Таҷлил аз Рӯзи забон ва 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ бо иштироки президент
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар нишасти бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва ҷашни 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ, ки имрӯз, 4 октябр дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, иброз дошт, мардуми тоҷик дар раванди ҷаҳонишавӣ бояд забону фарҳанги худро ҳамчун неъмати бузург эҳтиёт карда, онро аз таъсиру таҳдидҳои замона эмин нигоҳ дорад.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, забони тоҷикӣ баёнгари сарнавишти таърихии халқи тоҷик ва дорои пайванди устувор бо истиқлоли давлатӣ буда, дар тӯли таърих барои миллати тоҷик яке аз арсаҳои муборизаи истиқлолхоҳӣ ва ватанпарастӣ ба шумор мерафт.
Эмомалӣ Раҳмон дар баробари забони давлатӣ, омухтани забонҳои хориҷӣ, пеш аз ҳама, забонҳои русӣ ва англисиро “тақозои давру замон” номида, насли наврас ва кулли шаҳрвандонро ба омӯзиши амиқи онҳо ҳидоят кардааст.
Раҳбари давлат бо ёдоварӣ аз ҷашни солгарди бузургони илму адаб, ки тай 23 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон таҷлил гардида, қадрдонӣ шудаанд, ҷашни 600-солагии Абдураҳмони Ҷомиро низ нишона аз идома ва густариши ҳамин сиёсат хондааст. Ба қавли раисиҷумури кишвар, таҷлили чунин чорабиниҳо на танҳо мавриди муносиб барои шинохт ва таҳқиқу баррасии осори илмиву адабӣ мебошанд, балки воситаи муассири тарбия насли ҷавон ва баланд бардоштани сатҳи худшиносии миллӣ маҳсуб меёбанд.
Манбаъ мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон зимни ёдоварӣ аз осори илмию адабии Ҷомӣ, ки тибқи иттилои ҷомеашиносон ба 46 адад мерасад, ба афкори тасаввуфию ирфонӣ ва ба тариқати маъруфи Нақшбандия рӯй овардани ин бузургвор таваҷҷуҳ зоҳир намудааст: “Тариқати Нақшбандия як шохаи ороми тасаввуф буда, бо Исломи расмӣ, хусусан мазҳаби ҳанафии он мувофиқати зиёд дорад ва ба он гаравидани Абдураҳмони Ҷомӣ ҳеҷ гоҳ тасодуфӣ набуд, зеро ин вокуниши оқилонаву ошкоро ба муқобили гуруҳе аз мутаассибон буд, ки зери пардаи дини мубини Ислом аз рӯи таассуб ва ҷаҳл миёни намояндагони равияҳои гуногуни динӣ оташи низоъро доман мезаданд. Суханҳои машҳури Мавлоно Ҷомӣ дар бораи тамоман маънӣ надоштани низои шиъаву суннӣ аз ҳамин ҷо маншаъ мегиранд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |