Лавров дар бораи муҳоҷирон, русӣ, 201 ва мавқеи ягонаи Душанбеву Маскав дар масъалаи Украина
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, дар пайи гуфтушунид бо ҳамтои русаш Сергей Лавров изҳор дошт, ки дар ин мулоқот бештар баҳси мушкилоти тоҷикон дар Русияро баррасӣ кардаанд. Аслов гуфт, феълан тамоми тавофуқоти қаблан ҳосилшудаи Душанбею Маскав мавриди амал қарор доранд ва зарур хонд, ки талоши ҷонибҳо барои ҳалли мушкилоти муҳоҷирони корӣ ва донишҷӯён бештар гардад.
Лавров низ дар навбати худ аз Тоҷикистон шарики стратегии Русия ном бурда, ба мақомоти тоҷик барои дарки иқдоми ҳукумати кишвараш зимни танзими муҳоҷирати меҳнатӣ изҳори миннатдорӣ намуд: “Чораҳои Русия барои танзими муҳоҷирати меҳнатӣ ҳарчанд пайомадҳои дардовар доранд, дар маҷмуъ, ба манфиати муҳоҷиронеянд, ки мехоҳанд, ошкор, шаффоф ва қонунӣ кор кунанд.” Вазири умури хориҷии Русия таъкид намуд, дар умури муҳоҷират таҳияи санадҳои дутарафаро идома хоҳанд дод: “Мо муҳим будани масъалаи муҳоҷирати меҳнатиро барои Тоҷикистон дарк мекунем. Танҳо соли гузашта муҳоҷирон ҳудуди 4 миллиард доллари амрикоиро ба Тоҷикистон интиқол додаанд.”
Лавров дар идома гуфт, Русия бо 1 миллиарду 600 миллион доллар ба калонтарин сармоягузори мустақим дар Тоҷикистон мубаддал шудааст, ки 40 дарсади сармоягузориҳо дар Тоҷикистонро фаро мегирад. Ӯ афзуд, Русия барои муҷаҳҳаз кардани нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, аз ҷумла марзбонон дар сарҳад бо Афғонистон кумаки техникӣ хоҳад кард: “Мо аз таваҷҷуҳи рӯзафзуни Тоҷикистон ба омӯзиши забони русӣ истиқбол намуда, талош мекунем, барои ин кор тамоми шароитро фароҳам орем.”
Дар ниҳоят Лавров таъкид сохт, наметавонист дар мулоқот бо ҳамтои тоҷикаш масъалаи Украинаро сарфи назар кунад: “Мо ҳамчунин дар бораи даргирии мусаллаҳонаи Украина суҳбат доштем ва мо ба ин мавқеи ягонаем, ки хунрезӣ фавран қатъ гардаду ҷонибҳо сари мизи гуфтушунид нишаста, як қарори қобили қабул барои ҳамаи мардум ва манотиқи Украина қабул кунанд.”
Сафари Лавров дар доираи ҳамоиши вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ё ШОС сурат гирифта, дар назар аст, 31 июл ҳам идома хоҳад кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |