Афзоиши воридоти мошинҳои чинӣ ба Тоҷикистон баъди коҳиш дар соли 2013
Мақомоти гумруки ноҳияи Шинҷони Чин мегӯянд, дар ҳашт моҳи аввали соли равон ба Тоҷикистон 2057 адад мошин содир шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 56 дарсад зиёд мебошад. Тайи соли 2013 содироти мошин аз ин кишвар ба Тоҷикистон каме беш 2 ҳазор ададро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо соли пешӣ камтар будааст.
Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон мошинҳои чинии маъруф ба "Тангем" мошинҳои боркаши гаронвазни чинӣ ва техникаи сохтмонии ин кишвар маъруф мебошад. Аммо чанд соли пеш, мошини чинии маъруф ба номи “Тангем” дар Тоҷикистон ба далели номутобиқати техникӣ барои мусофиркашонӣ мамнуъ эълон шуданд.
Дар маҷмуъ гумруки Чин таъкид мекунад, ки содироти мошин ба минтақаи Осиёи Марказӣ майли камшавӣ дорад. Ба иттилои ин ниҳод аз Чин ба Осиёи Марказӣ дар ҳашт моҳи аввали соли равон дар маҷмуъ 11 ҳазор мошин интиқол ёфтаанд, ки нисбати нишондоди соли гузашта 22 дарсад камтар мебошад. Аз ин теъдод 8 ҳазору 529 ададашро мошинҳои боркаш ва 1398 ададро мошинҳои таъиноти махсус ташил додаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |