Бӯйи бади партовҳо дар Душанбе: Айби сокинон ё мақомот? (АКС)
Маҳастии ДӯстмуродДар ин рӯзҳои гарми тобистон бӯи бад ва тӯдаи партовҳо дар назди бинову сари кӯчаҳои Душанбе сокинонро дилгир кардааст. Агар дар гузашта барои ин кор танҳо аз мақомот интиқод мешуд, ки дар ҳалли ин масъала нотавонанд, аммо бо худи сокинони пойтахт чӣ шудааст?
Малика, як сокини шаҳри Душанбе, мегӯяд, пеш аз ҳама, мақомот талош кунанд, ки дар ин рӯзҳои гармӣ партовҳоро зуд-зуд бигиранд. “Ба андешаи ман, бояд дар назди партовгоҳҳо камераи назоратӣ гузошта шавад, то бубинанд, дар кадом вақт партовҳоро мегиранд ва худи сокинон ҳам ба чӣ шева партовҳояшонро ба қуттӣ мерезанд ё дар наздикиҳои он мегузоранд”,-мегӯяд Малика.
Як омӯзгори мактаби миёнаи пойтахт, ки нахост номаш ифшо шавад, гуфт, «ин мардум, ба қавли устод Айнӣ, «дохунда» мебошанд. Баъзе аз ин «дохундаҳо» дар ҷомеа ҷои худро пайдо карда ва ба маданияти шаҳрнишинӣ мутобиқ шудаанд, аммо дигарон то ҳол фикр мекунанд на ба шаҳр, балки ба қишлоқи калон омадаанду одоби шаҳрнишиниро қабул накардаанд. Дар деҳаҳо, деҳотиҳо аз сокинони пойтахт тозатаранд». Мусоҳиби мо афзуд, чанд бор бо ҳамсояаш дар мавриди дуруст партофтани партовҳо дар партовгоҳҳо сӯҳбат кардааст, аммо ҳамааш бидуни таъсир: “Баъзеаш шавҳарашро ба сари ман оварда буд, ки чаро ба ӯ кордор мешавам?”
Ин дар ҳолест, ки муссисаи давлатии обуҳавошиносӣ хабар дода буд, ки ҳамин рӯзҳо дар Тоҷикистон ҳаво наздики 50 дараҷа гарм мешавад. Дар ин гармӣ партовгоҳҳо пур ҳастанду бӯи бади онҳо атрофро фаро гирифтааст ва роҳгузарону сокинони биноҳои наздик ба онро нороҳат мекунад.
Сокини шаҳр Раъно Гулова, ки дар бинои баландошёна зиндагӣ мекунад, мегӯяд, партовҳои хонаҳои баландошёна дар як ҳафта як бор тоза мешавад: «Дар як моҳ сӣ сомонӣ аз мо талаб мекунанд. Дар ин гармӣ ҳар бегоҳ баъди рӯзакушоӣ ҳама боқимондаи тарбузу харбуз мепартоянд, ки дар ним соат зери офтоб бӯяш ҳамаро фаро гирифта, дар хонаю берун нафас кашида намешавад.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |