ВИДЕО: Қабули қонун дар бораи гирдиҳамоӣ ва ҷонибдории Шабдолову "аммо"-и Кабирӣ
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 12 ноябр тарҳи нави қонун “Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо”-ро қабул кард. Ин тарҳи нави қонун баргузории маҷлису гирдиҳамоӣ ва роҳпаймоиҳои мусоламатомезро ба шаҳрвандони кишвар иҷоза дода, аммо ҳангоми баргузории ин чорабиниҳо маҳдудиятҳое дар ин лоиҳа пешбинӣ шудааст.
Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба тасвиби қонун "Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо" раъйи мусбат доданд. Муҳиддин Кабирӣ, райиси ҲНИТ ва вакили ин ҳизб дар парлумон зимни баррасии қонун аз он ҷонибдорӣ карда гуфт, нисбат ба тарҳи қонуни қаблӣ дақиқтар ва мушаххас мебошад. “Ҳатто ишора ба он шудааст, ки мақомоти давлатӣ бояд кумак ҳам расонанд. Нуктаи муҳимми дигар ин ки даъват ва ҳузури ташкилкунандаи гирдиҳамоӣ дар ҷаласае, ки барои баргузории он иҷоза дода мешавад, шарт гуфта шудааст ва албатта, ин дар қонуни пешин набуд". Аммо оқои Кабирӣ дар идома аз вуҷуди бархе норавшаниҳо дар бандҳои қонуни мазкур нигаронӣ кард. Ӯ изҳор дошт, “албатта хуб мешуд, масъулин дар оянда байни мафҳуми маҷлиси ҷойёфта дар ин қонун ва маҷлисҳои маъмулие, ки дар корхонаву идора ва ҷамоату деҳот мардум мегузаронанд, фарқият гузоранд. Нашавад, ки ҳангоми тадбиқи ин қонун зери мафҳуми ҷойёфта дар он ҳамагуна маҷлисҳо ба танзим дароварда шаванду ташкилкунандагони маҷлисҳои маъмулӣ 15 рӯз қабл барои ироаи дархост муваззаф карда шаванд.”
Аммо ба андешаи Назира Абдуллоева, муовини раиси Маҷлиси намояндагон дар тарҳи нави қонуни мазкур эроди Муҳиддин Кабирӣ низ ба инобат гирифта шуда, ба навъҳои мачлисҳо ишора шудааст. Ӯ афзуд, “дар моддаи 3-и қонуни мазкур гуфта шудааст, ки он ба кадом чорабиниҳо монеа эҷод намекунад, аз ҷумла ба маҷлисҳо, конфронсҳо ва гирдиҳамоиҳои колективҳои меҳнатӣ, конфронсҳои иттифоқи касаба, иттиҳодияҳои динӣ ва аҳзоби сиёсӣ, ки тибқи қонунгузории кишвар ва оиномаву низомномаи он баргузор мешавад”.
Шодӣ Шабдолов, вакили Ҳизби комунистии Тоҷикистон низ қабули ин тарҳро саривақтӣ номид. Ба гуфтаи ӯ, ин қонун дасти хориҷиҳоро барои анҷом додани ҳар гуна бетартибиҳо дар кишвар кӯтоҳ мекунад: “Дар замони шӯравӣ гирдиҳамоӣ ва митингҳо фаровон буд. Аммо ба ҷониби давлату ҷамъият ва вақте онҷо Иттиҳоди Шӯравиро барҳам доданд, мо қонуне надоштем, ки ин чизҳоро танзим кунем. Ҳар кас баромаду кӯчаҳоро пур кард ва бо дасту маблағи хориҷиҳо ҳамаро барҳам заданд. Мардуми мо тамоман намедонист, ки “коктел” чӣ аст. Дар ҳоле ки он замон бо истифода аз он бинои Кумитаи марказиро оташ заданд. Инчунин бозорҳоро, аз ҷумла тамоми мағозаҳои бозори “Баракат”-ро сӯзонданд. Аз ин рӯ, ин қонун бисёр муҳим буда, бо он дасти давлатҳои хориҷиро дар ин ҷо кутоҳ мекунем”.
Бар асоси тарҳи қонун баргузории маҷлису гирдиҳамоӣ ва роҳпаймоиҳои осоишта иҷозат дода мешавад. Ташаббускорони чунин чорабиниҳо 15 рӯз пештар бояд барои гузарондани он ба ҳукумати маҳалҳо ариза навишта, теъдоди иштирокдорон, ҳадаф ва ҷою вақти баргузорияшро дақиқ созанд. Дар лоиҳаи қонун гуфта шудааст, ки иштирокдорони ин чорабиниҳо набояд рӯйи худро пӯшонанд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |