Бахшҳо

“Ях”-и муносибати Тоҷикистону Узбакистон об мешавад?

Сипеҳри КАРОМАТУЛЛО

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли паёми табрикӣ ба муносибати рӯзи истиқлоли Узбакистон хостори ҳамкории бештар бо он кишвар шудааст. Ҷавоби Ислом Каримов чӣ хоҳад буд?


Бархе коршиносон бо ишора ба паёмҳои қаблии раҳбарони ду кишвар, ки дар рӯзҳои ид ва ё ҷашнҳои истиқлол унвонии ҳам ирсол кардаанд, мегӯянд, аз табрикоти навбатӣ ҳам намешавад, тағйироти решаиеро интизор буд. Ба гуфтаи онҳо равобити сарди ду кишвар бар асоси баҳсҳои умда, ки ҳовии манофеи ҳар ду кишвар аст, шакл гирифта ва “ях”-и ин муносибатҳо, ҳатто бо ташрифи Ислом Каримов ба Тоҷикистон наметавонад об шавад. Қарор аст, раиси ҷумҳури Узбакистон ҷиҳати иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай озими Душанбе шавад.

Саъдӣ Юсуфӣ, таҳлилгари масоили сиёсӣ мегӯяд, пеш аз сафари Ислом Каримов ба Тоҷикистон дар равобити ду кишвар тамоюли нармиш ба назар мерасад, вале умедвор будан ба тағйироти решаӣ дар муносибати ҳар ду кишвар воқеӣ ба назар намерасад. “Шахсан интизор надорам, ки дидори мазкур тағйироти решаӣ ва таҳаввули бузургу таърихириеро дар муноcисботи ду кишвар ба бор биёрад”,-меафзояд ӯ.

Соҳибназарон ба нишон надодани устуворӣ дар сиёсати хориҷӣ аз сӯйи Узбакистон зиёд ишора мекунанд. Ба қавли онҳо Тошканд даҳҳо маротиба тавонист мавқеашро нисбат ба Русия ва дигар кишварҳои абрқудрат тағйир бидиҳад. Бо ин ҳол, коршиносоне ҳастанд, ки ба тағйири муносиботи Узбакистон дар қиболи Тоҷикистон хушбинанд. Ба бовари Сафват Бурҳонов, таҳлилгари масоили минтақавӣ, дар сиёсат ҳар касе дасти аввалро дароз кард, муваффақ мешавад: “Муҳим ин аст, ки Тоҷикистон хоҳони дӯстӣ ва ҳамкорӣ мебошад ва ин хостаи давлатро раиси ҷумҳур баён кардааст”.

Ҷаноби Бурҳонов таъкид мекунад, барқарор кардани муносибати нек бо Узбакистон бурди Тоҷикистон хоҳад буд: “Бовар дорам, ки бо барқарор кардани муносибати нек бо ҳамсояҳо мо ҳама бурд мекунем, хосса дар чунин замони ҳассос. Таърих хосияти аҷиб дорад, ноҷуриҳо зуд фаромуш мешавад”.

Шодӣ Атоӣ, ходими пешбари илмии Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи илмҳои Тоҷикистон мегӯяд, ҷавоби Узбакистон ба пешниҳоди ҳамкории Тоҷикистон мусбат хоҳад буд. Ба назари ӯ, сатҳи нармиши мусонибати Узбакистон дар моҳҳои ахир гувоҳ бар ин аст, ки дар оянда муносибати ду кишвар хуб мешавад.

Муносибати Тошканду Душанбе аз чанд соли пеш ба сардӣ гаравид, ки ба гуфтаи коршиносон таъми талхи онро бештар аз ҳама Тоҷикистон “мечашад”. Узбакистон аз мухолифони сарсахти бунёди неругоҳи баркӣ-обии Роғун аст. Ҳамчунин, чандин маротиба зидди ширкати алюминиюми Турсунзода садо баланд кардааст. Узбакистон борҳо монеаи вуруди молу маҳсулот тавассути қаламраваш ба Тоҷикистон шуд, ки ба иқтисоди кишвар зиён овард. Дидори ду раҳбар дар Душанбе таъми "талх"-ро "ширин" мекунад ва "як"-и муносибатҳоро об мегардонад ё на, вақт нишон хоҳад дод.



Мӯҳр
Точикиасл
Хеч вакт "об" намешавад.. барои хамин Точикистон бояд сарватхои табииашро бар фоидаи мардум истифода кунад масалан об-ро ки дар сатхи чахон як масалаи азимест.. ва онро ба таври бояду шояд истифода кунем Худо хохад амониву осоиштагиро Худованд ато фармояд худ тагири обу хаво ва иклим бар фоидаи точикони чахон ракам хохад хурд зеро аллакай ними зиёди минтакахои Узбакистон ба шуразор табдил ёфтааст баъди 10-20 сол дар бештари минтакахои ин кишвар чои зиндаги аз байн меравад ва насиб боз назди сархади мо меоянд дар дастошон яктаги бакалашка.. Хак хамеша бар ботил пируз аст.. бояд бо точикони Афгонистон хамкорихоямонро бештар кунем зеро то Кариомв хаст ба точикони ончо мачоли дустиву барродари бо точикони дигр минтакаро намедихад.. ва аслан сари кудрат хамин тафакури узбаки бошад Узбакистону Точикистон хеч вакт нагз намешаванд.. ва точикони Узбакистон маънаван хукукашон поймол шудан мегирад то замоне ки точикони Точикистон ва Афгонистон ба кумакашон нараванд.. сар бардоранд каллашон меравад..

Мушкили асли дар робитаи ин ду кишвар ин аст ки тасмим аз Маскав гирифта мешавад...
Албатта ин фикрир шахсии ман аст. Ва ба "шарофати" тагйиротхои геополитики дар равобити Укроину Иттиходи Аврупову Русия ин нармишро дар инчо Русия рохандози карда истодааст...
Ин хамааш ба менталитети Русхо бармегардад...

Хонасуз
Ин гапат хам рост да ..

Таърих, хамаро чо ба чои худ мемона. Хар як империяхо дар гузашт ки.

Фикр намекунам, ки бо вучуди хохиши чониби Узбекистонро конеъ кардан тамоми нофахмихо аз байн мераванд. Решаи мушкилоти муносибати Точикистону Узбекистон ин пеш аз хама миллатгароии Ислом Каримов аст, на чизи дигар. Итминонам, ага шахсияти дигаре дар Тошканд бар сари кудрат мебуд, имруз муносибатхо то ин дарача сард намешуданд.

Аз ноумедихо басо умедаст,
Поёни шаби сиёх, сафед аст....
Мо, ки дасти дусти дароз кардем, иншоолох ба хайр аст.
Бахшидан, ин бузургист...
Мо бо хамсояхо дустем.......

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)