Бахшҳо

Бародари Фаррух Урозов: Пулисҳо фарёди ҷонкоҳашро мешуниданду коре накарданд

Кумитаи байниминтақавии мубориза бо шиканҷа дар Русия дар такя ба далелҳо ва нишондоди шоҳидон мегӯяд, Фаррух Урозов, шаҳрванди Тоҷикистон дар пайи бадрафтории маъмурини пулиси шаҳри Солнечногорск фавтидааст. Ин созмон мегӯяд, бо дархости Илҳом Алихонов, бародари Фаррух ба таҳқиқи марги ӯ дар идораи пулиси Солнечногорск пардохтаанд, вале нишондодҳои то ҳозир ҷамъкардаашон аз он шаҳодат медиҳанд, ки ӯ дар пайи латукӯб мурдааст.

Кумитаи зидди шиканҷа аз қавли Илҳом Алихонов менависад, бегоҳи 17-уми сентябр вақте ӯ аз кор ба хона омад, бародараш Фаррух аллакай дар хоб буд: “Баъди 10 дақиқа ба хона маъмурини пулис ҳамроҳи ҳамсоязанамон Светлана даромада, Фаррухро бедор карданд ва зада-зада бурданд. Баъдтар фаҳмидем, ки Фаррухро дар таҷовуз ба номуси духтари 6-солаи Светлана айбдор мекунанд.”

Илҳом афзудааст, баъди чанде маъмурини пулис ӯ ва ҳамроҳаш Фирдавс Сатторовро низ ба идораи пулиси Солнечногорск бурданд: “Он ҷо Фаррухрро дар яке аз утоқҳо латукӯб мекарданд ва ӯ бо овози баланд дод мезад. Барои чанд лаҳза ҳангоми нимкушод будани дар Фаррухро дидам, ки бо дастони баста хунолуд рӯи фарш буд ва бо забони тоҷикӣ сӯи ман гуфт, ки “дигар тоқат карда наметавонам." Аз ҳама ҳайратовараш он буд, ки фарёди ҷонкоҳи Фаррухро маъмурини дигари пулис, ки аз роҳрави идора мегузаштанд, мешуниданд, аммо чорае наандешиданд.”

Илҳом Алихонов афзудааст, ки рӯзи дигар онҳоро аз идораи пулис ҷавоб доданд ва баъди чанде фаҳмиданд, ки Фаррух ба ҳалокат расидааст.
Кумитаи зидди шиканҷа мегӯяд, пеш аз интиқоли ҷасади Фаррух ба Ватан осори бадрафторӣ дар бадани ӯро акс гирифтаанд ва талош мекунанд, дастандаркорони марги ӯ муҷозот гарданд.

Ин дар ҳолест, ки Хадамоти амнияти дохилии вилояти Маскав аз боздошти се афсари шуъбаи умури дохилии ноҳияи Солнечногорск хабар дод, ки дар марги Фаррух Урозов, шаҳрванди 39-солаи Тоҷикистон муттаҳам мешаванд.

Тавре дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Русия мегӯяд, як майор, сардори шуъбаи куфтукови ҷиноии Солнечногорск ва тобеинаш капитану лейтенанти калон боздошт гардидаанд. Ба иттилои манбаъ ин афрод Фаррухро ба иттиҳоми таҷовуз ба номуси як духтар дар Солнечногорск, ки бегоҳи 17-уми сентябр рух додааст, боздошт карда, мавриди латукӯб қарор додаанд. Дар натиҷа шаҳрванди Тоҷикистон шаби 17 ба 18-уми сентябр дар роҳрави шуъбаи пулис ҷон бохта, кормандони ёрии таъҷилии тиббӣ марги ин муҳоҷирро тасдиқ кардаанд.

Дар наворҳҳои видеоӣ лаҳзаи ба шуъба овардани ин муҳоҷири тоҷик сабт шуда, сабтҳои дигар тоза карда шудаанд. Табибон мегӯянд, бинию қабурғаи Урозов шикаста, пардаи гӯшаш дарида будааст. Тибқи иттилои пешакӣ дастандаркорони ин қазия дар лаҳзаи боздошт ва латукӯби муҳоҷир дар ҳолати мастӣ қарор доштаанд.

Ҷасади Фаррух Урозов, зодаи ҷамоати Ғайрати ноҳияи Фархор, ба зодгоҳаш интиқол дода шуда, дафн гардидааст.


АКС: Дар байн Фаррух Урозов
Мӯҳр
Бовар кунед мардуми точик хар сол кариб 100 то 150 нафар анна хаминхел мемурад, анна хаминхел бо тухмат суд мешавад аммо хукумати мо парвое надоранд инхо барои аз сари кудрат нарвфтанашон ягон гап зада наметавонанд ин русияхоро

"Озодагон" конунро риоя кунед, муаллифи аксро гузоред!

.
Барои ин "шарики стратеги" кадри точик аз саги куча хам пасттар аст.

Максад
Котилонро дар Точикистони худамон чазо намедиханд, аз Руссия чи умед доира ба дасти бибикалон конун дар дасти конундорон.

росия ки коркуни рафти, халол кор кунед, наход кудакро тачовуз бикуни , охир у кудак аст ва боз дар хонаи он нону намак мехурди,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)