Бахшҳо
14 ноя 2014 12:01Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

АКС: "Гран-при"-и Барзу Абдураззоқов аз ҷашнвораи байналмилалии Қазоқистон

Намоишномаи “Роҳи тулонӣ ба Макка”-и коргардони маъруфи тоҷик Барзу Абдураззоқов чор ҷоизаи ҷашнвораи байналмилалӣ дар Тарази Қазоқистонро ба худ ихтисос додааст.

Расми эълони ҷоизадорони нахустин ҷашнвораи байналмилалии санъати театрии ба номи Тунгушбой Ал Таразӣ, артисти халқии Қазоқистон, рӯзи гузашта, 13 ноябр баргузор шуд. Дар он театрҳои ҳафт кишвар ширкат доштанд. Созмондиҳандаҳои он ба “Озодагон” гуфтанд, Тоҷикистонро низ ба ин фестивал даъват кардаанд, аммо бо сабабҳои номаълум ҳеч театре ҳозир нашудааст. “Аз ин рӯ Барзу Абдураззоқов ҳамзамон ду кишвар-Тоҷикистон ва Қирғизистонро намояндагӣ кард”,-хабар медиҳад, бахши русии “Озодагон”.

Намоишномаи “Роҳи тӯлонӣ ба Макка”-и ӯ, ки театри ҷавонони Қирғизистон - “Учур” ба намоиш гузошт, “Гран-при”-и ҷашнвораро соҳиб шуд. Илова бар ин, намоишномаи мазкур се ҷоизаи дигар- “беҳтарин ҳайати ҳунармандон”, “беҳтарин нақши мард” ва “беҳтарин нақши зан”-ро низ ба худ ихтисос дод.

Ба иттилои манбаъ, дар доираи ҷашнвора Барзу Абдураззоқов ду “мастер класс” низ доир кард, ки аз ҷониби бинандагон хуш пазируфта шудааст. Дар поёни ҷашнвора ҷаноби Абдураззоқов барои ба саҳна гузоштани намоишномаҳо ҳашт дархост гирифта ва чанде аз онҳоро пазируфтааст. Дар суҳбат ба “Озодагон” ӯ гуфт, “ҳоло бо театри Павлодар корро оғоз мекунам, баъдан ба театри академии ба номи Авезови Алмаато хоҳам рафт”.


АКС: "Гран-при"-и Барзу Абдураззоқов аз ҷашнвораи байналмилалии Қазоқистон

АКС: "Гран-при"-и Барзу Абдураззоқов аз ҷашнвораи байналмилалии Қазоқистон

АКС: "Гран-при"-и Барзу Абдураззоқов аз ҷашнвораи байналмилалии Қазоқистон
Мӯҳр
Мехр
Ифтихори миллати Точик. Офарин Барзу ва табрикоти бепоёни ба Шумо.

Офарин, устод Барзу. Ифтихори миллатед!

Сплит
Ифтихорат точикию дору мадорат точикист,
Хайфи ин миллат чаро,ки хор хастед эй дарег!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)