Баҳси Зоҳидӣ бо дипломатҳои аврупоӣ дар бораи об
Низомиддин Зоҳидӣ, муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар мавриди масоили марбут ба об бо роҳбарони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои Аврупо дар Душанбе мулоқот кардааст.
Ба иттилои ВУХ-и кишвар, ин мулоқоти Зоҳидӣ бо дипломатҳои аврупоӣ рӯзи 24 июл дар шаҳри Душанбе баргузор шудааст. Дар ин дидор аз ҷониби намояндагиҳои Аврупо Эдуард Ауэр - сафири Иттиҳоди Аврупо, Дидйе Леруа - сафири Фаронса, Ҳолгер Грэн -сафири Олмон ва Ричард Вуд - муовини сафири Британияи Кабир иштирок доштаанд.
Инчунин дар вохӯрии муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо дипломатҳои аврупоӣ Султон Раҳимов, муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои оби кишвар ҳузур дошта, дар он тарафҳо дар мавриди ташаббуси Иттиҳоди Аврупо оид дипломатияи обу пайравии он ва Конвенсияҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба обро баҳс кашидаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |