Бахшҳо

Боздошти се афсари “арақхӯр” барои марги Фаррух дар идораи пулис

Хадамоти амнияти дохилии вилояти Маскав аз боздошти се афсари шуъбаи умури дохилии ноҳияи Солнечногорск хабар дод, ки дар марги Фаррух Урозов, шаҳрванди 39-солаи Тоҷикистон муттаҳам мешаванд.

Тавре дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Русия мегӯяд, як майор, сардори шуъбаи куфтукови ҷиноии Солнечногорск ва тобеинаш капитану лейтенанти калон боздошт гардидаанд. Ба иттилои манбаъ ин афрод Фаррухро ба иттиҳоми таҷовуз ба номуси як духтар дар Солнечногорск, ки бегоҳи 17-уми сентябр рух додааст, боздошт карда, мавриди латукӯб қарор додаанд. Дар натиҷа шаҳрванди Тоҷикистон шаби 17 ба 18-уми сентябр дар роҳрави шуъбаи пулис ҷон бохта, кормандони ёрии таъҷилии тиббӣ марги ин муҳоҷирро тасдиқ кардаанд.

Дар наворҳҳои видеоӣ лаҳзаи ба шуъба овардани ин муҳоҷири тоҷик сабт шуда, сабтҳои дигар тоза карда шудаанд. Табибон мегӯянд, бинию қабурғаи Урозов шикаста, пардаи гӯшаш дарида будааст. Тибқи иттилои пешакӣ дастандаркорони ин қазия дар лаҳзаи боздошт ва латукӯби муҳоҷир дар ҳолати мастӣ қарор доштаанд.

Ҷасади Фаррух Урозов, зодаи ҷамоати Ғайрати ноҳияи Фархор будааст, ба зодгоҳаш интиқол дода шуда, дафн гардидааст.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
hhhhjhh
Нигарониииииииии:Ба миллати рус хушдор медихем,ба чикор карданаш диккат диханд ки ахиста-охиста кадри Русия аз дили дустони кадима коста шудаистодааст

Акинкиев
Русхо хоханд нахоханд баъди 5-10 сол барои ташкили чинояти байналмилалии катли оми точикон зери шиори вовчиккуши(хонда шавад точиккуши)бо хамтоёни болшевикии чалаточикхояшон чавоб хоханд гуфт.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)