Бахшҳо
18 июл 2014 09:15Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Генерал Раҳимзода: "Фоҳишаҳо дар мақомот ҳомӣ доранд" (ВИДЕО)

Масъулони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 593 ҷинояти вобаста ба танфурӯшӣ, даллагӣ ва истисмори шаҳвониро ошкор кардаанд. Бар асоси иттилои Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилӣ, дар ин муддат 1 ҳазору 777 фоҳиша дар Тоҷикистон сабт шудааст, ки 30 нафари онҳо ноболиғ будаанд. Манбаъ афзуд, теъдоди даллолону “соҳибон”-и фоҳишахона аз ин ҳам зиёдтар буда, 2 ҳазору 502 нафарро ташкил додааст.

Ин дар ҳолест, ки ба иттилои вазир бархе аз фоҳишаҳо дар ниҳодҳои қудратӣ, аз ҷумла Вазорати умури дохилии Тоҷикистон пуштибонҳо доштаанд. Ба иттилои ӯ, тайи шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 4 корманди пулис барои ҳимоят аз фоҳишаҳо аз кор озод ва 3 нафари дигар огоҳӣ гирифтаанд.

Вазир бо зикри пешбинӣ шудани ҷарима барои фоҳишагӣ дар Тоҷикистон таъкид намуд, ки ният доранд, барои фоҳишаҳо аз 15 то 30 рӯзи ҳабсро таъин намоянд. Ин меъёр, ба гуфтаи ӯ, дар бисёре аз давлатҳои дунё роиҷ аст.

Вазири умури дохилӣ, инчунин, аз афзоиши ҳамҷинсгароӣ миёни занон дар кишвар хабар дод. Ӯ гуфт, “аз 259 ҳамҷинсгарое, ки тайи шаш моҳи аввали соли равон сабт шуданд, 49 нафарашон занон мебошанд.” Масъулони Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, ҳамчунин 157 нафарро ба қайд гирифтаанд, ки ба интиқоли духтарон ба хориҷи кишвар бо ҳадафи истисмори шаҳвонӣ машғул будаанд.


Видеои суҳбати Раҳимзода дар бораи фоҳиша ва ҳамҷинсгароён
Мӯҳр
Ахсан ба кормандони ВКД, решаи ин фохишахоро оташзадан лозим

Ҳамшаҳр
Офарин вазир! Ин кор аст.
Вале радио ва телевизион чаро нишонашон намедиҳад? Ё ин корҳо маҳрамона аст ва барои шаъни шаҳрвандон лоиқ намебошад, ки дар телевизиёну радио ва газетҳо ошкорашон кунанд, то мардум дида барҳазар шаванд?
Агар чунин бошад ин наҳзатиҳоро чаро бароварда нишон медиҳед, ё инҳоро мумкин аст? Зеро инҳо шояд шаъну шарафашон аз он фоҳишаҳо фарқ мекарда бошад? Ё мушкили дар шаъну шарафи коргардони ҳамон филмҳо ва кумитаи телевизион аст?
Муайян мекардед, зеро камтар ҳамиҷо нофаҳми шудааст, барои баъзеҳо мумкин барои баъзеҳо не.
Офарин вазир. Ватан бо ин гуна кор обод мешавад.

Агар тамоми фазоратхо 50% мухтарам Рамазон кор кунан иншааллох ки дар панч сол яке аз давлатхои пешрафта мешем

Дилёб
Бори нахуст аст, ки ба як икдоми макомот мувофик меоям. Агар чунин амалхо дар макомот бештар гардар шояд эхтироми банда низ нисбат ба макомот афзунтар шавад. Дар холе ки дар дигар кишвархо нуфузу эътибори артишу полис хеле зиёд аст ва мардум эшонро хамчун химоятгар аз шаъну шараф, бенизоми ва бетартибхо бенихоят эхтиром мекунанд. Бас хам будагист то ба кай дар симои номбурдахо душман ва як нафар горатгаро бинем.

.
Мухтарам вазир,

15-30 руз хабс ин хеч чиз аст. Бояд фохишахоро сарашонро бо тег тарошанд. Бо зани кал касе муносибати шахвони кардан намехохад. Бо хамин фохишаги решакан хохад шуд.

а-а
Ҳамшаҳр, муллою домуллоро бо фоишахо баробар мебини магар.

Танфуруши буд хаст ва мемонад якгон давлатхо ин касбро решакан карда наметавонад. Худнамоиш барои чи? ва барои ки?

ин занону духтаронро чи мачбур кардааст ки ба ин рох рафтаанд.Инхо одаманд, онхоро бояд аввал дарсхои фахмондадихи ва ба кор таъмин кардан лозим аст то ба ин ифлоси нараванд. ягон касб омузонанд аз хисоби давлат .,барои он ки аз ночори ба ин рох мераванд.худашонро хайф мекунанд. бо хабс кардан ислох намешаванд ин як проблема аст, ки кумитаи занони точикистон рохи халлашро ебад. Кумитахои занон вучуд дорад маошро мехуранд каттагихояшонро намегуед аз хадд зиед. О каллапучхо як бор майнаашонро об карда ин проблемаро хал кунанд намешавадми.

муллохои бефаросатро дар хамачо реклама мекунед.аммо ин пулиси сутенер ва дигар хомиени ин фохишахоро чаро нишон намедихед ки бубинем онхоро?

Ба Юрист
Аввал ин ки ин давлати дунявӣ аст ва касе ин корҳоро таъқиб мекунад, худаш хилофи давлати дуняфӣ кор кардааст.
Дувум он зане, ки бо ин мулло ин корро кардааст ихтиёран мераванд, паноҳ аз шавҳаронашон агар шавҳар дошта бошанд.
Сеюм аз тарафи зан барои то ин ҳол расидан он мард чандин бор ташвиқ мешавад, ки ин худ далолат мекунад, ки зан ӯро ба ин гуноҳ маҷбур кардааст ё гумроҳ кардааст, пас зан бояд ҷазо дода шавад, на марди фиребхурда.
Дар умум аз рӯи кодекси ҷинояти гунаҳкор зан аст ва ҳамон касе, ки занро барои ин наворро гирифтан омода мекунад.
Масъалаи муллоро ба ҷавобгарӣ кашидан дар ин масъалаҳо ин давлати исломӣ нест, ки ба ҷавобгарӣ кашида шавад.

Як бегох аз кор баромадам, мошини милиса дар пешам истод. Милисаи солхурдае аз дохил баромада бо сиесат тарафам ишора кард, ки наздик шавам. Ба ман гуфт, ки чаро дар новакти мегарди, шароит хуб нест, мн хам тарафи Ваданасос мерам, бие ки туро ба хонатон расонам. Ман дар пушти мошини милиса шиштам, он вакт хаждахсола будам. Милисаи пираки, oнгах авзояш ба кулли тагйир кард, пешниход е фармони дигараш ин буд: як шамранскийву як шокалад мехарему ба боги ботаники мерем. Ман гуфтам, ки у галат мекунад, кори ман новакт тамом мешавад, хар руз хамон вакт ба хона меравам, касе ба ман коре надорад. Милиса ба хашм омад, холо рафта тура ва кайди фохишахо мемонем, исбот надори, касе гапи маро монда гапи тура гуш намекунад, баъд падару модаратро хоста туро барояшон месупорем, мошинро давр доду ба тарафи отдел харакат кард. Ман мунтазири чорроха шудам, вакте ки суръат заиф шур, дарро кушода аз мошин худро партофтам, баъд хеста гурехтам. Дар наздики бинохои чорошена буданд, дар зери зинаи якашон худамро пинхон кардам, милиса то дер маро мекофт, рушании мошинаш маълум мешуд. Дигар чорае андешида натавонистам, дар пешиназарам падару модар ва хешу табори шармидаам меомад. вокеаро фаромуш кардан хостам ва кардам. Имруз пушаймонам, бояд мубориза мебурдам.....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)