Бахшҳо

“Баҳманмоҳ”, сукути Маҳкамов, истиқлол ва даҳони бастаи рӯшанфикрон аз нигоҳи Бӯрӣ Каримов

Алишер ЗАРИФӢ

Бӯрӣ Каримов, собиқ раиси Госплани Тоҷикистони Шӯравӣ, ки номаш ба баҳманоҳи хунини соли 1990 бисёр пайванд асту баъд аз он аз мақомаш канор рафт, иллатҳои аслии сар задани ин воқеаро баён дошт.

Ӯ, ки рӯзи 22 августи соли ҷорӣ дар нишасти “Гуфтугӯи тамаддунҳо”-и Иброҳим Усмонов дар Душанбе суҳбат мекард, иллати сар задани баҳманмоҳи хунинро, пеш аз ҳама, масъалаи омадани арманиҳо донист, вале дар баробари он аз яккаҳизбӣ, сатҳи пасти зиндагӣ ва бозсозиро низ ном бурд.

“Баҳонаи аслии сар задани баҳманмоҳи хунин масъалаи арманиҳо буд. Дар воқеъ, он замон 2-3 ҳавопаймои арманиҳо вориди Тоҷикистон шуд ва гурӯҳҳое, ки баҳона мехостанд, инро дастак карда, раванди ҳаводисро тезонданд. Дар пайи заминҷунбӣ дар Арманистон на танҳо кишвари мо, балки ҷумҳуриҳои диги Шӯравӣ ба онҳо кумак карданд. Вақте дар Боку шӯре ба миён омаду миёни озарҳову арманиҳо ҷангҷол сар зад, онҳо гуреза шуданд ва мо аз рӯи рафтори тоҷиконаамон ва мусулмонии худ бояд онҳоро қабул мекардем. Аммо ин чизро баъзе аз гурӯҳҳо, ки мунтазири баҳонае буданд, дастак карда, ба раванди ҳодисаҳо таъсир гузоштанд”,-нақл кард Каримов.

“Баҳманмоҳ”, сукути Маҳкамов, истиқлол ва даҳони бастаи рӯшанфикрон аз нигоҳи Бӯрӣ КаримовБа қавли ӯ, ҳодисаи баҳманмоҳи хунин ба оғози ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, ки панҷ сол идома карда, беш аз 150 ҳазор кушта боқӣ гузошт, рабти мустақим надорад. Ҷавонтарин вазири тоҷик дар даврони Шӯравӣ ҳангоми баромадаш аз он нигаронӣ кард, ки роҳбарони замони бозсозӣ дар Тоҷикистон аз вазифаи идораи давлат набаромадаанд. Бӯрӣ Каримов ҳангоми баёни ин фикраш аз Қаҳҳор Маҳкамов, Иззатулло Ҳаёев ва Паллаев ном гирифт: “Дар замони бозсозӣ, Қаҳҳор Маҳкамове, ки мегӯед, Маҳкамов набуд, балки як сустниҳод буд. Иззатулло Ҳаёеве, ки мегӯем, беиззат шуд. Паллаеве, ки мегӯем дар палла ҳеч чиз намонд. Паллаев мардумро даъват мекард, ки ба митинг биёед, ман ин корро намекардам. Агар инҳо идора карда метавонистанд, албатта, моро ба имрӯз намерасонданд. Бадбахтии бузург ин буд, ки миёни се раҳбари онвақтаи мо якдигарфаҳмӣ набуд”.

Бӯрӣ Каримов дар идомаи суханаш қайд кард, яроқ нахуст аз тарафи бинои ҳукумати марказӣ, аз ҷониби давлатдорон, истифода шудааст, на аз тарафи кадом як “рекет”: “Ин дурӯғи маҳз аст, ки мегӯянд яроқро рекетҳо пайдо карданд. Аввалин шуда, аз бинои баландошёна оташ кушода шуд, ки як зан хуншор гардид. Баъдан “Алфа”-ву “бета”-ву “гамма” омаданд. Қаҳҳор Маҳкамов, Иззатулло Ҳаёев тамоман пажмурда буданд, сигарет кашида-кашида ҷон медиҳаму вазифаро аз даст намедиҳам гуфта. Ахиран Иззатулло Ҳаёев имзо кард. Ҳама метарсиданд. Баъде, ки “Алфа” омаду танкаву зиреҳпӯш зиёд шуд, баъд онҳо ҷон гирифтанду пленум гузаронданд. Ман баъзан дилам ба Қаҳҳор Мақкамов месӯзад. На барои он ки сустниҳод аст, балки ҳақиқатро намегӯяд. Ҳақиқатро бояд гӯяд, бояд гӯяд, ки агар ман фармон ҳам надодам, хомӯш будам. Хомӯш будан аломати ризоят аст. Ҳамин тавр яроқ бо хомӯшии роҳбарони мо истифода шуда буд он замон”.

Раҳбари собиқ Госплан ба масъалаи ба даст овардани истиқлоли Тоҷикистон дахл намуда, гуфт, “истиқлолият барои миллати тоҷик ҳадя нашуда, балки ба хун омадааст”. Бӯрӣ Каримов зимни ин нишаст бо пешниҳоди чанд ҳуҷҷате гуфт, аслан дар ин воқеот ӯ гунозҳе надорад, балки гуноҳро ба сараш бор кардаанд: “Виҷдон барои он азобам намедиҳад, ки ягон кори баде нисбат ба миллат кардаам. Барои он азоб медиҳад, ки ҳоло гунаҳкорони асосии ҳодисаи баҳманмоҳи хунин як ба як муайян нашудаанд, то ҳол пинҳон мондаанд”.

Оқои Каримов дар посух ба ин суол, ки чаро рӯшанфикрони солҳои 1990 ошкорбаён буданду аз фисқу фасод ҳарф мезаданд, вале имрӯз хомӯшанд, гуфт: “Сабаб ин аст, ки одамон фикр мекунанд, ҳамон рӯзҳои пеш мабодо боз ба сари мо бор нашавад. Дуюм, ҳамон тарсу ваҳм дар тамоми хуну раги мо ҷойгир шудааст. Бино бар ин, он ошкорбаёние, ки солҳои 1990 буд, имрӯз дар кишвари мо нест ва барои ин солҳои зиёд лозим аст”.

Номбурда илова кард, “ошкорбаёниву ҳақиқатгӯӣ бояд бошад, вале аксари онҳое, ки суханашонро гуфта метавонистанд, ҳоло дар берунанд ва онҳое, ки ин ҷо ҳастанд хомӯшӣ ихтиёр кардаанд. Ҳайф аст, ки инсонҳои ошкорбаён феълан дар Тоҷикистон ангуштуморанд”.


Бӯрӣ Каримови 57-сола, ки ҳоло роҳбари котиботи Шӯрои байниҳукуматии роҳсозони кишварҳои узви ИДМ (СНГ) аст, воқеаи баҳманмоҳи хунин ва ҷанги дохилии Тоҷикистонро дар ду китобаш – “Қурбонии дузахма” ва “Фарёди солҳо” бо бурҳону далел ва аксҳо ба чоп расондааст. Ӯ баъд аз баҳманмоҳи хунин кишварро тарк карда, то кунун дар Маскав кору зиндагӣ мекунад. Оқои Каримов соли 1997/98 аз сӯи бунёди байналмилалии “Ҳолнома” (Бритиноиё) одами сол эълон шуда буд. Охирин китоби ӯ бо номи “Тоҷикистон: дурнамои рушд” чоп шудааст, ки роҳҳои аз буҳрон баромадани кишварро нишон медиҳанд. Қаблан чанд китоби шеъри ӯ низ ба табъ расида буданд, ки дар он ҷо тахаллуси Бӯрӣ Каримов “Хокироҳ” нишон дода шудааст.
Мӯҳр
Афанди
“Гуфтугуи тамаддунҳо”-и Иброҳим Усмонов ба номаш мувофикат накардесаи. Дар ин махфил бояд Русхо, Туркхо, Аврупоихо ва г.р. даъват шаванд. Ба фикрам ин профессор сиёсатмадор нест. Ягон хофизаи ё шоир.

Абдуллоҳ
ҳақиқатро гуфтед устоди азиз. бояд маҳкамов ҳақиқатро гуяд! маҳкамов дар барномаи гузашта бо фармон омада буд бо супориш гап зад шармандаи таёр

Ин хомон бури нест ки гиря Карда илтимос Карда буд ки коммунистхо уро бахшанд ва аз гунохаш гузаранд.

Агар гунахкор намебуди чаро якум шуда думро хода карди. Ту яке аз косалесони Махкамов буди ва имруз хуб медони ки дигар аз дасти Махкамов коре намеояд ин суханонро мегуи. Холати имрузаи Точикистон аз давраи рохбарии Махкамов бадтар шудааст вале чаро нисбати камбудихои огои Рахмон чизе намегуи, Барои он ки агар гуи дар пусти пажмурдашудаат Рахмон кохи пусида чой мекунад. Хуб дарк кардаи ки Рахмон ин Махкамов нест, ки андеша кунад. Ба гайр аз ин ту барин палидхо дигар дар Точикистон лозим нестед ва мисли хасу пору хам кадр надоред

бобо
Хар руз зи худат бипурс, ки чи кори хубе ба мардум карди! Окои Каримуф, дар 22-25 соли ахир чи кори хубе, ба мардуми точик карда бошад. Хохиш дорам, нагуед, ки шанс надошт
Дар ин доира вазифадорони гузаштаю хозира хам дар назар хастанд. Дар Точикистон то хол касеро намедонам/нашунидаам, ки вазифаро барои ба ватану мардум хизмат кардан гирифта бошад. Агар касеро донед (дар Точикистон) бинависед.

1324765798
Гапш дар занш намегзара бо ин гапзан шидай

Каблан барои огоз бахшидан ба ифшо намудани ин ходисахо миннатдорам. Баъдан Аз Шумо хохиш, Шумо намуна шавед дар фош кардани ходисахои зикргардида. Ва дигар нукта ин ,ки мегед ходисахои соли1990 ба ходисахои солхои 1992 рабте надоранд,яъне шумо аник медонед инро. Баён кунед! Мо бовар кунем,ки то кадом дарача Шумо Хакикатгуй хастед ва ба Шумо бовар кардан мумкин аст ё не. Ташакур.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)