоми садамаи маргбор қабул дорад, вале бо навиштани аризаи кассатсионӣ хост, Холиқзодаро аз рӯи иттиҳоми дар ҳоли хатар гузоштани инсон ба ҷавобгарӣ кашанд.

Дар мавриди талаби ҷуброни моддию маънавӣ Мурод Мирзоев изҳор дошт, ки барои талаби он ба додгоҳ муроҷиат хоҳанд кард. Ӯ афзуд, ки феълан дар мавриди ҳаҷми ҷуброн фикр накардаанд ва хулосаи дақиқе надоранд.

Оилаи ҷабрдида аз он шикоят дорад, ки Холиқзода боре ҳам аз онҳо узр нахостааст ва баъди афв аз ҳолашон хабар нагирифтааст. Мурод Мирзоев мегӯяд, зимни баррасии парванда дар додгоҳи ноҳиявӣ Холиқзода дар хитоб ба онҳо гуфт, “барои Шумо 8 соли собиқаи кориям дар мақомот барбод рафт.”

Ин дар ҳолест, ки худи Холиқзода қаблан дар суҳбати кутоҳе бо “Озодагон” сарусадо дар бораи маст буданашро рад кард ва изҳор дошт, ки аз ҷои ҳодиса низ нагурехтааст.

Ҳодисаи пахши Зеварбону Пироваи 53-сола, ки ба ҳайси кӯчаруб фаъолият дошт, субҳи 28 сентябр ҳангоми тамиз кардани роҳи назди меҳмонхонаи “Ҳаят Реҷенсӣ” дар хиёбони Исмоили Сомонӣ рух дод. Ҳамкорони Зеварбону, ки шоҳиди ҳодиса будаанд, дар суҳбат бо "Озодагон" гуфтанд, қазия соати 4:30 дақиқа рух дод: “Мошин баъди он ки Зеварро пахш кард, ҳатто суръатро паст накарда ҳамчунон ба роҳаш идома дод. Вақте ду ҳамкори дигарамон ин ҳодисаро диданд, аз тарс аз ҳуш рафтанд. Онҳоро ба Қарияи Боло бурданд” -гуфтанд тамизкорон. Наздикони Зеварбону ба “Озодагон” гуфтанд, суръати мошин ба ҳадде баланд будааст, ки ҷасади марҳумро ба қисмҳо ҷудо кардааст.
Мӯҳр
точик
Бародар Фируз Шумо фикри 8 соли кори худро карда зик шудед аммо як оиларо валангор кардед чаро зик нашудед

афсус
бояд хурсанд мешуди ки аз 8 соли куриву порахури халос шуди. Лекин афсус, ки инҳо одат кардаанд пули мардумро хурда, боз ба мардум тавхин мекунанд

Muslim
Парвардигоро ба ин ҷабрдидагон сабри ҷамил насиб гардон ва ин ҷавонро ақли расо sad recourse

.
Ин бояд аз Точикистон баромада равад.

Ана акнун рафта тичорат е ягон кори дигар бикун баъд ба кадри мехнат мераси мефахми ки дар дуне чи гап будааст

Фируз айбаст ту бояд акалан рафта аз хонаводаашон бахшиш мепурсидиву ва ягон марака мекарди холиам вакт аст.
Фируз ту худро чои хамун чабрдидада гузор ва ба худ савол те кани чи кор мекарди вайхо низ кадру киммат доранд.
Устод одами адолатпарвар буданд, руй хотири Падарат акалан рав бахшиш пурс.

чинди
инсон
лекин кати хами як салама гаранг карден хай руз дод тасодуфи буд чавобашро дар назди конун дод гарчанде авф шуда бошад э мардум фахмед охир ин чинояти касдона нест аз беэхтиети содир шудааст

rustam
Ин п хатман дар ин дунё набошад хам дар он дунё чавоб мегуяд...

Агвр хамин кор бар акс мешид кучаруб прокурорро зер мекард бовар кунед хабси абади мешуд лекин афсус ки хакикат нест иншоаллох дар ин дуне не дар киемат чавоб медихад

Таҷрибадида
Агар ба ҷои ин ягон камбағали бесоҳиб мешуд, ҳаётан авф намешуд, балки сад дар сад бераҳмона маҳкум мешуд.

хасан
салом ба хонандагон
инхел одамхои такабуру аз худо бехабарро хавола бар худо кардан даркор дар индунё аз имконот истифода бурду худашро халос кард ва боре хам аз чабрдидахо узр напурсид аммо вой бар холи киёматат!

Дарвеш
Ин шахс такабур будааст. Ин холат бар сари фирузхам меояд албата на ин холат балки дахчанд мешавад

Таасуф
афсус,
Пораро кй медиҳад? Ҷинояткор! Ҷиноят накуну пора ҳам надеҳ. Пули ҷинояткори порадеҳ ин пули тамоми мардум нест. Аз номи мардум гап назану бухли бехударо аз дилат барор! Агар вазифае медрошти, шояд аз ҳама зиёд худат пора мегирифтӣ, вазифа ки надорӣ, бахилӣ мекунӣ!

Таасуф
Хариддин,
Камсаводи иғовагар, чӣ даркор мардумро ба шӯр овардан. Бо ин қонуни авф аксарияти кулли халқи оддӣ авф шуд. Намедонӣ, гап зада худро шарманда накун.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)