Бахшҳо

Чӣ муҳимтар аст: Меҳмонхонаи панҷситорадор ё рушди истеҳсолот?

Атохон FАНИЕВ

Ҳафтаи гузашта вакилони парлумони Тоҷикистон меҳмонхонаи навбунёди панҷситорадори “Шератон”-ро аз пардохти андозҳо, аз қабили андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз фоида, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои мошингард, ки дар маҷмӯъ 8,8 миллион сомониро ташкил медиҳад, озод намуданд. Дар робита, ба қонун “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014” тағйирот ворид шуд.

Меҳмонхонаи панҷситорадори “Шератон”, ки ба маблағи 275 миллион сомонӣ аз ҷониби ширкати хусусии “СИ ЭЙЧЕЛ”-и Ҳиндустон бунёд ёфтааст, дорои 148 хуҷра барои меҳмонони гуногунмартаба аст. Дар маросими кушодани он Эмомалӣ Раҳмон, райиси ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок дошт.

Тавре Аъламхон Наимӣ Қодириён, муовини вазири молияи ҷумҳурӣ ба вакилони парлумон шарҳ додааст, дар соли 2014 барои бунёди меҳмонхонаи мазкур ба маблағи 37 миллион сомонӣ масолеҳи сохтмонӣ ва дигар таҷҳизот ворид шудааст. Аз ин хисоб 7,6 миллион сомонӣ - андоз аз арзиши иловашуда ва 1,2 миллион сомонӣ ҳисоби иҷрои кор ва хизматрасонии фармоишгар ва пудратчиёни асосиро ташкил кардааст.

Муҳиддин Кабирӣ, вакили парлумони Тоҷикистон ва райиси ҲНИТ аз ин қарори вакилон розӣ нест. Таҷрибаи озодкунии меҳмонхонаҳои панҷситорадор ва дигар иншооти хизматрасонӣ ва дилхушӣ, хеле вақт аст, ки амалӣ мешавад. “Ман ин масъаларо барои баррасӣ пешниҳод кардам. Вақти муҳокимаи қонун бо муовини вазири молия ва мушовири давлатӣ мубоҳиса доштам. Ҳанӯз ду сол пеш, вақти муҳокимаи чунин қонун ман масъалаеро бардоштам, ки чаро имтиёз танҳо ба чунин иншоот дода мешавад, масалан чаро на барои онҳое ки маҳсулот истеҳсол мекунанд? Он замон вазири молия ваъда дода буд, ин маротибаи охир аст ва дигар такрор нахоҳад шуд. Вале, чуноне мебинем, ин таҷриба то ҳанӯз амалӣ мешавад”,- мегӯяд ҷаноби Кабирӣ.

Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон бар ин аст, ки арзиши меҳмонхонаи мазкур хеле баланд буда, наметавонад ба зудӣ хароҷоти худро пӯшонад. Хусусан, ҳоло маълум нест, ки он кай даромаднок хоҳад шуд: “Барои ҳамин вакилон чунин тасмим гирифтаанд, то маблағгузорони воқеиро барои гузоштани маблағ ба самтҳои афзалиятноки иқтисодӣ ҷалб созанд. Аз он сабаб, ки ман имконияти шиносоӣ бо шартҳои ҳуҷҷатҳои дахлдор, ки байни ҷонибҳо имзо шудаанд, надоштам, аз тафсили бештар худдорӣ мекунам”.

Аммо номбурда зарурати муайян кардани шахсияти ҷониби Тоҷикистон дар ин лоиҳаро ба миён мегузорад: “Бояд маълум карда шавад, кӣ ӯ бо шахсони бонуфуз манфиатҳои умумӣ дорад ё на, ва танҳо пас аз он метавон дар мавриди паҳлуҳои дигари ин масъала ҳарф зад”.

Муовини райиси ҲСДТ мегӯяд, дар ҳоле ки масъалаи хеле афзалиятноктар, аз қабили додани имтиёзҳо барои рушди истеҳсолот ва тиҷорат, озод намудани истеҳсолкунандагони ватанӣ аз қисме андозҳо, аз ҷумла андоз аз арзиши иловашуда мавҷуд аст, вакилони парлумон ба рушди самти хизматрасонӣ таваҷҷуҳи бештар доранд. “Агар аз хизмати ин меҳмонхонаи панҷситорадор гуруҳи маҳдуд баҳравар шаванд, рушди тиҷорат ва истеҳсолот омили баҳрабардории мардуми зиёд хохад шуд. Ва билохира ободии кишвар низ аз рушди он вобаста мебошад”,-илова намуд Шокирҷон Ҳакимов.

Аммо ба гуфтаи бештари соҳибназарон гумон аст, ки вакилон сари ин масъала андеша кунанд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Муаллим
8,8 миллион сомонӣ =1 750 000 доллари амрикоӣ! Агар ба ҳамин пул барои нодорон ва эҳтиёҷмандон (хоса муаллимони мактабҳои миёна) дар шаҳри Душанбе хонаи истиқоматӣ сохта аз ҳисоби бует туҳфа кунанд, қариб 80 нафар соҳиби хонаҳои 2-3 ҳуҷрагӣ мешавад.

бекорхуча
ба ман фарк надорад, шакамам серай!

Комил
Ба таваҷҷуҳи Кабирӣ мерасонам, ки бунёди роҳу меҳмонхонаҳо ва иншоотҳои дуввумдараҷаву саввумдараҷа хости ҳукумати кишвар набуда, балки супориши Клуби римиҳо(сеонистҳо) мебошад, то ин ки ба чашми милати мазлум хок пошанду, дар кишвар аз бунёди корхонаҳои саноатӣ ҷилавгирӣ кунанд. Ба қавли нависандаи китоби Комитет 300 - Ҷон Калеман ба ҷони яке аз президенти солҳои 70 уми Италия (исмаш дар китоб ҳаст) яҳудҳо маҳз барои он суиқасд кардаанд, ки ӯ аз дастури онҳо сарпечӣ намуда, барои пешравии кишвараш ба сохтмони корхонаҳои саноатӣ пардохтааст ва аз бунёди меҳмонхонаҳову иншоотҳои нодаркор худдорӣ кардааст. Тавсия медиҳам, барои хубтар фаҳмидани ин масъалаи ҷидии геополитикӣ китоби Калеманро ҳатман хонед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)